ЭҲТИРОМИ СОҲИБҚАЛАМОН

Дар Маркази ахбору китобхонаи ба номи Пушкини вилояти Самарқанд бо эҳтимоми рӯзномаи «Овози Самарқанд» рӯнамоии китобҳои «Қадри инсон»-и муаллими собиқадор Раҳматулло Шарифзода ва «Ҳар субҳу шом ғанимат»-и мухбири ҷамоатии рӯзнома Мирсафо Камолӣ баргузор гардид.

Сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов таъкид намуд, ки қадр намудани эҷодкорони солхӯрда, ки барои маърифати халқи мо хидмати босазое кардаанд, амали хайрест.
Сипас, рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Ҳамза Ҷӯра, нависанда Солеҳ Саид Мурод, шоир Шукрулло Вализода ва дигарон дар бораи мазмуну мундариҷаи китобҳо, паҳлӯҳои фаъолияти эҷодӣ ва педагогии муаллифон, ҷойгоҳи онҳо дар муҳити адабии Самарқанд ҳарф заданд.
Мухбири ҷамоатии рӯзнома Толиб Юнусзода ва дигарон дар бораи нақши матбуот, бахусус, рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар ҳаёти фарҳангии самарқандиён, мушкилоти ташкили обунаи рӯзнома ҳарф заданд.  
Сипас, ғолибони озмуни «Афсонаи дунёӣ, Самарқанд!», ки ба муносибати Рӯзи шаҳри Самарқанд гузаронида шуда буд, эълон гардид. Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ донишҷӯйи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Нодираи Тоҳириён ҷойи якум, сокини маҳаллаи «Юксалиш»-и шаҳри Самарқанд Гулӣ Насимова ҷойи дуюм ва донишҷӯйи факултети таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии Ӯзбекистон-Финландия Хуршеда Сатторова ҷойи сеюмро ба даст оварданд. 
 
Фарзона ҲАМИДОВА,
донишҷӯйи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: