Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад

  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Маскав омад

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳад, аз Қазон ба Маскав омад.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и пойтахт Сарвари давлати моро муовини Раиси Ҳукумат – вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ба шарафи меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии Ӯзбекистон ва Русия бардошта шуда, қаровули фахрӣ саф орост. Маросими ботантанаи истиқбол барпо гардид.

Мувофиқи барномаи будубош, 6 октябр раҳбарони ду кишвар дар доираи маҳдуд ва густурда музокирот анҷом медиҳанд. Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия баррасӣ мешаванд.

Дар назар аст, ки вазъият ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу гуманитарӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ шавад. Доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат мегирад.

Сарвари Ӯзбекистон ҳамчунин бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин низ гуфтушунид хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: