Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар ИМА дар доираи кор бобати оммавӣ кардани фарҳанг ва санъати ватанӣ якҷо бо ширкати «Silk Road Dance Company»-и Амрико Ҳафтаи «Central Asian Dance Camp 2021»-ро бинобар омӯзондани рақси миллии ӯзбек ташкил дод, ки то 7 ноябр давом мекунад.
Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар ИМА дар доираи кор бобати оммавӣ кардани фарҳанг ва санъати ватанӣ якҷо бо ширкати «Silk Road Dance Company»-и Амрико Ҳафтаи «Central Asian Dance Camp 2021»-ро бинобар омӯзондани рақси миллии ӯзбек ташкил дод, ки то 7 ноябр давом мекунад.
Дар барномаи «Silk Road Dance Company» баргузор кардани намоишҳои синамоӣ дар бораи афсонаҳои рақси ӯзбек, омӯхтани ҳаракатҳои классикии мактабҳои рақси Хоразм ва Фарғона, муаррифии китоб дар бораи фарҳанги халқи ӯзбек, намоиши тайёр кардани палав, сару либос ва матоҳои миллӣ, маснуоти ҳунармандии халқӣ ҳамчун намунаи махсусияти таърихиву фарҳангии Ӯзбекистон пешбинӣ шудаанд. Ғайр аз ин, саёҳати виртуалӣ дар Осорхонаи давлатии санъати тасвирии Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Ба мақсади намоиш додани маҳорати бемисли иҷрогарони машҳури рақси миллии мо дар барнома ҳамчунин хореографи машҳур Шоназар Болтаев ҷалб гардидааст.
Ба шарафи кушоиши тренинги рақсӣ дар боргоҳи дипломатии кишвари мо қабули расмӣ ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони доираҳои фарҳангиву инсонпарварии Амрико, дӯстдорони санъати рақсии ӯзбек ширкат ҷустанд.
Сафири Ӯзбекистон дар ИМА Ҷавлон Ваҳобов тренингро кушода, таъкид сохт, ки тӯли ҳафта иштирокдорон шоҳиди ҷаззобияти рақси нотакрори ӯзбек мешаванд, ки дар ҳар як ҳаракати он маънову мазмуни ғанӣ маҳфуз аст. Рақси классикии ӯзбек санъатест, ки дар мактабҳои махсуси рақсӣ тӯли садсолаҳои зиёд инкишоф меёбад, беназирии он дар саҳнаҳои бузурги тамоми ҷаҳон намоиш дода мешавад.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин маросими супурдани нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги» ба профессор хонум Лаурел Грей ба амал омад. Ӯ аз ҷумлаи хореографҳои машҳуре мебошад, ки ҳаёти худро ба омӯхтани асосҳои ҳаракати рақсҳои миллии ӯзбек ва оммавӣ кардани фарҳанги Ӯзбекистон дар ИМА бахшидааст.
Хотиррасон менамоем, ки хореограф-олими шинохтаи ҷаҳонӣ, профессори Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон ва роҳбари «Silk Road Dance Company» Лаурел Грей тақрибан 20 маротиба ба Ӯзбекистон омада, ду сол бинобар даъвати Театри калони давлатии академии Тошканд дар мамлакат зиндагӣ, ҳамчунин дар барномаҳои рақсии телевизионӣ баромад кардааст. Вай узви ҳакамоти ҷашнвораҳои зиёд, аз ҷумла «Асрори рақс» соли 2018, «Sharq Taronalari» соли 1997, театри лӯхтаки Ӯзбекистон соли 1993 буд. Лаурел Грей якҷо бо Сафоратхона мунтазам чорабиниҳои мухталиферо ташкил менамояд, ки тамошобинонро бо фарҳанг, санъат ва анъанаҳои ӯзбекӣ шинос мекунанд. Ғайр аз ин, олими амрикоӣ соли 1984 ба «Ҷамъияти рақс ва фарҳанги Ӯзбекистон» асос гузошт, соли 1994-ум бошад, «Лагери ҳарсолаи Осиёи Марказӣ»-ро таъсис дод. Ӯ сазовори Ҷоизаи байналхалқии «Беҳтарин хореография» (соли 2003) ва «Беҳтарин раққосаи этникӣ» (соли 1999) мебошад.
Лаурел Грей барои мукофоти олӣ миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид сохт, ки аз ҳукумати кишвари мо барои эътибораш бағоят сипосгузор аст. Вай қайд кард, ки барои ҷомеаи ҷаҳон, бахусус олами Ғарб, рақсҳои ӯзбекӣ нав ва хеле ҷолибу шавқоваранд. Мардумони гӯшаву канорҳои гуногуни ИМА бо шавқи зиёд мехоҳанд ин санъатро, ки аз насл ба насл мегузарад, омӯзанд.
Лаурел Грей таъкид намуд: «Ҳангоме ки шумо рақсро меомӯзед, нафақат тарзи ҳаракат ё худ ҷузвҳои алоҳидаи онро азхуд мекунед, балки барои хеш фарҳанги нав, тарзи ҳаёти одамон, анъанаҳои он халқро фатҳ менамоед. Аз ин нуқтаи назар санъати Ӯзбекистон хеле ғановатманд, зебо ва мувофиқи матлаб аст. Дар санъати рақси Ӯзбекистон ва дар ҷузвҳои хореографияи миллӣ тарзи ҳаёти халқи ӯзбек инъикос меёбанд».
Дар доираи қабули тантанавӣ ҳамчунин саёҳат дар сафоратхона ба амал омад, дар бораи таърихи нодири ин бино маълумот дода шуд.
Ғайр аз ин, дар толор-осорхонаи махсус намунаҳои санъати тасвирӣ, ки таърихи бисёрасринаи кишвари моро инъикос менамоянд, ҳамчунин сару либосҳои миллии гӯшаву канорҳои гуногуни Ӯзбекистон намоиш дода шуданд.
Меҳмонон ба маҷмӯъи ғановатманди осори санъат, ки дар Осорхонаи Сафоратхона эҳтиёткорона нигаҳдорӣ мешаванд, баҳои баланд доданд. Онҳо зикр карданд, ки дар ин ҷо ба муҳити эҷодиёти мардумӣ ворид шуда, гармии кишвари офтобии моро дар пойтахти ИМА эҳсос намуданд.
АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.