Мактаб аз қадимулайём ҳамчун маскани маърифат эътироф гардидааст.
Он маконест, ки инсон илму дониш андӯхта, соҳиби фазилатҳои нек мешавад. Аз ин рӯ, саҳми омӯзгор дар роҳи ба камол расондани шогирдони асиле, ки ба халқу Ватан хидмати арзанда мекунанд, хеле назаррас аст. Хонанда донишҳои аз ин макони муқаддас гирифтаашро барои равнақ ёфтани ҷамъият равона месозад. Суҳбати мо бо ҷонишини шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сайҳунобод Нодир МИРЗОЕВ маҳз ба масъалаҳои омодагӣ ба оғози соли хониши нав ва ба талаби замон ташкил кардани марҳилаҳои наву беҳтарини таълиму тарбия бахшида шуд.
– Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳама давру замон аҳамияти калон дошт, — мегӯяд мусоҳибам Нодир Исматуллоевич, – зеро:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Ба мақсади муносиб пешвоз ва васеъ ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон чорабиниҳои ташкиливу амалӣ, маънавиву маърифатӣ ва иттилоотиву тавзеҳотиро таҳти шиори «Таълими босифат — ҷомеаи неруманд» таҳия намудем.
– Тайёрӣ ба соли хониши нав чӣ хел аст?
– Дар ноҳия 41 мактаб фаъолият дорад. Имсол дар соли хониши 2023-2024 дар мактабҳои таълимашон умумӣ 13360 нафар хонанда, аз он ҷумла бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштани 1450 нафар синфҳои якум пешбинӣ шудааст. Қариб 1440 нафар педагогҳо бо корҳои таълиму тарбия машғуланд. Ҳоло тамоми мактабҳо аз таъмири хушсифат баромада, ба соли хониши нав ҷавобгӯ ҳастанд.
– Оё мактабҳое ҳастанд, ки шуъбаи таълими халқи ноҳия аз онҳо ифтихор кунад?
– Дар ҷараёни таълиму тарбия ҷорӣ кардани технологияи пешқадами педагогӣ ва ахбору коммуникатсионӣ, бо роҳи устувор намудани мавқеи иҷтимоии омӯзгорон баланд бардоштани сифати таълим талаби замон аст. Қариб дар ҳамаи мактабҳо пешравӣ бараъло ба назар мерасад. Мактабҳои ноҳия дар вилояту ҷумҳурӣ ба эҳтиром соҳибанд. Таҷрибаи онҳо тавассути матбуот ва дастурҳои таълими халқ ба дигар шаҳру ноҳияҳо паҳн шудааст. Зеро шогирдони онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ҷойи фахриро ишғол кардаанд.
– Дар бораи мактабу синфҳои тоҷикӣ низ маълумот медодед...
— Ҳоло дар ноҳия шаш мактаби тоҷикӣ арзи вуҷуд дорад. Дар синфҳои тоҷикӣ 2000 нафар хонанда таҳсил мегиранд. Ҳамаи синфҳои тоҷикӣ бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин шудаанд.
– Имсол қабул ба синфҳои тоҷикӣ чӣ хел аст?
– Ба ҳар ҳол аз солҳои гузашта беҳтару хубтар. Лекин барои ба забони модарӣ таҳсил гирифтани фарзандонашон волидайн масъул ҳастанд. Агар ягон нафар роҳбари таълимгоҳ барои кушодани синфҳои тоҷикӣ баҳона пеш орад, ё ки садди роҳ шавад, албатта дар назди қонун ҷавобгар хоҳад шуд. Зеро дар ноҳия шиори «Бародарию баробарӣ» ҷорист.
– Хеле хуб, вале дар бобати масъалаҳо ҳеч чиз нагуфтед...
– Дар куҷо кор бошад, албатта камбудӣ ё норасоӣ ҳаст. Ҳеч кас аз берун омада онро бартараф намекунад. Қариб ҳар рӯз бо ҳокимияти ноҳия ва дигар ниҳодҳои масъул ба мактабҳо рафта кӯшиш мекунем, ки соли хониши навро муносиб ва хурсандона пешвоз гирем.
Зиндагӣ саросар омӯзиш аст. Абулқосим Фирдавсӣ фармудааст:
Хирад мояи ҷовидонӣ бувад,
Хирад пояи зиндагонӣ бувад.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.