ТАҚДИРИ ТАЛХ

Сарвармоҳ имрӯз – навбатдор.

Бинобар ин саҳарӣ, пеш аз ҳама аз хоб бедор шуд. Барои ба хоби дигарон халал нарасонидан гурбавор оҳиста аз чайла баромад. Ба зарфи калони алюминӣ аз сатил об гирифта, сарфакорона дасту рӯяшро шуст.
Ӯ ҳамроҳи аъзои звено 10-12 рӯз муқаддам ба саҳрои Чӯли Миср, ки ин ҷо ҳам тобеи хоҷагии ҷамоавиашон ба ҳисоб мерафт, барои ғалладаравӣ омада буд. Офтобаро аз об пур карду ба дастааш оҳанхӯлаи сиёҳро гузаронда, рӯйи оташдон монд. Ҳарчанд ҳезумҳо тар буданд, илоҷе карда, дар зери офтоба оташ гиронд.
Занон дар назди чайла аз лою хок суфа сохта буданд. Сарвармоҳ ба болои суфа дасторхонро паҳн карду бо хотири ҷамъ лаҳзае ба сӯйи деҳаашон нигариста оҳе кашид.
– Бачагонам ин пагоҳӣ чӣ хел нонушта мекарда бошанд? Дар хона орд тамом шуда буд, захираи нони қоқ ҳам ба охир расидагист… камтар туршак доштем. Туршак ба хотираш омаду дилаш каме таскин ёфт ва боварие ғалаба кард, ки иншооллоҳ, имрӯз бачагонаш гурусна намемонанд.
Аз ҳоли бачагонаш каму беш хотирҷамъ шуда-нашуда, боз дарёи хаёлот ӯро ба комаш кашид.
– Мо дар зодгоҳамон аҳвол вазнин бошад ҳам як бало карда рӯз гузаронида гаштаем, аммо аҳволи дадеш чӣ хел бошад? Дар мактуби охиронашон навишта буданд: «Мо ҳар рӯз машқ карда истодаем. Нағзакак аз тайёрии ҳарбӣ гузарем, пас аз 3-4 рӯз ба «тӯй» медароем. Аз бачаҳо эҳтиёт шав, ба дӯстон ва хешу таборон салом расон». Э Худоҷон-е, илоҳо дадеш аз «тӯй» соғу саломат баромада бошанд-дия...
Ҳамин вақт аз чайла Гулрух баромад. Чашми вай ба Сарвармоҳ афтода, пурсид:
– Ҳа, холаҷон, шумо бо кӣ гап зада истодаед?
Сарвармоҳ шарм дошт. Акнун ӯ ҳис кард, ки худаш бехабар фикру хаёлоташро ба забон ҳам овардааст.
– Ман имшаб хобҳои парешон дидам. Барои ҳамин бачаҳо ва дадешон ба ёдам омаданд. Ин пагоҳӣ бачаҳо чӣ хӯрданду аҳволи дадешон чӣ хел бошад? Падарашон дар мактуби охиринашон навишта буданд, ки мо акнун ба «тӯй» медароем. Тӯяшон ҷанг будааст. Илоҳо аз ҷанг сиҳату саломат баромада бошанд-дия, – хаёлпарешону ҳасратомез гуфт Сарвармоҳ.
Ҳамин вақт шӯхии Гулрух боло гирифту хандон ҳазл кард:
– Не, холаҷон, шумо ин баҳона бачаҳоро ёд кардагӣ барин.
Аз ин гапҳои духтарак Сарвармоҳро ҳаё пахш кард ва барои он ки инро пай набарад, ҷойрӯбро ба даст гирифта аз паси Гулрух давид. Баъди таҳтӯл занону духтарон ба ғалладаравӣ рафтанд.
Ҳӯпчиву шогирдаш бо роҳбарии Аҳмадҷони ҳосилот ба кори хирманкӯбӣ оғоз карданд. Дере нагузашта чанд нафар мактаббачагон ҳам ба ёрии хирманкӯбон омаданд. Онҳо бо навбат ба асп савор шуда, гирди мехболор давр мезанонданд. Асп гирд-гирди хирман мегашту аз зери наълаш овози қисир-қисири майда шудани пояҳои гандум форам ба гӯш мерасид. 
Бачагон машғули кор суруди «ҳӯп-ҳӯп»-ро оғоз карданд:
Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб,
Нонсандуқ пур аз нон шавад.
Дадаҷон зуд аз фронт ояд,
Ҳӯп-ҳӯп, майда-майда кӯб!..
Дар қатори онҳо Атоулло ном бачае низ буд. Вай мисраи «Дадаҷон зуд аз фронт ояд»-ро шунида, аввал ба чашмонаш ашк ҳалқа зад. Баъд якбора гирист. Сабаби ин гиряи Атоуллоро ҳама медонистанд. Ба хонаводаи онҳо се моҳ пеш аз падараш «хати сиёҳ» омада буд. Дар як лаҳза бачаҳои дигар ҳам ба ғаму андӯҳ ғӯтиданд, баъзеҳо ҳатто гиристанд.
Аъзои звенои ғалладарав асосан духтарон буданд. Аксарият мавзунқомату зебо. Ҳусну малоҳати онҳо ҳангоми кор дар зери офтоби сӯзон дар саҳро хор мешуд. Вақти арӯсшавию хонадоршавиашон ноаён мегузашт. Афсӯс, ки ҷавонон дар фронт меҷангиданд. Сад дареғ, ки номзади баъзеи духтарони қадрас аз фронт барнагаштанд.
Аз рӯзи ба ғалладаравӣ омадани онҳо 15 рӯз гузашт. Имрӯз бегоҳ онҳо бояд бо дигар аъзои звено иваз шаванд. Аз ҳамин сабаб, шодиву хурсандиашон беинтиҳо буд. Охир пас аз ду ҳафтаи расо боз ба хонаҳояшон — ба оғӯши пайвандонашон бармегарданд.
– Хона рафта ин бегоҳ ба модарарӯсаму бачагонам ширбиринҷ пухта медиҳам, – мегуфт яке.
– Ман равам, аввал обдорӣ мекунам, — нақшаи худро ба забон меовард дигаре. — Замини даруни ҳавлиамон обталаб шуда буд. Аз беобӣ ҳосилаш талаф шавад, убол.
– Ман аз орди русткардаам нон мепазам, – лаб ба сухан кушод сеюмӣ. — Барои аҳли хонавода ид мешавад.
Ҳамин вақт сардори звено лаб ба сухан кушод:
– Ҳӯ, дугонаҳо, ҳамаатон кори асосиро нагуфта истодетон-ку?
– Кори асосии мо чӣ? — пурсид кадоме.
– О дар ин ҷо ба чирку чарм ғӯтидем-ку! Бояд ҳамаамон рафта, аввал дар ташноб оббозӣ кунем. Кадоме ташноб надошта бошад, бемалол дар оғил ин корро карданаш мумкин.
Зану духтарон чандтарафа азоб мекашиданд: куртаву пойҷомаҳояшон дарбеҳ буд, нимгурусна кор мекарданд, аз досзанӣ кафи дастонашон обила мегашт, лаҳзаи нафасросткуниашон ҳам дар зери офтоби тамуз мегузашт, боз аз хонаашон хавотир мекашиданд.
Онҳоро бештар камии об ғам медод. Обро аз деҳа мекашонданд. Бочкаи об болои харароба буду Эшонбобои мӯйсафед обкашонӣ мекард. Он барои хӯроку чой ва нӯшидану дастурӯшӯйӣ барои як шабонарӯз мерасид. Дар ин муддат онҳо оббозӣ як сӯ истад, ҳатто дасту рӯйи худро дуруст нашуста буданд. Шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» ба онҳо рӯҳу тавон мебахшид.
Аммо кайфияти хуши занону духтарон дер давом накард. Аз дур бригадири аспсавор намоён шуд. Миёнсол бошад ҳам, ҷанг ӯро барвақт пир карда буд. 
Ҳама дар ҳайрат монданд, дили баъзеҳоро гургон тала мекарданд.
Саркор рӯзона намеомад. Вай аз рӯйи одат фақат бегоҳирӯзӣ омада ҳисобот мегирифт.
Вақте омад занон зуд ӯро иҳота карданд. Чашми ҳама ба даҳонаш дӯхта шуд. Саркор хост чизе гӯяд, аммо гап зада натавонист. Фақат:
– Дирӯз… дирӯз…– гуфту хомӯш монд.
Чанд лаҳза сукути даҳшатангезе ҳукмрон гардид.
Охир тоқати ҳама тоқ шуду Моҳчеҳраи шартакигӯй ба пеш баромад:
– Э, акои бригадир, шаф-шаф нагӯеду якбора шафтолуяшро гӯеду монед.
Аз ин суханон саркор каме ҷуръат пайдо карду назди Сарвармоҳ омад:
– Хоҳарҷон, бардам бошед… дирӯз аз қисми ҳарбии шавҳаратон – акои Бақо «хати сиёҳ» гирифтем.
Сарвармоҳ аввал мисли санг хомӯш монд, гӯё аз хабари саркор гунгу карахт шуда буд. Баъди мазмуни гуфтаҳои бригадир ба умқи майнааш расидан, якбора таркид:
– Вой хонем! Вой хонем! Вой дод, ман акнун ба кадом гӯр равам, о бачеком ятим монданд-ку!..
Оҳу фиғони Сарвармоҳ дар саросари ғаллазор ғулғула афканду чанд нафар занону духтарони ҳамтақдир ба ӯ ҳамовоз шуданд.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: