ХИДМАТҲОИ КОММУНАЛӢ МУВОФИҚИ ТАБЪ

Навъҳои зиёди хидматрасонӣ мавҷуд, вале дар ин миён хидматрасонии коммуналӣ аз ҳама муҳимтар ба назар менамояд.

Аз он шахсони алоҳида не, кулли аҳолӣ истифода мебарад. Бинобар ҳамин ҳам давлат ҳамеша нисбати ин соҳа ғамхорӣ зоҳир мекунад. Эътибор ба хидмати коммуналӣ бошад, то андозае ба беҳбудии дараҷаи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Хусусан аҳолии шаҳр ва шаҳракҳо, онҳое, ки дар манзилҳои бисёрошёна зиндагӣ мекунанд, ба хидматрасонии коммуналӣ бештар ниёз доранд. 
Масалан, вақте об наомада монд, ба ҳоли ногувор афтода мондани аҳли хонадонро тасаввур кардан душвор нест.
Ташкилоти асосие, ки  таъмини хонадонҳои пойтахтро бо оби ошониданӣ таҳти назорат қарор додааст «Таъминоти оби шаҳри Тошканд» унвон дошта, дар ҳама ноҳияҳои ҷумҳуриамон шуъбаҳои худро дорад. Ин ташкилотро «Сувсоз» ё худ «Водоканал» низ меноманд.
Боз як идора ҳаст дар пойтахт – «Иссиқсувтаъминот». Вазифаи он низ маълум: бетанаффус таъмин кардани хонадонҳо ба оби гарм.
Вазифае, ки ба зиммаи таъмингарони об бор аст, хеле вазнин. Чӣ будани канализатсияро хуб медонем, қубурҳо асосан дар ҷойи ба чашм нонамо ҷойгиранд (таҳи хок гӯр карда шудаанд), вақти шикоф шудан, кафидану корношоям шудани ягон ҷойи қубур ҳамон қисмати носозро ёфтан худ машаққатест.
Тавре ба назар мерасад коргарону хидматчиёни идораи «Сувсоз» ва таъминоти оби гарм ором надоранд, вақте ба кӯча баромадед, дар даромадгоҳи манзилҳои бисёрошёна ба коре андармонии онҳоро мебинед.
Ду-се сол инҷониб системаи гармигузаронӣ дар пойтахт ба маъние «мавсимист», яъне аз охири тирамоҳ то аввалбаҳор (наздик панҷ моҳ) давраи басо сермасъулият ба ходимони ин соҳа аст. Аҳолӣ низ мисли пештара барои ҳама моҳҳои сол не, ба моҳҳое, ки ба гармӣ ниёз дорад, ҳақ мепардозад. Кори ходимони системаи гармигузаронӣ бошад, тамоми сол бетанаффус давом мекунад. Вазифаи асосии онҳо дар мавсими гармо – таъмири қубур.
Масъулони таъминоти оби нӯшокӣ, оби гарм ва системаи гармигузаронӣ ҳамеша ҳаракат мекунанд хидматрасониро ба дараҷаи хуб бардоранд, аҳолиро норозӣ накунанд. Вале ҳама вақт ҳам кор ва хидматрасонӣ дар ин самт сифатнок аст?
Истеъмолгарон аз хидматҳое, ки расонда мешаванд, ҳамеша мамнунанд?
На дар ҳама мавзеъҳои пойтахт, мутаассифона, вазъият хуб ва аз амалҳое, ки ба иҷро мерасанд, аҳолӣ қаноатбахш. 
Боре дар назди яке аз маҳаллаҳои мавзеи сенздаҳуми ноҳияи Юнусобод шоҳиди суҳбате шудам. Намояндаи кадоме аз идораҳо аз сокинони куҳансол пурсид, ки дар таъминоти оби гарм муаммо ҳаст? Бале, гуфтанд бошандагон дар ҷавоб, вақте субҳи барвақт ҷумаки оби гармро кушодем, аввал оби сард, баъди чанде оби нимгарм мебарояд, барои он ки бо оби гарм дасту рӯ шӯем, лозим меояд чанд дақиқа омадани оби гармро интизор шавем, ҳалқаи ҳисобкунак чарх мезанад (пул менависад), об исроф мешавад. Фаҳмо, гуфт намоянда, шикоятро ба дафтари худ қайд карда.
Мушкилотро дар ҷои худ санҷидан кори хуб, албатта. Хубтар мешавад агар он ҳаллу фасл ёбад.
Мутаассифона, баъди он ҳолат низ вазъият тағйир наёфт. Ҳатто бадтар шуд. Нафақат субҳидам, дар вақтҳои дигар низ агар ба оби гарм ниёз дорем, лозим меомад ҷумакро кушода монем. Ногуворӣ, яъне дар вақташ наомадани оби гарм ҳанӯз давом дорад. Аҷибаш боз он ки гоҳ аз ҷумаки оби гарм оби сард меояд, аз ҷумаки оби сард – оби гарм...
Тақрибан бист соли охир дар давоми сол панҷ рӯз (аз душанбе то шанбе) қубур ва дигар васоити техникии оби гарм таъмир карда мешуд, дар давоми ин рӯзҳо оби гарм намеомад ва мо, сокинон, ба ин одат карда будем. Вале дар ду-се соли охир ин вазъ, ё худ «график» тағйир ёфт. Панҷрӯзаи таъмир соле як маротиба не, чанд маротиба ба амал мебаромадагӣ шуд. Имрӯзҳо мутасаддиёни соҳа дар вақте ки хостанд, оби гармро қатъ мекунанд. Баҳона – корҳои таъмирӣ. 
Корбарии «Ӯзбекэнерго» дар таъминоти қувваҳои барқ чӣ тарз? Чаро вақтҳои охир чароғҳои электрикии як қатор ноҳияҳои пойтахт зуд-зуд хомӯш мешаванд? Ҳамаамон шоҳид ба он ки дар моҳи январи соли равон ҳарорати ҳаво нисбат ба меъёр хеле сард шуда, дар натиҷа афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт дар мамлакатамон ба неруи барқ дар реҷаи кори низоми энергетикӣ мушкилот пеш овард. Якчанд трансформатор дар пойтахт ба сардии сахт ва зиёд шудани сарборӣ тоб оварда натавонистан, таркишу аварияҳо рӯй доданд. Мушкилот аз ҷониби мутахассисҳо омӯхта ва мутасаддиён вазифадор карда шуданд, ки минбаъд, сарфи назар аз инҷиқиҳои обу ҳаво, барои роҳ нагузоштан ба ин гуна ҳолатҳо чораҳои қатъӣ андешанд. Вале чунин вазъияти ногувор дар гармои тобистон дар якчанд ноҳияи пойтахт аз нав такрор ёфт. Акнун гармии тоқатфарсо сарбории шабакаҳои барқиву трансформаторҳо гардид. Рӯй додани аварияҳо ба соатҳои дароз қатъёбии барқ сабаб гашт. Чанд сол пеш хомӯшшавии барқ ҳодисаи ногаҳонӣ ҳисоб ёбад, ҳоло дар як қатор мавзеъҳо он мисле воқеаи муқаррарӣ шуда монд.
Бе барқ кор накарда мондани телевизор, компютер ва дигар асбобу техникаи маишӣ, дар торикӣ мондани одамон – дарди бахайр, вале яхдонҳо чӣ мешаванд? Озуқавории дохили он дар гармои тобистон...
Баъзан қатъ ёфтани гази табиӣ бинобар авария, ки ба рӯй доданашон, албатта, фориғболиҳо сабаби асосианд, боиси ташвиш ва нигаронии бештар аст. Дуди газ ба чӣ қадар фалокату ҳалокатҳо сабаб мешавад, ба ҳамаамон маълум. 
Пештар вақте бо сабаби тавлиди зарурат об, газ ё чароғ қатъ гардад,  пешакӣ истеъмолгарон огоҳ карда мешуданд.
Ҳоло қаблан хабардорсозӣ ё узрпурсӣ аз аҳолӣ қариб мушоҳида нашуда, «хомӯшшавӣ» ё қатъёбиҳо ба эътирози барҳақи аҳолӣ сабаб мешавад. 
Яке аз муаммоҳо дар хидмати коммуналӣ – аз ҷониби истеъмолгар дар вақташ пардохта нашудани ҳақи газ, чароғ, об, партов ва амсоли онҳост. Афзудани қарз бошад ба тавлиди мушкилоти нав боис мегардад. 
Шаш-ҳафт сол пештар ба идораи гармигузаронию таъмини оби гарми ноҳияи Юнусобод ворид шуда, дар як тарафи толори васеъ асбобу анҷомҳои ба аҳолӣ дахлдорро дида метавонистем, ки аз манзили қарздорҳо зӯран оварда шудаанд. Хайрият ин ҳолат барҳам хӯрд. Истеъмолгар низ шояд ин вақтҳо барои дар вақташ пардохтани қарз ҳаракат мекунад. Бо вуҷуди ин панҷ панҷа баробар нест – гоҳо мешавад аз ноилоҷӣ истеъмолгар ҳақи хидмати коммуналиро пардохта наметавонад. Чӣ мешавад дар ин гуна ҳолат? 
Ҳамсояам – пиразани бесаробон, ногиро, ба кӯча баромада наметавонад. Бегоҳирӯзие «домком» дари хонаашро мекӯфт. Аз дарун, ки садо нест, дилтанг мешуд. Ба ман шикоятомез даҳон кушод, ки кампир аз «ЖЭК» қарздор, ширкат ба суд муроҷиат кардааст, аз суд хабарнома омад, диҳам гӯям дарро намекушояд. Гуфтам: «Наход бе суд илоҷи ҳалли муаммо нест. Охир аҳволи кампирак маълум!» 
Хайр, ман чӣ кор кунам, даҳон кушод «домком», чӣ ҳам меомад аз дастам?
Маълум, ки бошандагони хонаҳои бисёрошёна ҳар моҳ барои манзили истиқоматиашон ба ширкати мулкдорони хонаву ҷой ҳақ месупоранд. Умуман, вазифаи ширкат аз чӣ иборат аст? Маблағе, ки аз аҳолӣ ҷамъ шудааст, ба куҷо ва чӣ сарф карда мешаванд?
Мегӯянд ҳолатҳои тороҷ шудани маблағ аз ҷониби ширкатҳои хонаву ҷой на як бору ду бор рӯй додааст. Чунончи, назар ба маълумотҳо, ширкатҳои мулкдорони хонаву ҷойи шаҳри Тошканд соли гузашта ба андозаи 3,5 миллиард сӯм ба қонуншикании молиявӣ роҳ додаанд.
Аз ҷумла, қонуншиканӣ ё худ тороҷ аз ноҳияи Юнусобод – 409,9 миллион сӯм. Қонунвайронкуниҳое, ки аниқ шудаанд, ба изофанависӣ ба ҳаҷми корҳои таъмирӣ, бемақсад кор фармудани маблағи вом, тороҷсозии маблағи аз аҳолӣ ҷамъшуда вобаста буданд.
Хуб шуд, ки ин вақтҳо аз картаҳо низ ба тарзи онлайн ҳақи коммуналиро пардохтан мумкин, вале аксар истеъмолгарон бо сабабҳои маълум бевосита ба идораҳои дахлдор мераванд, то қарзҳоро аниқ кунанд ва пардозанд. Вале на ҳамеша касса аз рӯйи график кор мекунад. Ё худ дурудароз навбатпоӣ дар назди касса, ки агар дуто бошад, яктояш кор намекунад, ба рӯҳияи истеъмолгарон таъсири нохуб мерасонад. 
Табъи дил сурат гирифтани хидматрасониҳои коммуналӣ, зимнан, ба мо, истеъмолгарон низ то андозае вобаста мебошад. Хуб мешуд дар ҷои кор ва манзилгоҳамон об, газ ва чароғ барин неъматҳоро оқилона истифода барем, ба исрофкориҳо роҳ нагузорем, қарзҳои коммуналиро дар вақташ пардозем.
Ҳамин тавр кунем, бешак, ба дар муддати кӯтоҳ аз байн бурдани маҳдудиҳо саҳм мегузорем.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: