ГИРОМИДОШТИ УСТОД АЙНӢ

Дар ин рӯзҳо дар Ӯзбекистони Нав, хусусан Самарқанд мавлуди асосгузори адабиёти муосири тоҷику ӯзбек, нависандаи маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон, соҳиби ордени «Буюк хизматлари учун» ва ҷоизаҳои байналхалқӣ Устод Садриддин Айнӣ тантанавор ҷашн гирифта мешавад.

15-уми  апрел дар хона-музейи ӯ   бо ҳамин  муносибат  анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар  он  аҳли  эҷод, нависандагон, шоирон, журналистон, омӯзгорон, талабагони Донишгоҳи давлатии Самарқанд  ва  дигарон ширкат варзиданд. 
Директори  осорхона Амриддин Пӯлодӣ ҳозиронро хайрамақдам гуфта, доир ба эҳёи хона-музейи Устод Айнӣ баъзе  маълумотҳоро овард. 
– Мо медонем, ки дар ин  маскан Садриддин Айнӣ аз  соли 1917 манзили зист  гирифта, қариб  то охири  умр  бо эҷодиёт  машғул  шуданд, – гуфт нотиқ, – маҳз дар ҳамин  ҷо асарҳои «Мактаби  кӯҳна», «Ятим», «Одина», «Марги  судхӯр», «Дохунда», «Ҷаллодони Бухоро», «Ёддоштҳо» ва ғайра  навишта шудаанд. 
Боиси ифтихор аст, ки қабул гардидани қарори  ҳукумати Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар  бораи  ташкил  кардани  хона-музейи Устод Айнӣ барои  аҳли  илму фарҳанг вазифаи марказро адо карда, ҳатто  қабулхонаи ҷамоатии  рӯзномаи «Овози тоҷик» буд.
Ба  муносибати таҷлили  зодрӯзи қофиласолори адабиёти муосири тоҷику ӯзбек Устод Садриддин Айнӣ  бо саъю ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев, аз  тарафи ҳукумати Ӯзбекистон баҳри таъмиру тармим беш аз як  миллиард  сӯм ирсол шудааст, ки мо  сипосгузорӣ мекунем.
Инчунин, дар  тадбир  адиб  Адаш Истад, роҳбари  академияи «Турон» Фарҳод  Аҳмадҷонов, шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода ва  дигарон  ба сухан баромада, доир ба  хидмати  шоёни  соҳибҷашн  ҳарф заданд. 
Донишҷӯёни Донишгоҳи Самарқанд аз  шеъру  ғазалҳои  Устод Айнӣ  қироат карда, аз  асарҳояш  саҳначаҳо гузоштанд. 
Сипас, иштирокчиёни анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ бо экспозитсияҳои нав  шинос  шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: