Раиси ИБҲТ Гретел Агилар ба Ӯзбекистон омад

Директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ), доктор Гретел Агилар барои иштирок дар Конфронси дарпешистодаи СММ #CMSCOP14 аз 12 то 17 феврал дар Самарқанд ба Ӯзбекистон омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олиқадрро муовини вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим Жусипбек Казбеков пешвоз гирифт.

Барои маълумот: Доктор Гретел Агилар аз моҳи октябри соли 2023 ба ҳайси роҳбари ИБҲТ кор мекунад. Таҷрибаи 30-сола дар соҳаи ҳифзи табиат ва рушди устувор, татбиқи қонунгузории экологӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби CMS COP14 ифтитоҳи нахустин намояндагии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Осиёи Марказӣ дар назар аст, ки дар Тошканд ҷойгир хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: