ҶИЛДИ ДУЮМИ “АНТОЛОГИЯИ НАЗМИ ӮЗБЕК” БА ТАБЪ РАСИД

Дар хонаи табъу нашри “Ладомир”-и Маскав ҷилди дуюми “Антологияи назми ӯзбек”, ки тартибдиҳандаи он шоир ва тарҷумон Михаил Снелников аст, аз чоп баромад.

Дар хонаи табъу нашри “Ладомир”-и Маскав ҷилди дуюми “Антологияи назми ӯзбек”, ки тартибдиҳандаи он шоир ва тарҷумон Михаил Снелников аст, аз чоп баромад.
Ҷилди аввали антология, ки эҷодиёти шоирони асрҳои XI-XIX-ро дарбар гирифта, аз ҷониби адабиётдӯстони  Русия ва Ӯзбекистон хуш пазируфта шуд, охири соли 2021 рӯйи чопро дида буд
.
Ба ҷилди дуюми антология осори шоирони якуним асри охир дохил карда шудааст, ки дар ин муддати тӯлонӣ дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Ӯзбекистон тағйиротҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваста буданд. Аз ҷумла, дар маҷмӯа намунаҳои назми классикӣ, ки дар давраи дохил шудан ба империяи Русия эҷод шудаанд, шеърҳои инқилобӣ ва шеърҳое, ки дар даврони шуравӣ ва истиқлолият эҷод шудаанд, ҷойгир шудааст. 
Китоб бо шеърҳои Муқимӣ ва Фурқат оғоз меёбад. Баъд бо навбат аз эҷодиёти Ҳамза, Чӯлпон, Ойбек, Ғ. Ғулом, Э. Воҳидов, А. Орипов,  дар қисмати “Даврони истиқлолият”-и он бошад, Рауф Парфӣ, Тилак Ҷӯра, Ҳалима Худойбердиева,  Хуршед Даврон, Сироҷиддин Саййид, Гӯзалбегим Матёқубова ва ғайра намунаҳо дода шудааст.
 Ба корҳои тарҷумонӣ шоирони боистеъдод рус  Н.Ушаков, Л.Пенковский, Н.Гребнев, С.Иванов, С.Сомова, М.Алигер, С.Липкин, 3.Туманова, А.Файнберг, М. Синелников, Н.Орлова, Е.Печерская, Н.Илин ва дигарон сафарбар карда шудаанд. Якчанд намуна махсус барои ин нашр тарҷума шудаанд.  Лоиҳаи «Антологияи назми ӯзбек» таҳти роҳбарии нависанда ва рӯзноманигор Галина Грибовская аз ҳисоби фонди «Санъат, илм ва варзиш»-и Алишер Усмонов амалӣ гардид.  Ба нашри китоб шоир ва мутарҷим Фахриддин Низомов, омӯзгори забони ӯзбекии Донишгоҳи забоншиносии Маскав Бегам Холманова ва муовини раиси Ҷамъияти дӯстии Русияву Ӯзбекистон, устоди Донишгоҳи молия ва саноати Маскав Азат Примов мушовир буданд.

Егор ЕРШОВ, 
махсус барои «Овози тоҷик».
МАСКАВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: