Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мешавад

  • Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мешавад
  • Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мешавад

Аз 15 то 20 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва қасрҳои фарҳангии шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Варзоб филмҳои бадеии «Абдулло Орипов», «Довар», «Дигаргунӣ» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода мешаванд.

Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми бадеии “Абдулло Орипов” оғоз ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамчунин ҷаласаи Комиссияи муштараки кинематографистони Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳияи сенарияи филми бадеии “Дурахши ситораҳо: Ҷомӣ ва Навоӣ” баргузор мешавад.

Дар чаҳорчӯби Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон мулоқоти зиёиён ва барномаи консертии Маркази миллии “Мақом”-и Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ баргузор мешавад. Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” барномаи фарҳангии ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон таҳти унвони “Дӯстӣ абадӣ” баргузор мешавад.

Ҳайати вакилони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз боғу хиёбонҳои шаҳри Душанбе, инчунин аз ҷойҳои зебою дилпазири Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб дидан мекунад.

Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон барои рушду такмили минбаъдаи ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек заминаи мусоид гузошта, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат байни ду халқи ҳамсоя хизмат хоҳад кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: