АҲЛИ ОЛАМ ШОҲИДИ ВОҚЕАИ КАЛОН ДАР ШАҲРИ БУЗУРГИ САМАРҚАНД ГАРДИД

Ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, ки 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор гардид, ҳамоно таваҷҷуҳи ҷомеаи коршиносони хориҷиро ҷалб менамояд, ки онҳо ҷамъбасти онро шарҳ медиҳанд.

Директори тадқиқоти геосиёсии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Авруосиё ва асосгузори Маркази таҳлилии «Eurocontinent» Пер Эммануэл Томанн: 
– Ҳамоиши сарони СҲШ-ро, ки таҳти раёсати Ӯзбекистон дар Самарқанд баргузор шуд, метавон бешубҳа аз рӯйи муҳтавои худ ташаббусҳои хеле ҷолиб номид. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш Ӯзбекистон ташаббуси имзои Декларатсияи Самарқанд шуд, ки як платформаи муколамаи байни тамаддунҳо даъват шудааст. 
Ин дар шароите, ки сатҳи муқовимат байни қудратҳои бузург, зарурати муколама оид ба масъалаҳои бехатарӣ, иқтисод, энергетика ва иқлим афзоиш меёбад, хеле муҳим аст. Ташаббуси Самарқанд имкони фароҳам овардани шакли нави муколамаро дар назар дорад. Ин муколама арзишҳои  тамаддунӣ ва робитаҳои байни фарҳангҳои гуногунро тақвият хоҳад дод. 
Ин ташаббус инчунин дар нигоҳ кардан  ба рушди Афғонистон дар пешомади дарозмуддат кумак мекунад. Боварӣ дорам, ки ташаббуси Самарқанд, бешак, барор мегирад. Дар соли 2023 дар Самарқанд ташкили вохӯрии нав байни тамаддунҳои гуногун хеле муҳим ба назар мерасад. Ба ин муносибат хеле ҷолиб хоҳад буд, ки ин ба ноил шудан ба субот чӣ гуна таъсир мерасонад. Ҳамин тариқ Ӯзбекистон ба  ҷаҳони пароканда ғояҳои нав медиҳад.
Ба фикрам, Самарқанд ҷойи муносибтарин барои чунин иқдом аст, зеро ин шаҳр дар тӯли садсолаҳо дар чорроҳаи тамаддунҳои бузург дар Авруосиё қарор дорад. 
Ҳамин таъриқ Ӯзбекистон тавассути пешбурди муколама ва равиши нав бар арзишҳои тамаддунӣ ба эътидол овардани вазъ дар қитъа саҳм мегузорад. 
Директори иҷрокунандаи Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон Михаэл Хармс:
– Раисии Ӯзбекистон  дар Созмони ҳамкории Шанхай дар пасманзар вазъи кунунии геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон бояд имкони ҷустуҷуйи посухҳои устувор ба даъватҳои кунунӣ дар муколамаи созанда арзёбӣ шавад. 
Мустаҳкам намудани ҳамкории минтақавӣ, раванди ислоҳот ва ҷараёни устувори навсозии иқтисодиёти Ӯзбекистон намунаи раванди бомуваффақияти дигаргуниҳост, ки дар рушди иқтисоди кишвар низ ба назар мерасад. 
Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон аз он истиқбол мекунад, ки ба муносибати нишасти СҲШ дар Самарқанд кишварҳои узви ин созмон мехоҳанд барои рафъи мушкилоти кунунии иқтисодӣ ва сиёсӣ иқдомоти зарурӣ андешанд. Ҳамзистии осоишта, инчунин ҳалли мушкилоти иқлим, энергетикӣ ва логистикӣ шартҳои асосии рушди муштараки устувори иқтисодӣ мебошанд. 
Шореҳи сиёсии нашрияи мисрии «Khabar AI Youm» Фатма Бадавӣ:
Ба нишасти Самарқанд дар саросари ҷаҳон таваҷҷуҳ намуданд, зеро воқеан он бузургтарин форуми байналмилалӣ  ҳаст, ки роҳбарони ҷаҳонро дар баробари чолишҳо ва таҳдидҳои нав, аз ҷумла амнияти ҷаҳонии энергетикӣ ва озуқаворӣ гирд овардааст.
Ман бо мақолаи консептуалии муаллифии Президент Шавкат Мирзиёев дар арафаи нишасти СҲШ бо таваҷҷуҳ шинос шудам. Даъват ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли бӯҳрони ҷаҳонии мавҷудаи баҳам алоқаманд танҳо тавассути муколамаи созанда ва ҳамкории бисёрҷониба, ки ҳамаи кишварҳо бояд барои муқобала ба чолишҳои рӯзафзун саъй кунанд, сазовори таваҷҷуҳи махсус аст. 
Ба ин муносибат модели шарикии бомуваффақияти минтақавӣ, ки аз ҷониби Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷаҳон бузургтарин муаррифӣ шудааст, тавонист кишварҳоро, аз ҷумла, кишварҳои дорои самтҳои гуногуни сиёсати хориҷӣ ва стратегияҳои рушди миллиро муттаҳид созад.
Дар навбати худ, раисии Ӯзбекистон дар СҲШ ба таври ҳақиқӣ нақши махсуси таърихӣ бозид, зеро ташаббусҳои пешгузоштаи Тошканд, пеш аз ҳама, дар самтҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дар соҳаи коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва шарикии фарҳангию гуманитарӣ, мустаҳкам намудани асосҳои ташкилот ва зиёд кардани ҷолибияти  байналмилалӣ хидмат карданд. 
14 сентябр дар Тошканд ба имзо расидани муоҳидаи ҳайатҳои воломақоми вазоратҳои корҳои хориҷии Миср ва Қатар бо Котиби генералӣ Чжан Мин оид ба пайвастан ба СҲШ ҳамчун шарики муколама рамзӣ буд. 
Тавре ки муовини вазири корҳои хориҷии Миср Хамдӣ Лоза зимни мулоқот дар Тошканд ба маврид қайд кард, шомил шудани Миср ба ин созмон ҳамчун шарики муколама қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳо бо гурӯҳи кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Ӯзбекистон дар як қатор соҳаҳо, аз қабили тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва сайёҳӣ мебошад. 
Роҳбари Форуми Кембриҷ оид ба Осиёи Марказӣ Сиддхарт Саксена:
– Мо шоҳиди воқеаи бузург дар шаҳри бузурги Самарқанд – маҳали муколамаи байнисоҳавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҳама муҳимаш ҷое, ки бисёр чизҳо якҷоя муттаҳид шудаанд, гардидем. 
Дар ин ҷо мо ташаббуси муҳими Президент Шавкат Мирзиёевро дар бораи ҳамбастагӣ дидем. Мо гуфта метавонем, ки «Рӯҳи Самарқанд» дар заминаи муносибатҳои ояндаи байналмилалӣ ва таъсири мутақобилаи ҷаҳонӣ аҳамияти хоса дорад. 
Қудрати муттаҳидкунандаи «Рӯҳи Самарқанд» дар он муайян гардид, ки роҳбарони кишварҳои бузургтарини ҷаҳон дар Самарқанд ҷамъ омаданд ва таҳти раёсати Ӯзбекистон оид ба як қатор масъалаҳо муколамаи созанда гузаронданд, ки рушди қисми зиёди инсониятро, перомуни чунин мавзӯҳо, аз қабили технологияҳо, муҳити зист, энергетика, сармояи инсонӣ ва дигар муайян месозад. 
Аён аст, ки «Рӯҳи Самарқанд» ба наздикшавӣ мусоидат намуд, ба ин муносибат ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2017 дар заминаи дигаргунсозӣ дар кишвар рух медиҳанд, нишон дод, ки бо роҳи наздикшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба натиҷаҳои бузург ноил шудан мумкин аст. 

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: