«ДУРДОНАИ ШАРҚ» – ВАСЛГАРИ АДАБИЁТУ ФАРҲАНГ

Бо даъвати ҷамоаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ҳайати эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» меҳмони ин даргоҳи илму маърифат шуданд.

Ректори донишкада, узви клуби ректорони Аврупо, профессор Муаззамхон Ансорӣ ҳайати намояндагонро хуб пазируфта, дар бораи ҳамкориҳои минбаъда ва дар якҷоягӣ нашр намудани шумораҳои муштарак ҳарф зад.
Сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳ Исмоилзода ба маъмурияти донишкада бастаи китобҳои бадеӣ ва шумораҳои маҷаллаҳоро супорид.
Инчунин, дар ҳокимияти шаҳри Панҷакент вохӯрӣ ба вуқӯъ пайваст. Намояндаи ҳокимияти шаҳр, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саид Юнусӣ дар бораи дӯстии  ду кишвар, имкониятҳои мавҷуда ва ҳамкориҳои минбаъда суҳбат кард.
Ҷамоаи эҷодии «Дурдонаи Шарқ» нақша дорад ба дигар ноҳияҳои Тоҷикистон низ сафарҳо ташкил намуда, робитаҳои адабию фарҳангиро ба роҳ монад.

Аслиддин ҒУЛОМОВ,
ходими «Дурдонаи Шарқ».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: