Оре, санаи 8-уми март барои роҳбари шуъбаи маданияти ноҳияи Самарқанди шаҳри ҳамном – Хурсандой Ғозиева ид болои ид аст.
Сарчашмаи ҳаёти ҷаҳонанд
модарон,
Зиннатфизои давру замонанд
модарон.
Оре, санаи 8-уми март барои роҳбари шуъбаи маданияти ноҳияи Самарқанди шаҳри ҳамном – Хурсандой Ғозиева ид болои ид аст. Аввало, он рӯзи мавлудаш, дуюм, иди байналхалқии занону духтарон.
Ин зани ташаббускору масъулиятшинос, ботамкину ором, хоксору дилёб ва аз ҳама муҳимаш, машъалафрӯзи фарҳангро солҳо инҷониб аз наздик мешиносам. Кайҳо боз ният доштам, ки дар бораи зиндагиномааш чизе иншо кунам. Инак, он ният дар остонаи иди бонувон амалӣ шуд.
ЯТИМӢ
Рӯзи 8-уми март модар, ҳарчанд «дуҷон» буд, барои аҳли оила наҳорӣ тайёр кард. Баъди шукронаи нозу неъмату ғундоштани дастархон ҳама ба чор сӯ рафтанд. Ба соҳибхона Пӯлодой Маъруфӣ кадоме хабари нохуш овард – писарашро баъди садамаи автомобилӣ ба шифохона бурдаанд.
Бечора модар аз тарс дар рӯйи ҳавлӣ тифлаки ҳафтмоҳаро таваллуд кард, аз куҷое хоҳараш расида омад.
– Ана ин духтарчаро гир, – саросема гуфт вай. – Ман ба шифохона меравам. Писаракам… Модар пойлучу сарлуч, сӯйи табобатхона тохт. Шифокорон барои аз панҷаи марг раҳоӣ додани ҷабрдида мубориза мебурданд. Ҷарроҳӣ қариб панҷ соат кашол ёфт. Сипас модар дар атрофи ҷигаргӯшааш парвона шуд. Аз асаби вайрону дили бирён гоҳ баҳушу гоҳ беҳуш буд. Фақат рӯзи ҳафтум ба худ омад.
Хушбахтона, аҳволи писараш низ беҳтар шуд.
– Акнун ба ту ҷавоб, – гуфт ҳамсараш Болтаамак. – Дар хона боз духтарча дорӣ…
– Магар вай зинда аст? – ҳайрон шуд модар, – кӯдак норасида буд-ку?!
Аҳли оила аз хурсандӣ ба духтарча Хурсандой ном гузоштанд. Фарзанди хурди хонадон, ростӣ, «эрка»-и аъзои оила буд. Ширингуфториву ширинрафтории Хурсандой ба дилҳо завқ мебахшид. Вале дареғо, ки хандаҳои беғашу дилнишини ӯ муваққатӣ будаанд. Зеро эркаи хонадон дар панҷсолагӣ аз модари меҳрубон ятим монд. Сарвари оила Болтаамак ҳам падар буду ҳам модар. Дигар хонадор нашуда, фарзандонро бо меҳр парварид ва кӯшиш кард, ки онҳо соҳиби фазилату одоби нек, хату савод шаванд. Барои зиндагии шоиставу арзандаи фарзандон шароити мусоидро фароҳам овард.
Хурсандой ҳангоми таҳсил дар мактаби рақами 25-и деҳаи Боғимайдон аъзои фаъоли китобхонаи таълимгоҳ гардид. Асарҳои адибони тоҷику ғайритоҷикро пайваста мутолиа кард. Қиссаи Устод Садриддин Айнӣ «Ятим» ба вай таъсири калон гузошт.
Муаллимаи фанни адабиёт Хайринисо Ҳамидова мавзӯи «Мирзо Турсунзода – шоири лирик»-ро гузашта, ба толибилмон супориш дод, ки ҳар кадом ба тарзи ихтиёрӣ аз ашъори ин шоири номдори тоҷик шеъреро аз ёд кунад.
Рӯзи дигар Хурсандой «Модарам» ном шеъри шоирро аз ёд хонда дод.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи
ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯйи
ту дар ёд нест...
Гиря гулӯгираш шуд, муаллима ашки сӯзони ӯро дида, кифоя, баҳоят «аъло» – гуфт.
Маҳз бинобар аз ёд қироат кардани порчае аз достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода вай донишҷӯйи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тошканд гардид. Бояд гуфт, ки ӯ аввал ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд супорид, лекин аз иншо баҳои ғайриқаноатбахш гирифт, устодонаш аз ин ҳол дар ҳайрат монданд.
Ҳамгузараш, корманди факултаи мазкур Абдуқодир Носиров, ки аз дониш ва дилбастагии ӯ ба адабиёт хабардор буд, тасаллӣ дод.
Хурсандой ба китобхонаи марказии ноҳия ба кор омад ва бештар ба олами адабиёт ворид шуд. Дар шафати китобхона хонаи маданият низ вуҷуд дошт, дар он ҷо фаъолияташро дар ансамбли «Шашмақом» оғоз кард. Дар чанд озмуну намоишномаҳои театрӣ нақш бозида, ба эътирофу эҳтироми мухлисон сазовор гашт.
«ҶОНИ ШИРИН»-И ҶОНБАХШ
Соли дигар бо тавсияи ҳамкорону устодон, алалхусус зани маърифатпарвар равоншод Лиза Раҳимова ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тошканд супурд. Имтиҳони эҷодиро Насриев ном муаллим қабул намуд. Ба Хурсандой мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти шоири инқилобӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ» афтод. Довталаб бо лафзи омехтаи тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҷавоб дод. Муаллим аз ӯ пурсид, ки оё ягон шеър медонад?
– Албатта, – қатъӣ ҷавоб дод Хурсандой, – фақат бештар ба тоҷикӣ.
– Ку, гӯшамон ба ту!
Хурсандой достони «Ҷони ширин»-и устод Мирзо Турсунзодаро бо эҳсосот ва ифоданок қироат кард.
– Офарин, – гуфт Насриев, ки аслан зодаи Хуҷанд буда, бо амри тақдир дар Тошканд мезистааст. – Духтарам, ту аз имтиҳон гузаштӣ.
Сипас, ӯ дар донишгоҳ аз бисёр санъаткорони номдор сабақ гирифт. Ҳатто дар маҳфили балет, ки роҳбари бадеии он Бернора Қориева буд, ширкат варзид.
БО ПАЙРОҲАҲОИ УСТОДОН
Хурсандой Ғозиева бо дипломи мактаби олӣ боз ба Самарқанд омад. Аввал ҷонишин, сипас мудири шуъбаи маданияти ноҳия таъин гардид. Бо кӯшишу ғайрати ӯ дастаи ҳунарии «Шашмақом» шуҳрат ёфт. Ҳофизи машҳур, оҳангсозу муғаннӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро устоди ғоибонаи худ қабул кард.
Адабиёту рисолаҳои гуногунро оид ба «Шашмақом» варақ зада, таъриху нозукиҳои онро пайваста омӯхт. Аз осорхонаи Донишкадаи давлатии санъати Самарқанд пластинка – қартаҳои граммофонии устод Ҳоҷӣ Абдулазизро, ки соли 1911 сабт шудаанд, пайдо кард.
Ҳоло ҳар гоҳ сурудҳои «Гулъузорам», «Бебокча», «Ушшоқи Самарқанд», «Боғи гул» ва ғайраро шунавад, руҳаш болида мегардад. Алъон ихлосмандони мусиқӣ оҳангҳои «Шашмақом»-ро, ки ҳунарпешагони бомаҳорати ноҳия чун Ҷӯрақул Солеев, Ҳазратқул Ҳамроқулов, Сарҳад Рофеев, Умеда Ҷӯраева, Ҳасан Нуруллоев, Маъруф Бозоров, Иноятуллоҳ Раҳмонов, Ҷонибек Ҳусейнов, Лола Саидова ва дигарон иҷро менамоянд, бо кафкӯбӣ ва гулдастаҳои тару тоза истиқбол мекунанд. Дар барномаҳои консертии онҳо таронаҳое, ки хоси сабку услуби Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов буда, ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ суруда шудаанд, чун «Сарахбори ороми ҷон», «Қашқарчаи бузург», «Қурбон ӯлам», «Чапандоз», «Чоргоҳ», «Дар ҳаваси рӯи ту бошам» ва ғайра аз дилу дидаи мухлисон ҷой гирифтаанд.
Алҳол дар ноҳия тадбире нест, ки бидуни иштироки санъаткорони Хонаи маданият гузарад. Хурсандой Ғозиева роҳбари бадеии он мебошад.
Дастаи ҳунарӣ ба озмуни байналхалқии мақом, ки дар Шаҳрисабз хоҳад гузашт, тайёрӣ мебинад.
– Аз ҳокимияти ноҳия сипосгузорем, ки моро бо асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои гуногуни миллӣ таъмин менамояд, – мегӯяд Хурсандой. – Мақсад ба мардум ғизои маънавӣ бахшидан аст. Бо сафарҳои ҳунарӣ дар вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Тошканд, Фарғона, ҳатто Хуҷанди Тоҷикистон будем. Чунин сафарҳоро минбаъд низ идома медиҳем. Ба озмуни мақомхонон омодагӣ мегирем...
Мо Хурсандой Ғозиеваро ҳам бо зодрӯз ва ҳам бо ҷашни байналхалқии бонувон самимона табрик гуфта, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кардем.
Аз Хурсанд аксар хурсанд,
Ӯ бонуи дилписанд.
Аз хидматаш мардум шод,
Ифтихори Самарқанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»