САҲМИ ҶАВОНОН БА ЛОИҲАИ «МАКОНИ САБЗ»

Бинобар лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки бо ташаббуси Президенти мамлакат таҳия гаштааст, дар шаҳри Бухоро низ ҷараёни ниҳолшинонӣ бо назардошти иқлими ҳудуд торафт вусъат меёбад.

Дар тамоми маҳаллаҳо, гирду атрофи роҳҳо, ҳавлии корхонаю ташкилот, муассисаҳо дар доираи «Чил рӯзи зарбдор» маъракаи ниҳолшинонӣ муташаккилона гузаронида мешавад. Ҷавонон дар ин бобат фаъоланд. 27 октябр бо ташаббуси шӯъбаи шаҳрии  Агентии корҳои ҷавонон боғи Маркази мадании «Бухорои кӯҳна ва ҳамеша боқӣ» аксияи ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Дар ин тадбир масъулони ҳокимияти шаҳри Бухоро, ҷавонони фаъол ва шӯъбаи шаҳрии агентӣ иштирок карданд. Дар доираи аксия онҳо зиёда аз 300 беҳ ниҳоли манзаравӣ шинонданд. Мақсад сабзу хуррамгардонии табиати гирду атроф, ҳифзи тозагии обу ҳаво ва мӯътадилии иқлим, саҳмгузорӣ ба афзоиши маҳсулоти боғу чорбоғ аст.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: