3. ҲАСРАТ

(Қиссаи тамсилӣ)

(Аввалаш 
дар шумораҳои гузашта).
Ба ду самт сахт калавид, вале боз ҳам сари ҷо истод. Чун дид Шуҷоъ аз роҳ баргашта дубора ба сӯяш ҳамла меоварад, ҳамоно худро ба канор кашид ва гардани баландашро ба боло бардошта, дуруст аз васати гӯши асп газид. Шуҷоъ ин дафъа нарасид ба вай линг партояд, бо тамоми ҷон сарашро алвонҷ дода, саъй кард гӯши асирашро аз зери дандонҳои хар, ки мисли анбур гоз мегирифт, раҳо созад. Ҷони асп ба дард омад. Аз даври лабу лунҷи Хокбоз бошад, беист хун мечакид, аммо намехост гӯши самандро сар диҳад. Дар ҳоле ки қабат-қабати якдигар ба пеш мехазиданд, Шабнам ба пас гашт ва йӯрғазанон ба имдоди асп шитофт. Вай бо ҳавли ҷон, ҳамаро дар шигифт андохта, бо дав омаду ду пой ба рӯйи сурини хар гузошт ва сумҳои шахшӯли худро халонда, ҳарчи ҷон дошт, ба тани гӯшдароз фишор овард. Хокбоз дар пушт дарди ҷонкоҳеро ҳис карду ноилоҷ даст аз асп бардошт, даҳонашро боз карду гӯши хуншори Шуҷоъро ба ҳоли худ гузошт. Шуҷоъ каме пештар гузашт, аз ниҳояти дарди ҷонсӯз сар хам карда каме таваққуф намуд, вале зуд ба худ омад ва бо ҷаҳд дубора ба ақиб баргашт. Дигар вайро шинохтан амри муҳол буд, аз фарти ҷаҳлу ғазаб ба хашм омада, чашмонаш хунину дандонҳои калон-калони сапедаш гӯё дар беруни пӯза менамуданд. 
Бо ҳамон ошуфтагӣ шиҳаи баланде сар дод ва ду пойи пешашро ба осмон бардошта, то ҷое, ки ҷон дар рамақ дошт, бо поҳои ҷуфтшуда ба сари Хокбоз фуровард. Хари гирифтор, ки бе он ҳам дар зери тазйиқи Шабнам монда буд, дигар билкул мувозанатро гум кард, ҳар чӣ дар олами рӯшноӣ буд, чун ғилдиракҳои ароба дар даври чашмонаш чарх мезад, ҷуз шабаҳҳои сиёҳӣ дигар чизеро намедид. Ин зарбаи муҳликовар буд, ки батамом худро гум кард ва бо ҳамин ҳолати залил ҷуссаи шикамдори гарданбаландаш ба таҳи ҷар сарозер рафт. Харҳои пасу пеш, ки то чанде пеш даҳони бефаровези худро ба осмон бардошта, шикамҳояшонро дошта шодмонӣ мекарданд, гӯё, ки аз осмон ба сарҳояшон санг борида бошад, беовозу дар худ гирифта ба ҳар гӯша паноҳ бурданд. Танҳо хару аспони бордор роҳи худро ба самти коргоҳи пулсозӣ идома доданд, намехостанд аз ин бештар дар зери бори сангин маҷақ шаванд...   

***
 Аз гурӯҳи ошӯбгар ду аспи неруманд бо исмҳои Уқоб ва Баҳром барои назорати гузарҳои Якрону Раҳвор гумошта шуданд. Онҳо саҳарии барвақт, бо дилҳои беқарору оғуштаи боди исён ва қасосхоҳӣ ба маҳалли корзори нав давида омаданд.
Дар канори рӯди камарзи Хурӯшон, ки аз марзи гузарҳои Якрону Раҳвор гузашта обашро ба рӯди Зарнисор мерехт, бо дастури Рахш ба бунёд кардани тавилаи бузурге оғоз намуда буданд. Инро махсус барои харони тозаомада месохтанд. Корҳои сохтусози ин хархонаро Шабдез сарпарастӣ мекард. Аз ин рӯ, вай гузари Симгунро гузошта, бо Пашмина дар қисмати болооби Хурӯшон дар тавилаи хушсохти муҷазе маскун шуд. Кори ба уҳда гирифтаи вай аз тарҳи пулсозӣ камтар набуд. Дар ин ҷо ҳам мебоист неруи калони кориро ба истифода бигиранд. Аз ин хотир, барои роҳандозӣ ва назорати корҳо ба ёрии Пашминааш, ҳарчанд ҳомила буд, хеле ниёз дошт. Мехост бо дасти худи харҳо тавилаи навро сохта гирад.
Шуҷоъ аз ишқи Шабдез огоҳ буд ва ба хубӣ медонист, ки маъшуқаи вай Пашмина бо вуҷуди табиати мулоимаш, хеле зарангу найрангбоз аст. Аз ин рӯ, ба ҳамтоёни худ таъкид кард, то ки ба хурдтарин рухдоду доду гирифту рафту омадҳо таваҷҷуҳ намоянд. Уқоб ва Баҳром, ҳамон тавре ки гумон мебурданд, баробари наздик шудан ба маҳалли сохтусоз, аспони боркашро диданд. Дар канори аспони солманд тойҳои ду-сесола низ по чида-по чида каҷоваҳои пури санг ва лингаҳои чӯбу найро мебурданд. Тааҷҷубовар он буд, ки чандин хар дар атроф ва дар марғзори соҳилҳои Хурӯшон ба майли хотир гаштугузор мекарданд. Ин манзараи хунук ҳар дуро ба фиғон овард. Бо ғазаби рӯйрост қулоч кашида ба самти харони озод давиданд. Аз ду ҷиҳат, ҳар чи маркаби бесар буд, ба як ҷо ҷамъ оварда, бо шиҳакашиҳои баланд ва сару позаниҳои бераҳмона онҳоро ронда то назди анбори боргузорӣ бурданд. Давутози харону ду аспи таъқибкунанда ба дараҷае сахт буд, ки гирду бар батамом оғуштаи гарду хок шуд, бӯзинаҳое, ки омодаи боргирии сутурон меистоданд, аз ниҳояти боди шадиди олуда сару суратҳояшонро баста, дар ҷойҳои худ нишаста монданд. Баробари расидан ба назди онҳо, Уқоб дод зад: 
– Барои чӣ танҳо аспон бор мекашанд?! Пас, ин ландаҳурҳо чӣ кораанд?! 
Бӯзинаҳо ҳанӯз ҳарфе назада, аз миёни гӯшдарозон як мочахари болобаланд пӯзаашро афшонда, ар-ар садо баланд кард ва гуфт: 
– Шумо чикораед, ки ба мо зӯрӣ мекунед? Мақоматон аз Шабдези раҳбар ҳам болотар аст магар? 
Уқоб тоқати шунидани ин эътирозро надошт. Бе истиҳола ёли худро афшонда, бо ҷаҳл ба болои хар чорхез зад. Лаҳзаи чашм кушода бастан нагузашту аз зарби линги ӯ мочахар бо он кавораи бузургаш ба замин яксон шуд ва дар паҳнои хокбод чанд бор ғел зада рафт. Харҳои дигар низ аз тарси шаллоқ хӯрдан ба тарафи муқобил дуртар гурехтанд. Уқоб бо ин зарба қонеъ нашуда, бори дигар ҳар ду пойи пешашро ҷуфт карда, бо тамоми неру ба синаи хари ғелида фуровард. Мочахар чаҳор по дар осмон беист ларзида-ларзида по афшонд ва дигар ба худ наомада аз ҷунбиш монд. Саркоргари бӯзинаҳои борзан бо дидани ҳоли низори он бо овози кам ба ҳамраҳони худ гуфт: 
– Мурд. 
– Ҳар харе саркашӣ кунад, ба ин ҳол гирифтор хоҳад шуд! – то омадани ҳамтои худ шердилона ба сухан даромад Баҳром ва ба ҷониби бӯзинаҳо рӯ оварда афзуд: – Мо дигар набинем аспҳо кор кунанду харҳо кайфу сафо!
Ҳамон нафари саркоргар гуфт:
– Бубахшед, мо аз Худо мехоҳем, ки улоғҳоро ба боркашӣ андозем. Барои худамон ҳам боргузорӣ ба хар ду баробар осонтар аст! Афсӯс, ки Шабдези оқсақол аз гапи Пашминаи дӯстдоштааш намебарояд... 
Баҳром гуфт: 
– Шумоҳо як умр нони моро хӯрдаед! Наход, ки имрӯз ба рӯямон по гузоштан мехоҳед? Пас, он ҳама рафоқат куҷо шуд? Ба гӯшдарозони дайдуи дирӯзомада раҳматон омад.
(Давом дорад).
Юнуси ИМОМНАЗАР

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: