Масъалаҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон муҳокима гардиданд

  • Масъалаҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон муҳокима гардиданд
  • Масъалаҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон муҳокима гардиданд
  • Масъалаҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон муҳокима гардиданд
  • Масъалаҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон муҳокима гардиданд
  • Масъалаҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон муҳокима гардиданд
  • Масъалаҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон муҳокима гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 23 феврал доир ба масъалаҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон маҷлис барпо намуд.

Ҷавонон дар сиёсати пурқуввати иҷтимоии давлатамон самти афзалиятнок ба шумор меравад. Ба таълими сифатноки ҷавонон ва соҳиби касб гардидани онҳо, дастгирии ташаббусҳояшон эътибори доимӣ дода мешавад. Дар ҳар як маҳалла «Барномаи шуғли ҷавонон» ба амал татбиқ гардида, «Олимпиадаи панҷ ташаббус», «Корвони маданият» ва ҷашнвораҳои мухталиф ба вуқӯъ мепайванданд.

21 феврали соли ҷорӣ бо фармони Президент Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» тасдиқ карда шуд. Дар он чандин вазифа оид ба ҳалли мушкилоти ҷавонон ва ба амал татбиқ намудани потенсиали онҳо, бо кор таъмин намудан бо роҳи омӯзондани  касбҳои зарурӣ муайян карда шудааст.

Аз он ҷумла, имсол 925 ҳазор ҷавонон бо кор бояд таъмин гарданд. Ғайр аз ин, 300 ҳазор ҷавонон коллеҷ, техникум ва муассиссаҳои олии таълимиро хатм менамоянд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои бо кор таъмин намудан, омӯзондани касбҳои замонавӣ ба ҷавонон ва ба соҳибкорӣ ҷалб кардани онҳо муҳокима гардиданд.

Таъкид шуд, ки имконоти иловагӣ барои тиҷорати ҷавонон ба вуҷуд оварда мешавад. Ба ин мақсадҳо на камтар аз 40 фоизи кредите, ки дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ ҷудо карда мешавад, равон мегардад. Озмунҳои «Соҳибкори ҷавон» баргузор гардида, ғолибон бо беҳтарин лоиҳа ва ғояҳои тиҷоратӣ ба хориҷи кишвар барои такмили ихтисос фиристода мешаванд.

Шахсони масъул дар бораи нақшаҳои бо кор таъмин намудани 100 ҳазор нафар ҷавонон дар лоиҳаҳои нави саноатӣ, 150 ҳазор дар соҳаи хидматрасонӣ ва инчунин 200 ҳазор нафар аз тариқи легализатсияи ҷойҳои корӣ ва худбандкунӣ маълумот доданд.

Дар айни ҳол соҳаи истиқболнок барои ҷавонон технологияи рақамӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ дар барномаи давлатӣ татбиқ намудани лоиҳаи «Ду барномасоз аз ҳар як маҳалла» пешбинӣ гаштааст. Ғайр аз ин, бо кор таъмин намудани 70 ҳазор нафар ҷавонон дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таъкид шуд, ки барои ин ифшо намудани иқтидори ҷавонон, кумак ба онҳо дар омӯхтани ихтисосҳои IT ва забонҳои хориҷӣ ногузир мебошад, ки дар ин бобат ба ҳокимон фармоишҳои марбут дода шуд.

Аз тариқи лоиҳаи «Фарзандони Ибрат»-и Агентӣ оид ба кор бо ҷавонон 1 миллион бачагон ба забонҳои хориҷӣ ба тариқи ройгон таълим дода мешаванд. Биноҳое, ки дар мактабҳо истифода намегарданд, ба ихтиёри репетиторҳои забонҳои хориҷӣ ва марказҳои таълим бепул вогузошта мешаванд. Сад маркази таълими хусусӣ дар ноҳияҳои деҳот, ки давомоти баланди хонандагонро доранд, барои иҷораи бино дар тӯли то шаш моҳ ҷубронпулӣ мегиранд.

Инчунин ба ҷавононе, ки дар курсҳои хусусӣ таҳсил намуда, соҳиби сертификати дараҷаи «C1» мебошанд, харҷи таҳсил, барои дарёфт намудани сертификати дараҷаи «B2» оид ба забонҳои немисӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, ҷопонӣ ва чинӣ – хароҷот барои касб намудани сертификат сарпур  карда мешавад. Боз як навгонӣ он аст, ки нафақат харҷ барои имтиҳонсупорӣ барои дарёфти сертификат ҷуброн карда мешавад, балки пардохти шашмоҳаи таълим низ дода мешавад.

Дар доираи лоиҳаи «Устод» 250 ҳазор нафар ҷавонон ба 30 касби замонавӣ, мисли маркетинг, реклама, савдои электронӣ, IT-дизайн таълим дода мешаванд.

Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ барои таъмини аҳолӣ бо шуғл имконоти васеъ вуҷуд дорад. Дар солҳои охир бо ин мақсад 200 ҳазор гектар замин, ки аз кишти пахта ва ғалладона озод гаштааст, дар байни аҳолӣ барои ба роҳ андохтани хоҷагии фермерӣ тақсим карда шуд. Имсол ба ҷавонон ҷудо намудани боз 60 ҳазору 500 гектар дар назар дошта шудааст.

Таъкид гардид, ки барои босамар тақсим намудани замин тартиби нав ҷорӣ карда мешавад. Ҳамин тариқ, ҳокимони ноҳияҳо барои ҷудо намудани қитъаҳо дар маҳалҳои таъминоти обаш хуб ҷавоб хоҳанд дод. «Ҳафтгона»-и маҳалла пешниҳод менамояд, ки  ба ҳар як ҷавон чӣ қадар замин бояд ҷудо карда шавад. Ҷавононе, ки соҳиби замин мегарданд, дар бобати парвариши навъҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқи баландҳосил дар «Мактаби фермерҳо»-и Агробонк таҳсил менамоянд. Барои хариди мини-техника, тухмӣ ва ниҳол субсид аз фонди «дафтари ҷавонон» ва Фонди фермерҳо ҷудо карда мешавад. Фермерони ҷавон бо содиркунандагон ва корхонаҳои азнавкоркард ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ғайр аз ин,  ба ҳамкории соҳаи меваву сабзавот кредит то 2 миллиард сӯм пешниҳод мегардад.

Дар ҷамъомад иҷрои Фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба такмил додани тартиби ба иҷора додани қитъаҳои замини таъиноти  кишоварзӣ» аз 18 январи соли ҷорӣ баррасӣ гардид. Фармон ба онлайн-ауксион гузоштани 15 ҳазору 625 гектар замини хоҷагии қишлоқро дар 156 ноҳия муайян намудааст.

Роҳбари давлат аҳамияти ҷудо намудани ин заминҳоро дар маҳалҳое, ки ба маконҳои аҳолинишин наздик буда, таъминоти об ва ҳосилнокиашон хуб аст, барои парвариши навъҳои ба содирот мунҷаршуда дар асоси ҳамкорӣ таъкид намуд. Дар назди ҳокимон вазифаи васеъ намудани кор оид ба азхуд кардани замин ва дар пойгоҳи онҳо  фароҳам овардани ҷойҳои корӣ гузошта шуд.

Дар ҷамъомад маърӯзаҳои шахсони масъул оид ба масъалаҳои муҳокимагардида шунида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: