Дар Тошканд 31 декабр автобусҳо то соати яки шаб кор мекунанд

Ба маносибати таҷлили Соли нав 31 декабри соли 2023 бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иловагӣ барои аҳолӣ ва таъмини ҳаракати муттасили нақлиёти мусофирбар вақти кори тамоми хатсайрҳои автобус дар пойтахт то соати 01:00-и 1 январи соли 2024 дароз карда мешавад.

Шумо метавонед бо хатсайрҳои автобусҳо, ки ба ҷойҳои ҷашнӣ дар саросари шаҳр мебаранд, тавассути ин пайванд шинос шавед.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон 31 декабри соли равон рафту омади ҳамаи мусофирон дар метрои пойтахт ройгон хоҳад шуд. Дар арафаи Соли нав тамоми истгоҳҳои метро аз соати 05:00-и 31 декабр то 01:00-и 1 январ ба мусофирон хизмат мерасонанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: