ЭҲЁИ ТАБИАТ – ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ҲАМА

Имрӯзҳо муносибати бефарқонаву бераҳмонаи баъзе шахсони аз маданияти экологӣ фарсахҳо дур, ки ба масъалаҳои сарсабзу обод намудани муҳити зист аз паси панҷа менигаранд ва аз сарватҳои табиат одилонаву оқилона истифода намебаранд ва боз “болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин ба ҷойи хостаашон партофтани хасу хасрӯбаҳо, боқимондаи сигору коғазҳои яхмосу шириниро дидан табъро хира мекунад.

Боре тавассути шоҳроҳи «Самарқанд – Оҳалик» пули рӯди Дарғамро убур мекардем, нақлиёти сабукрави гаронбаҳо суръаташро суст карду касе аз тирезаи ақиб халтаи даҳонбастаи партовро сӯйи дарё андохт.
Вақтҳои охир манзараҳои аз ин ҳам нохушро дар назди биноҳои бисёрқабата ва шифохонаҳои шаҳр мебинем, ки баъди чодари сиёҳ пӯшидани осмон аз тирезаҳо коғазпораҳои фишурда, пӯсти маҳсулоти полизу мева, писта, халтачаҳои селафанӣ ва ғайра мисли метеорит «парвоз» доранд. Ана баъд аз субҳи содиқ бечора кӯчарӯбу фаррошон (албатта бо дуои бади «дасташ шиканад!») бо тоза кардани партов овораанд.
Пас аз танқид дар расонаҳои ахбор ва талаби замон дар кӯчаҳои марказӣ, назди хонаҳои истиқоматӣ, гузару маҳаллаҳои Самарқанд қуттиҳои партовро гузоштанд, ки пагоҳ ва бегоҳ нақлиёти махсус партовро ҷамъ карда, аз шаҳр берун баранд. Аммо сад афсӯс, ки ашхоси худбин хасу хокрӯбаҳои хонадонро ба қуттии махсус не, атрофи он партофта мераванд. Агар шумо, «Ҳой, инсоф доред, чаро ин тавр мекунед, ана қуттӣ-ку?!» гӯед, густохона «ходимони идораи ободонӣ барои кадом корашон маош мегиранд?» гуфта дӯғ ҳам мезананд.
Кас аз тааҷҷуб гиребон медораду халос. Дуруст, ин турфа мардум дар гӯшаву канори Самарқанд манзил гирифтаанд ва фикр мекунанд, ки дар деҳот чунин рафтор кардан мумкин асту чаро дар шаҳр не?!
Ба назари мо чунин ашхосе, ки меҳнату заҳмати кӯчарӯбу фаррошҳоро қадр намекунанд, бояд ҷарима гардида, ба тартиб оварда шаванд.

Аз японҳо ибрат гирем

Ба масъалаи тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва аз айёми бачагӣ насли наврасро ба қадри заҳмати фаррош расидан ёд додан дар дунё ягон халқ ба японҳо баробар набошанд. Дар мактабҳои Ҷопон вазифаи фаррош нест. Дар кишвари офтоббаро хонандагон пас аз дарс бо навбат, дастҷамъона синфхона, долон ва ҳавлии таълимгоҳро мерӯбанд, мешӯянд ва ба тартиб меоранд. Шояд аз ҳамин сабаб кӯча ва хиёбонҳои ин кишвар тозаву озода.
Ҳоло дар дунё ҳамчун шаҳри сабз, зебо, гулпӯш ва ҳавояш тоза Сингапур эътироф шудааст. Агар шумо дар ин мамлакат ҳангоми ба кӯча боқимондаи сигор, коғази ширинӣ ёки қуттии яхмос партофтан ба даст афтед, бори нахуст 300 доллар, даъфаи дуюм ҳазор доллар ҷарима медиҳед. Дар қитъаи Австралия шишаи холиро дар истироҳатгоҳ ёки кӯча гузоред, чеки 90 евро ҷарима интизори шумо аст. Ба наздикӣ ҳукумати ин давлат қонун қабул кард, ки агар шахс партовро ба ҷойи махсус нагузорад ва ё ба намудҳо ҷудо накунад, аз 5 то се ҳазор евро ҷарима месупорад.
Мардуми Олмон натанҳо бо хислатҳои нукта ба нукта, пухтакору мураттаб, инчунин табиатдӯстӣ куллан фарқ мекунанд. Дар боби 29-уми кодекси ҷиноии кишвари мазкур қайд шудааст, ки шахси қонуншикан доир ба масъалаи зарар овардан ба обанборҳо, қишри замин, ҳаво, хуллас табиат то панҷ сол, агар зиёнрасонӣ бештар бошад, то 10 сол аз озодӣ маҳрум мешаванд.
Воқеан, шаҳри Калгарии Канада маҳз аз ҷаримаандозӣ ба қонуншикании эҳёи табиат ба яке аз шаҳрҳои тозаи қитъаи Амрико табдил ёфт. Зеро шахсе, ки пасмондаи сигорро аз тирезаи мошин партояд, ҳазор доллар ҷарима хоҳад дод. Агар аз воситаи нақлиёт партовро ба сӯе ғурронад, 750 доллар, ахлотро ба ҷойи махсуси муайяншуда нагузорад, 500 доллар ҷарима медиҳад.

Носкаш аз мурғ фарқ надорад

Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки дар кишварҳои хориҷа барои вайрон кардани қонун доир ба ҳифзи табиат ниҳоят сахт аст. Бинобар ҳамин ҳангоми сайёҳон ба Самарқанд ташриф овардан, ҳолатҳои нохуши муносибати мардумро ба табиат, муҳити зист дида ҳайрон шуда, ба якдигар бо тааҷҷуб менигаранд. Охир дар кӯчаҳои марказӣ дари нақлиётро кушода носро мисли паррандаи наҷосаткунанда туф кардани баъзе ронандагони бешарму бефаросатро чӣ тавр бояд шарҳ дод?!
Раҳматӣ падари бузургворам шахсони носкашро ба мурғ монанд мекарданд.
Дар масъалаи носкашӣ ривояти аҷиберо аз матбуоти Эрон хонда будам, ки мантиқаш хеле олиҷаноб аст. Як шахси тақводор нос тайёр карда ҳаёт ба сар мебурдааст. Як дафъа ӯ носро тайёр мекунаду ба хондани намози бомдод меравад. Баъди бозгашт омада мебинад, ки муш аз болои ғарами нос гузашта меравад. Мӯйсафеди худотарс назди муллои масҷид рафта маслиҳат мепурсад, ки чӣ бояд кард?! Домулло бо афсӯс сар ҷунбонда мегӯяд, ки «пойи муш ифлос шуд, акнун чӣ кор мекунем?!».

Эҳёи табиат – дар эътибори давлат

Чанде пеш сарвари давлатамон ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба лоиҳаи бунёди «макони сабз» ва коркард бо партов гузаронида, таъкид кард, ки муаммоҳои беҳдошти табиатро на танҳо бо роҳи маъмурӣ, балки дар рӯҳи табиатдӯстӣ тарбияи насли наврасро ҳал кардан лозим.
Аз ин ҷо бармеояд, ки мудирони таълимгоҳ, омӯзгорон, мураббиён ҳар рӯзу ҳар соат ба шогирдон доир ба моҳияти зист бештару хубтар таълиму тарбия диҳанд. Алалхусус, фаъолони гузару маҳаллаҳо, мӯйсафедони рӯзгордида бо масъалаи шинондани ниҳолҳои меваноку манзаравӣ, гулбуттаҳо машғул шаванд.
Воқеан ҳадисе ҳаст, ки Пайғамбарамон (с.а.в.) таъкид кардаанд, ки хабари қиёматқоим эълон шавад ҳам ниҳол шинонидан зарур. 
Аммо як ҳолати нохуши «ба ман чӣ, ин кори ман не» вуҷуд дорад, ки ниҳоят ташвишовар аст. Калонсолҳо медонанд, дар давраи шӯравӣ ибораи «ин азони мо, ин азони ҳама» вуҷуд дошт. Ҳозир акси ин ҳолатро мебинем, ки ба тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад.
Захираҳои модарзамин, эҳёи «макони сабз» асоси дасторхони пурфайзу пурбаракоти аҳолии сермиллати кишварамон буда, иқтидори иқтисодии моро муайян мекунад, мустақилии озуқавиро мустаҳкам сохта, ба маънои том ватанамон ҷаннати рӯйи замин хоҳад шуд.
Фаромӯш накунем, ки ҳамаи мо барои ояндаи табиати зебо, дилнишин, хушҳаво ҷавобгӯ ҳастем. Эҳёи табиат қарзи муқаддаси ҳама аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: