ДАР БОРАИ СТРАТЕГИЯИ «ӮЗБЕКИСТОН – 2030»

Қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳрири нав аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ дар раъйпурсие, ки 30 апрели соли 2023 гузаронида шуд, ба таҳкими асосҳои конститутсионии сохтори Ӯзбекистони Нав мусоидат кард.

Интихоботи президентӣ, ки мувофиқи Сарқонуни таҳрири нав баргузор гардид, саводи сиёсии ҷомеаи мо, аз ҷониби халқ пурра дастгирӣ гардидани ислоҳоти татбиқшавандаи сохтори Ӯзбекистони Навро намоиш дод.
Баробари ин дар шароити навини конститутсиониву ҳуқуқӣ такмил додани самтҳои асосии рушди мамлакат ва татбиқ сохтани ислоҳоти васеъмиқёс дар давраи нав тақозо мегарданд.
Ба мақсади таъмин сохтани ифодаи иродаи халқи мо оид ба сохтмони Ӯзбекистони Нави озоду шукуфон ва нируманд, ба ҳар як шаҳрванд фароҳам овардани тамоми имкониятҳо баҳри рушди иқтидори худ, тарбияи насли солими босаводу аз ҷиҳати маънавӣ пешрафта, ташаккул додани иқтисодиёти муқтадир, ки ҳалқаи муҳими истеҳсолоти ҷаҳонӣ гардидааст, ҳамчунин таъминсозии кафолатноки адолат, волоияти қонун, амният ва эътидол:
1. Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» мувофиқи замимаи №1, ки дар пояи ҷараёни татбиқсозии Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав таҷриба ва натиҷаҳои муҳокимаи ҷамъиятӣ ҳосил шудааст, тасдиқ карда шавад.
Ба эътибор гирифта шавад, ки Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ғояҳои асосии зеринро инъикос менамояд:
ворид шудан ба сафи давлатҳои фоидаашон бештар аз даромади миёна аз тариқи рушди устувори иқтисодӣ;
созмон додани низоми таълим, тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки куллан ба талаботи халқ ва меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқат мекунанд;
фароҳам овардани шароити мусоиди экологӣ барои аҳолӣ;
бунёди давлати одил ва замонавие, ки барои халқ хидмат мекунад;
таъминсозии кафолатноки истиқлол ва амнияти мамлакат.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ва дастовардҳои нишондиҳандаҳои мақсадноки он вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти тамоми мақомот ва созмонҳои давлатӣ муайян шудааст, иҷрои онҳо ба зиммаи роҳбарони аввал ҷавобгарии шахсӣ мегузорад;
дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дастоварди тамоми ҳадафҳое, ки рӯзмаррагии худро гум накардаанд, ҳамчунин иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав муайян шудаанду татбиқсозиашон идома дорад, таъмин карда мешавад.
3. Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ бинобар татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» (минбаъд Комиссияи ҷумҳуриявӣ) мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
Таъмин сохтани вазифаҳои зерин ба зиммаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ (А.Арипов) гузошта шавад:
а) пурра ба роҳ мондан, сари вақт ва босифат татбиқ намудани Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ҳамчунин тайёр кардану ҳамоҳанг сохтани иҷрои барномаҳои дахлдори солона бинобар иҷрои он;
б) назорати босифат гузаронидани чорабиниҳо бинобар ислоҳот дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар асоси фикру ташаббусҳое, ки шаҳрвандон баён кардаанд, ба даст овардани нишондиҳандаҳои пешбинишуда, ҳамчунин дар ҳар ним сол ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намудани маълумот оид ба натиҷаҳо;
в) дар муҳлати ду моҳ:
аз ҷиҳати танқидӣ омӯхтани натиҷаҳои дар маҳалҳо татбиқсозии Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав;
дар байни аҳолӣ васеъ муҳокима кардани натиҷаҳои татбиқсозии Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, таҳлили мунтазами таклифҳои шаҳрвандон бинобар масъалаи мазкур;
бинобар натиҷаи омӯзишҳои баргузоршуда ошкор кардани омилҳои мунтазаме, ки ба татбиқсозии ҳадаф ва вазифаҳои дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав муайяншуда монеа мешаванд ва қабул намудани чораҳои мушаххас бинобар аз байн бардоштани онҳо дар доираи иҷрои Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030».
4. Ба Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои депутатҳои халқии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд тавсия дода шавад, ки дар ҳар се моҳ як бор маълумоти роҳбарони шуъбаҳои ҳудудии вазоратҳо ва идораҳоро бинобар ҷараёни татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар қисмати минтақаҳо шунаванд ва аз ҷиҳати танқидӣ баррасӣ кунанд.
5. Тартиби назорати татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ва чораҳои амалӣ бобати иҷрои он, комёбиҳои дахлдори нишондиҳандаҳои мақсаднок ва коркарди саривақтӣ дар доираи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии онҳо муқаррар карда шавад, ки мувофиқи онҳо:
а) Вазорати адлия якҷо бо Палатаи ҳисоб, Маркази «Стратегияи рушд» ва Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» мониторинги мунтазами татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ва чораҳо бинобар иҷрои онро дар солҳои дахлдор назорат мекунад, ҳар моҳ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои мониторингро пешниҳод менамояд;
б) Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои депутатҳои халқии вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар ҳар се моҳ дар ҳудуди худ чорабиниҳои назоратиро бобати татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» бинобар солҳои дахлдор дар қисмати минтақаҳо баргузор мекунанд;
в) Девони Вазирон муҳокимаи танқидии ҳармоҳаи ҷараёни татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро бо иштироки муовинони Сарвазир, баррасии семоҳаро дар ҷамъомадҳои ҳукумат таъмин месозад, нисбати аъзои ҳукумат, аз ҷумла вазирон барои сари вақт ва пурра иҷро накардани тадбирҳо чораҳои дахлдор меандешад, ҳамчунин дар ҳар ним сол ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бобати татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ҳисобот пешкаш мекунад.
6. Ба Девони Вазирон (А.Арипов) супурда шавад, ки иҷрои корҳои зеринро дар зарфи як моҳ таъмин намояд:
қабул кардани  қарори Ҳукумат дар бораи чораҳо бинобар татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар солҳои 2023-2024 дар қисмати минтақаҳо;
муайян намудани вазифаҳои мушаххас дар қисмати соҳа ва самтҳои ба зиммаи муовинони Сарвазир гузошташуда, бо дарназардошти самтҳо ва ҳадафҳои Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030».
7. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои масъул бобати коркарди босифат ва саривақтӣ, мувофиқсозӣ, барои муҳокимаи ҷамъиятӣ паҳн кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» кумаки амалӣ расонад.
8. Ба Маркази «Стратегияи рушд» супурда шавад, ки ба мақсади муқаррар намудани назорати самарабахши ҷамъиятӣ барои мунтазам, босифат ва сари вақт татбиқ сохтани вазифаҳои ислоҳот таҳти шиори Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» – стратегияи халқӣ:
якҷо бо Вазорати технологияҳои рақамӣ дар муҳлати ду ҳафта сомонаи онлайнро, ки барои ба сатҳи таъминоти татбиқшавии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», бо сифат амалӣ гардидани ислоҳоти дар он муайяншуда дар қисмати ҳар як ҳадаф ва нишондиҳандаҳо, ҳамчунин самти фикру ақидаҳои шаҳрвандон ва ташаббусҳои бинобар ин ислоҳот пешниҳоднамудаи онҳо баҳодиҳии аҳолӣ имконият фароҳам меоварад, ба роҳ монад;
натиҷаи баҳоҳо ва фикру мулоҳизаҳои аз аҳолӣ расидаро ҳар моҳ умумӣ кунад ва ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд;
якҷо бо Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 (Ҷ.Қӯчқоров) низоми якҷо бо ҷомеа баргузор кардани таҳлили ҳарсолаи татбиқшавии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро мувофиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ҷорӣ намояд ва натиҷаҳои онро интишор кунад;
тайёр кардан, ба забонҳои хориҷӣ интишор намудан ва васеъ паҳн кардани хулосаҳои иттилоотиву таҳлилии бахшида ба натиҷаи татбиқшавии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ва татбиқ намудани чораҳои он бинобар солҳои дахлдорро таъмин намояд.
9. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо расонаҳои ахбори оммавӣ мунтазам:
васеъ шарҳ додани ҳадаф ва вазифаҳои Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ҳамчунин ба ҷомеа маънидод намудани моҳият ва мундариҷаи онро дар расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла аз тариқи шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
то ба аҳолӣ расондани маълумоти воқеӣ ва пурра дар бораи татбиқсозии чораҳои амалишаванда ва ҳолати муваффақшавӣ ба нишондиҳандаҳои мушаххаси мақсаднок дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон –2030»-ро таъмин намоянд.
10. Ҷавобгарии масъул барои самарабахш ба роҳ мондани иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи роҳбарони вазоратҳо ва идораҳо, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузошта шавад.
Баррасии ҷараёни иҷрои Фармони мазкур дар ҳар нимсола, татбиқсозии ҳамоҳангӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ гузошта шавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи чораҳои татбиқшуда ҳар моҳ маълумот дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
11 сентябри соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: