Бо ҳамин ном дар шаҳри Дрездени Олмон баёзи эҷодкорони Ӯзбекистон нашр гардид. Дар он, ки бо забони немисӣ мураттаб гардидааст, намунаи эҷод ва тарҷумаи ҳолу сурати чанд шоирони шинохтаи Ӯзбекистон ҷой гирифтааст.
Хурсандиовараш он аст, ки шеърҳои яке аз шоирони тоҷики Ӯзбекистон Асадуллоҳ Исмоилзода ҳам бо забони олмонӣ тарҷума гардида, шомили ин баёз шудааст.
Рӯзҳои наздик дар доираи Рӯзҳои адабиёти Ӯзбекистон дар Олмон тақдимоти китоби “Ӯзбекистони нав: рӯ ба маънавияти бузург” бо иштироки муаллифон дар Донишгоҳи Сигени Олмон баргузор мешавад.
Асал САРХАТЗОДА.
САМАРҚАНД.