Донишкадаи давлатии педагогии Навоӣ бо Донишгоҳи Мармараи Туркия ҳамкории илмиро ривоҷ доданист

Дар мулоқоти ректори Донишкадаи давлатии педагогии Навоӣ профессор Баҳодир Собиров бо намояндаи донишгоҳ Гюнеш Нурайхон оид ба ҳамкориҳои илмӣ табодули афкор сурат гирифт.

Донишгоҳи Мармара ба рӯйхати 1000 муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил карда шудааст, ки дипломҳои онҳо мустақиман (бе имтиҳонҳои махсус) эътироф карда мешаванд.

Дар вохӯрӣ оид ба табодули донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъсиси марказҳои таълими забонҳои ӯзбекӣ ва туркӣ байни донишгоҳҳо, гузаронидани дарсҳои 12 соатӣ барои донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти ӯзбек мувофиқа ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: