Дар қаламрави Ӯзбекистон заминларза рух дод

Имрӯз, 30 январ, соати 03:27 ба вақти Тошканд дар Ӯзбекистон заминларза рух дод. Маркази заминларза дар минтақаи марзии Чину Қирғизистон воқеъ будааст.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, шиддати он 6,1 балл ва умқи он 15 километрро ташкил додааст. Масофа аз маркази зилзила то Тошкент ба самти чануби шарқӣ 800 километр мебошад.

Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:

Вилояти Андиҷон: 2 балл, 542 км.

Вилояти Фарғона: 2 балл, 597 км.

Вилояти Наманган: 2 балл, 597 км.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: