Ёдбуди шоир

Яке аз ёдгориҳои бузурги адабиёти тоҷик ва умуман адабиёти мардуми форсизабон, ки аз талотуми ҳодисаҳои таърих осеби сахте дидааст, адабиёт ва махсусан назми асри Х аст, ки баъд аз истилои қариб сесадсолаи араб бо забони нави форсии дарӣ ба вуҷуд омада буд.

Дар асри Х яке аз бузургтарин ва намоёнтарини шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд. Рӯдакӣ бо санъати баланди сухан ва ҷойгоҳи олии мазмуну мундариҷаи эҷодиёташ чун қуллаи тобон дар адабиёт аз тамоми ҳамзамононаш баландтар меистод, ӯ «Маликушшуаро»-и дарбори Сомониён, ба қавли шоири асри Х Маъруфии Балхӣ «Султони шоирон»-и давр буд. Ӯ дар жанрҳои асосии адабиёти давр – қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ, достонҳои ишқиву романтикӣ, маснавиҳои ахлоқиву тарбиявиаш аз саромадони давронаш буд. Ҳам аз ҷиҳати гуногунии жанрҳои шеър ва ҳам аз рӯйи ҳаҷми осор ҳеч шоире ба дараҷаи устод Рӯдакӣ нарасидааст. Ва аз ин сабаб аст, ки Рашидии Самарқандӣ – шоири асри ХII дар бораи устод Рӯдакӣ навиштааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад 
ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд 
бишмарӣ.
Дар ин ҷо ҳам ба мақоми олии шоирӣ баҳои шоистае дода шудааст ва ҳам ҳаҷми бузурги мероси адабии шоир баршумурда шудааст.
Абёти бузургонро на танҳо дар зодрӯз, ҷашнвора ва ё ягон санаи муҳим ба ёд бояд овард, балки месазад ҳар рӯзу ҳар соат барои тарбияи насли наврас аз онҳо истифода бурд.
Бо ҳамин мақсад Маркази милливу фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ шаби ёдбуди шоирро баргузор кард. Дар он шоиру нависандагон, олимон, донишҷӯён ва ҳаводорони каломи бадеъ иштирок карданд. 
Таъкид намуданд, ки ягон хонандаи тоҷик нест, ки аз ашъори Рӯдакӣ байте надонад, зеро қасидаву ғазал ва байтҳои шоир бо соддагӣ, равонӣ ва аз панду ахлоқ саршор буданашон ба дили хонанда роҳ ёфтаанд. Хонандагони мактаби рақами 9-уми деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка аз ғазалу қасидаҳои шоир порчаҳо қироат карданд:
Бӯйи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме...
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси роҳбари давлат соли равон Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ номида шуд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ хонандаашро ба омӯхтани илму маърифат даъват намудааст.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: