ПАНҶ РӮЗИ ЯК ТИРАМОҲ

Баъд аз 25 соли аз ҳам дур буданҳо ва сардии муносибатҳо, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарҳадҳо боз шуданд, ду халқи бо ҳам дӯсту бародар оғӯш кушоданд, робитаҳо равнақ ёфтанд ва дар ҳамаи соҳаҳо марҳалаи сифатан навро касб карданд.

Аз ҷумла, моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Тибқи он, бобати табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандон ва матраҳ намудани дурнамои фаъолиятҳои эҷодӣ иқдом гузошта мешавад. Инчунин, ҳар сол як маротиба ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар сафар намуда, бо фаъолияти эҷодии ҳамкасбон ва дурнамои он ошно мегарданд. Дар асоси тавофуқ, аз 12 то 16 октябри соли 2022 ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон бо сарварии раиси он Олимҷон Ӯсаров ба Тоҷикистон қадам ранҷа карданд. Давоми панҷ рӯз ҳамкасбони ӯзбекистонӣ бо ҳампешагони худ мулоқот карда, бо дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон шинос шуданд. Сафари мазкур бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардид.
ОҒОЗ.
РӮЗИ АВВАЛ. ИСТИҚБОЛ, МУЛОҚОТ ВА ТАМОШО

12 октябр гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод аз субҳи барвақт серодам буд. Баробари тоҷикистониён, меҳмонони зиёде чи аз Ӯзбекистон ва чи аз дигар ҷумҳуриҳо тавассути ин гузаргоҳ вориди кишвари мо мешаванд. Ҳама болидаруҳ, шоду масрур. Дар лабон табассум ва бо нидои «Хуш омадед!» онҳоро хайрамақдам мегӯем. Бешубҳа, марз аввалин дарвозаест, ки аз он таассуроти нахустин ҳосил мешавад, муносибати хубу муомилаи хуши марзбонону дигар масъулон касро шод месозад. Масъулони ноҳияи Мастчоҳ бо сарварии муовини раиси ноҳия, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, гулдухтарон бо нону асал ва кормандони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интизори меҳмононанд. Баъди чанде, гурӯҳи одамон аз гузаргоҳ берун мешаванд, ки чеҳраҳои ошно – меҳмонони азизи кишваранд. Ҳайати меҳмононро муаррифӣ мекунем: Олимҷон Ӯсаров, раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, номзади илмҳои филология, дотсент, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов, муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, мушовири аршади раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Раҳимҷон Султонов, муҳаррири рӯзномаи «Ҳуррият» Абдурасул Ҷумъақулов, муҳаррири нашрияи «Асри XXI» Норқобил Ҷалилов, наворбардори шабакаи телевизионии “Ёшлар” Раҳматулло Қудратов, хабарнигори ин шабакаи телевизионӣ Ҳамза Ҷумъаев, сармуҳаррири Агентии иттилоотии “Подробно.уз” Андрей Тешаев ва муҳаррири портали хабарии “Хабар.уз” Улуғбек Орипов.
Ёздаҳ нафар – як тими пурқувват барои боздид ба кишвари мо омадаанд, ки хайрамақдамашон мегӯем ва меҳмононро ба мошинҳо мехонем. Ошноии меҳмонон бо шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон дар пеш аст.
Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд аввалин маконест, ки дар он мулоқоти ҳампешагон пешбинӣ шудааст. Масъулони рӯзномаҳои вилоятӣ ва хабарнигорон меҳмононро гарм истиқбол мегиранд. 
Раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров оид ба ҳадафи сафари ҳайати журналистони кишвараш сухан ронда, таъкид дошт, ки маҳз имзои созишномаи ҳамкорӣ байни ду иттифоқи эҷодӣ заминаи ин сафарро ба вуҷуд овард. Аз ҳайати меҳмонон Шерпӯлод Вакилов, Раҳимҷон Султонов ва аз мизбонон Илҳом Ҷамолиён, Уринбой Усмонов ин андешаҳоро тақвияти бештар медиҳанд. Дар идома меҳмонон ба идораи рӯзномаҳои вилоятӣ ошно мегарданд. Дар идораи “Суғд ҳақиқати” муҳаррир Фарҳод Ҷӯраев оид ба мактаби журналистони ҷавони назди идораи рӯзнома суҳбат мекунад, дар идораи “Согдийская правда” Исҳоқҷон Зокиров перомуни фаъолият дар шароити буҳронӣ таҷрибаи нашрияро изҳор медорад, муҳаррири “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон Шарифзода аз истифодаи усулҳои ҷолибсозии матолиби чопӣ ва истифодаи муассири шабакаҳои иҷтимоӣ нақл мекунад. 
Аз майдони эҷод меҳмононро ба коргоҳи муосири саноатӣ – Корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” мебаранд. Технологияи ҷадиду навтарин, истеҳсоли молҳои ба рақобат тобовар тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва қимати муносиби маҳсулоти тайёр ба меҳмонон завқ мебахшид. Суҳбати журналистону мутахассисони корхонаи “Ҷавонӣ” то дер идома меёбад. 
– Агар ками дигар суҳбатамон тӯл кашад, аз дидани ғуруби Офтоб ба дили “Баҳри тоҷик”, ки зебоии афсонавие дорад, бенасиб мемонем, – мегӯяд котиби матбуотии шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзода ва роҳ пеш мегирем ҷониби Гулистон – шаҳри ҷавону зебои канори “Баҳри тоҷик”. Дар қароргоҳи Роҳбари мамлакатамон меҳмонон ба тааҷҷуб меоянд: “Оё ҳамагон метавонанд ин ҷоро бубинанд?”. 
– На танҳо метавонанд, – мегӯяд роҳбалади мо, муҳаррири рӯзномаи “Соҳил” Назришоҳзода, – балки имкон доранд бо аҳли оила омада, дар ин ҷо истироҳат ва хурсандӣ кунанд. 
Ба толоре ворид мешавем, ки шоҳиди мулоқотҳои роҳбарони аввали кишварҳост, макони имзои созишномаҳост ва қадамҷойи мардони рақами аввали сиёсӣ аст. Аз меъмории зебо, ороиши аҷиби ин макон меҳмонон ба ваҷд меоянд, акс мегиранд, хотираҳоро нақш мекунанд ва барои наздикони худ мефиристанд. Хусусан, дар канори соҳили “Баҳри тоҷик” гардиш намудан, бо осоишгоҳи машҳури “Баҳористон” шинос шудан ва тамошои ғуруби Офтоб лаззати хосса мебахшад. Рӯзи аввали сафари меҳмонон бо хаёлоти рангин паси сар мешавад.

РӮЗИ ДУВУМ. 
РОҲУ НАҚБ, ДАРЁИ ВАРЗОБ, ШИРКАТИ ТАЛКО ВА БИҲИШТИ РӮЙИ ЗАМИН
Субҳи барвақти 13 октябр корвони мошинҳо ба сӯйи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифт. Меҳмононро роҳҳои васеъву мумфарш ва ободи мо ба ваҷд меовард. Хусусан, нақбҳои “Шаҳристон”, “Истиқлол” ва убур аз онҳо ҷолиби диққат буд. Борҳо мошинро нигоҳ дошта, аз ҳавои муаттари Шаҳристон нафаси тоза гирифтанд, роҳҳои мумфарши ағбаҳои Анзобу Шаҳристонро наворбардорӣ карданд, бо инфрасохторҳои шоҳроҳ ошно шуданд. Вақте аз Ҳушёрӣ гузаштему дарёи Варзоб намоён шуд, роҳбари ҳайат хоҳиш кард, ки мошинро нигоҳ дорем. Ба нигоҳҳои пурсуоли худ чунин ҷавоб шунидем: “Солҳо орзуи аз дарёи Варзоб як каф об нӯшиданро доштам, мехоҳам ниятамро амалӣ кунам”. 
– Охир, об хеле сард аст,– вале ба суханони мо гӯш надода, ба соҳили рӯди овозадори Варзоб фуромад Олимҷон Ӯсаров ва шикамсерӣ нӯшид, дасту рӯй шуст ва бо руҳи болида ба назди ҳамроҳон баргашт. 
– Таърифашро шунида будам, имрӯз ба орзуям расидам. Оби нуқрафому софу зулол, табиати беҳамто ва манзараҳои зебои Варзоб мурғи илҳомро ба парвоз меоранд, – мегӯяд Олимҷон ва сафарамонро идома медиҳем.
Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо мусоидати раиси шаҳри Душанбе, шаҳрдори соҳибикрому ҷавон Рустами Эмомалӣ барои меҳмонон имконияти беҳтарини фароғату дамгирӣ муҳайё шудааст. Мизбонон бо садои карнаю сурнай меҳмононро истиқбол мегиранд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода роҳбаладӣ мекунад. Баъди чанде танаффус ва тановули ғизо, сӯйи шаҳри Турсунзода равона мешавем. 
Дар даромадгоҳи ширкати ТАЛКО меҳмононро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо барномаи ҷолиби консертӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешвоз мегиранд. Шиносоӣ бо осорхонаи ТАЛКО махзани иттилоотро дар бораи ин корхонаи бузурги Осиёи Марказӣ барои меҳмонон мекушояд. Норқобил Ҷалилов, муҳаррири нашрияи “Асри XXI”, мегӯяд: 
– Мо дар бораи ин корхона қариб маълумот надоштем, фақат шунида будем, ки гӯё ҳавои атрофро ғализ мекунад. Имрӯз бо чашми худ дидем, ки дар атрофи ин корхонаи бузург истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар авҷ аст, онро дарахтони сарсабзу сояафкану мевадор иҳота кардаанд, мушкилотеро барои муҳити зист намебинем. Дар суҳбат намояндаи ширкат низ аз хусуси халал надидани муҳити зисти атроф изҳори андеша кард. Ба як сухан, ТАЛКО ҳам аз нигоҳи экологӣ ва ҳам аз нигоҳи истеҳсолот корхонаи муқтадир ва фоидаовар на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. 
Абдурасул Ҷумъақулов, ки зодаи Сурхондарё аст, мегӯяд: 
– Бори аввал ба Тоҷикистон омадаам ва дар корхонаи “Алюмин проф” дидем, ки маҳсулоти ин корхона, асосан, ба Ӯзбекистон содир мешавад ва барои эҳтиёҷоти мардуми ҷумҳурии мо нигаронда шудааст.
Аз корхонаҳои саноатии зикршуда то боғи Сомон, ки бо ангурҳои шаҳдбораш шуҳратёр аст, масофа дур нест. Роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” Маҳмадамин Камолов мегӯяд, ки дар мавсим то 5 ҳазор коргарро ҷалб мекунанд ва ангурҳояшон, асосан, ба хориҷи кишвар содир мешавад. Рангорангии маҳсулот, тозагии муҳити атроф, ҳосили фаровон эътибори меҳмононро бештар ҷалб сохт. Ҳамза Ҷумъаев, ки гузоришро барои шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон 24” омода мекард, мегӯяд: 
–Ин ҷо аз ширкати ТАЛКО чандон дур нест, вале шаҳди ин ангурҳо аз безарарии заводи алюминий шаҳодат медиҳад. Дар оғӯши ин биҳишти рӯйи Замин лаҳзае будан таассуроте дорад, ки ногуфтанист. Мо, воқеан, худро дар биҳиште мебинем, ки номаш Тоҷикистон аст.
Аз шаҳди ангурҳои рангоранги “Боғи Сомон” ком ширин мекунем, аз суҳбати роҳбари хоҷагӣ файз мебарем ва бо як ҷаҳон таассурот ба пойтахт бармегардем. Раҳораҳ ронандаи мо қиссаи воқеиро нақл мекунад. Як марди араб баъди боздид аз “Боғи Сомон” ва Тоҷикистон ба ватани худ бармегардад ва ба дӯсташ қисса мекунад: “Дар кишваре будам, ки боғи пур аз меваи шаҳдбор дорад, даст меёзиву хӯшаи ангурро тибқи хоҳишат ба даст меорӣ ва истеъмол мекунӣ. Дӯсташ мегӯяд: – Нагӯйӣ, ки ба биҳишт рафта будам?!”.
Ҳама аз ин қиссаи ширин лаззат мебаранд. 
— Аммо воқеият ин аст,– мегӯяд Раҳимҷонака Султонов, ки бузургсоли корвони журналистони Ӯзбекистон аст, – мо имрӯз биҳишти воқеиро дидем. Мо ҳам ангур дорем, аммо шаҳди ангурҳои шумо дигар аст,– хулоса мекунад пири кор ва бо ин хулоса ҳама ҳамовоз мегарданд. 

РӮЗИ СЕЮМ. 
“ТОҶИКФИЛМ”, МУЛОҚОТ БО ҲАМКАСБОН ВА МУЪҶИЗАҲОИ ОЛАМГИРИ ДУШАНБЕ

14 октябр ба дидани аввалин маконе, ки меҳмонон хеле хоҳиш карда буданд, Киностудияи “Тоҷикфилм” меравем. Дар саҳни он меҳмононро самимона истиқбол мегиранд ва ибтидо аз павилёни ба тозагӣ таҳияшуда, ки сабти филми муштараки киносозони тоҷику ӯзбек роҷеъ ба рӯзгору осори Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар назар аст, дидан мекунем. Малоҳат Абдуллоева, ки таҷрибаи ғании фаъолият дар соҳаи синаморо дорад, аз хусуси нақшаҳои эҷодии “Тоҷикфилм” ҳикоят мекунад. Сипас, бо ҳузури раиси Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён мулоқоти ҷолиби меҳмонон бо кормандони соҳа доир мегардад. Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид месозад, ки, аллакай, киносозони ду кишвар ба корҳои амалӣ мегузаранд ва дар баробари таҳияи филми муштарак, робитаҳояшон дар ин бахш торафт зиёдтару беҳтар мегардад. Ба меҳмонон тамошои павилёне, ки он ҷо аз рӯйи достонҳои машҳури “Шоҳнома” филм гирифтаанд, кинотолори ба номи Тоҳир Собиров ва маҷмуаи аксҳои киносозони тоҷик писанд меояд. Роҳбари “Тоҷикфилм” аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон бобати рушди синамо нақл карда, дастовардҳои мавҷударо самараи таҳия ва қабули Барномаи давлатии рушди кино аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад. 
Олимҷон Ӯсаров ба аксҳо менигараду ҳунарманди зиндаёди тоҷик Ато Муҳаммадҷоновро мешиносад, ки дар филмҳои ӯзбекӣ низ нақшҳои асосиро иҷро кардаву дар Ӯзбекистон маҳбубияти зиёде дорад. 
Ба меҳмонон оид ба нақшаҳои эҷодии киносозони тоҷик маълумоти муфассал дода шуд. Инчунин, онҳо навори омодашавии филми муштараки киносозони тоҷику ӯзбекро пешниҳод сохтанд, ки бо мамнуният қабул шуд.
Дар паҳлуи Киностудияи “Тоҷикфилм” шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Синамо” ҷойгиранд. Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти онҳо, таваҷҷуҳи меҳмононро таҷҳизоти муосири сабту наворгирии мусобиқаҳои варзишӣ ва, хусусан эфири мустақим, ба худ ҷалб кард. Директори ТВ “Варзиш” Парвиз Нориён таъкид дошт, ки он гоҳо то 10 соат мустақим идома меёбад ва кормандони шабака барои дар сатҳи баланди касбӣ инъикос намудани мусобиқаҳои варзишӣ таҷрибаи хос доранд.
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ, дар толори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мулоқот бо роҳбарону намояндагони ВАО-и Тоҷикистон доир шуд. Саъдӣ Маҳдӣ, директори Академияи ВАО, меҳмононро хушомадед гуфта, риштаи суханро ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон медиҳад. Эшон ҳозиринро барои меҳмонон муаррифӣ карда, таъкид месозад, ки маҳз иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду мамлакат имкон фароҳам овард, ки муносибатҳо ба сатҳи имрӯза бардошта шаванд. Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров ба минбар меояд. 
– Маҳали истиқомати ман дар мавзеи Булунғури Самарқанд аст,– мегӯяд ӯ, – мо ба роҳат имкони тамошои телевизионҳои тоҷикро дорем, онҳоро бо шавқи беандоза тамошо мекунем, зеро забони тоҷикӣ забони ширин аст. Тӯли чанд рӯзе, ки, инак, дар Тоҷикистон меҳмон ҳастем, ба дурустии ин ақида бовар кардем. Дар ҳар мулоқоту дидор бо ин забони шево моро хайрамақдам мегӯянд. Бовари комил дорем, ки дар оянда муносибатҳои журналистони ду кишвар боз ҳам қаринтар мешаванд ва тарҳҳои зиёдеро, ки якҷоя бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дорем, амалӣ мекунем.
Дар суханрониҳои Шерпӯлод Вакилов, Раҳимҷон Султонов, Баҳодур Раҳмонов, Норқобил Ҷалилов ва Ҳамза Ҷумъаев таъкид шуд, ки боздид аз Тоҷикистон хотироти зиёдеро дар пай дорад. Минбаъд дар саҳифаҳои воситаҳои ахбори умуми Ӯзбекистон мо баробари инъикоси сафар даҳҳо маводи ҷолибро барои хонандагонамон омода месозем. 
Бо ҷамъи меҳмонону журналистони тоҷик ба боғи Алишери Навоӣ меравем. Дар маросими ифтитоҳи ин боғ сарварони ду кишвар иштирок доштанд ва аз рӯйи пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ парда бардоштанд. Чун рамзи эҳтиром ба пояи ин ҳайкал, ки ифодакунандаи дӯстии абадии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад, сабади гул мегузорем ва ба ТВ “Душанбе” меравем.
Аввал, меҳмонон бо таҷҳизоти студияи сайёри ТВ “Душанбе”, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, ошно шуданд. Директори муассиса Маъруфҷон Оқилов зарфиятҳои студияи сайёри телевизиониро шарҳ дода, таъкид дошт, ки мутахассисони тоҷик имкон доранд, дар чорабиниҳои бузурги дигар кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, иштирок намоянд ва онҳоро дар сатҳи олӣ ба навор гиранд.
Аз шаҳомати студияи сайёри телевизионӣ ҳанӯз ба худ наомада, меҳмонон худро дар муъҷизаи дигари Душанбешаҳр – Кохи “Наврӯз” дармеёбанд. Ҳашамат, зебоӣ, ҳунари воло ва истеъдоди фавқулодаи меъморӣ забонро лол месозад. Чашм мебинаду бовар намекунад, ки ин ҳама маҳсули дастранҷи инсон аст. Толорҳои мунаққаши “Дидор”, “Гулистон”, “Аржанг”, “Зарандуд” бозгӯкунандаи ҳунари волои тоҷикони соҳибҳунар ва дорои таъриху фарҳанги куҳанбунёданд. Андешаҳои меҳмонони мафтуни тамошоро мешунавем.
Абдурасул Ҷумъақулов, муҳаррири нашрияи “Ҳуррият”: “То кунун маҷмааи меъмориеро бо чунин шаҳомат надида будам. Нақшҳои дар девору толорҳо истифодашуда баёнгари ҳунару маҳорати олии мардуми тоҷиканд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон аз қадимулайём ҳунарманду фарҳангсолоранд”.
Шерпӯлод Вакилов, муҳаррири нашрияи “Овози тоҷик”: “Таърифу тавсифи Кохи “Наврӯз”-ро шунидаву хондаем, аммо то ҳол надида будем. Ба туфайли мусоидати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ин сафар имконпазир шуд ва мо ба тамошои ин муъҷизаи санъати меъмории тоҷик муваффақ шудем. Дидему бовар ҳосил кардем, ки беҳуда он ба феҳристи “8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай” дохил нашудааст. Он, воқеан, муъҷизаи ҳаштуми олам аст”.
Баҳодур Раҳмонов, муҳаррири нашрияи “Овози Самарқанд”: “Кохи “Наврӯз”, бидуни тардид, ганҷина ё худ осорхонаи таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик мебошад”.
Достон Исмоилов, хабарнигори шабакаи телевизионии “Ёшлар”: “Маро толори “Гулистон” мафтун кард. Ин ҷо ҳунари устои исфарагӣ Усто Бурҳон ва шогирдонаш сазовори таҳсину офаринҳост. Ҳамаи толор чӯбкорӣ шудаву касро ба дунёи пурафсонаи ҳунари воло мебарад. Таассуроти олӣ ва аз тафсираш забон лол мемонад”.
Аз Кохи “Наврӯз” меҳмононро ба тамошои Маҷмааи «Истиқлол», мебарем, ки рамзи мустақилияти Тоҷикистон аст. Ошноӣ бо осорхонаи он баёнгари фарҳангу таърихи миллати бостонии мост. 
Дар ошёнаи 14-ум меҳмонон манзараҳои чор тарафи Душанберо аксбардорӣ мекунанд, бо дурбин онҳоро назора ва барои нашрия ва шабакаҳои телевизионии худ мавод омода менамоянд.
Пас аз Маҷмааи «Истиқлол» меҳмононро саёҳати шабонаи пойтахти Тоҷикистон дар автобуси дуошёна интизор аст. 
– Манзараҳои шабонаи Душанбе низ, дилкашу назаррабоянд,– мегӯяд Андрей Тешаев ва меафзояд, – хуш ба ҳоли шумо, ки чунин шаҳри зебо, тозаву озода ва мутараққӣ доред.

РӮЗИ ЧОРУМ. 
САРБАНДИ БАЛАНД ВА БОЗДИД АЗ ХУРРАМШАҲР

15 октябр меҳмонон ба шаҳри Норак сафар карданд. Раҳораҳ сохтмонҳои нав, роҳҳои обод, нақбҳои замонавӣ ва мусоид онҳоро ба ҳайрат меовард. 
– Ҳамаи ин самараи Истиқлоли давлатист, ки бо роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик шарафёб шудаанд,– мегӯяд ҳамоҳангсози барномаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наргис Муқимзода ва меафзояд: – Яке аз ҳадафҳои олии Ватани мо таъмини амнияти энергетикист ва бо сохтмони неругоҳҳои “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2”, “Роғун” ва тармими неругоҳҳои мавҷуда, аз ҷумла НБО “Норак”, ки имрӯз аз он дидан мекунем, мо тавонистем буҳрони энергетикиро бартараф созем.
– Ман дар бораи обанбори Норак матолиби зиёде хондаам,– ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Олимҷон Ӯсаров – аммо онро бори аввал мебинам. Мегӯянд, ки сарбанди 300 - метра дораду обанбораш басо зебост. 
Дар маркази шаҳри Норак меҳмононро масъулони шаҳр бо нону асал ва барномаи театрикунондашуда пешвоз мегиранд. Аввал, аз осорхонаи шаҳрӣ боздид мекунем. Аз як деҳаи хурд ба шарофати сохтмони Неругоҳи барқи обии “Норак” шаҳри муосире ба вуҷуд омад. Бунёди неругоҳ сохтмони зарбдор эълон шуд ва дар он намояндагони тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ низ иштирок доштанд. Аммо “Роғун”-ро худи Тоҷикистон месозад. 
– Ҳамин тавр, не? – мегӯяд Ҳамза Ҷумъаев ва меафзояд: – Агар НБО “Норак”-ро тамоми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сохта бошад, имрӯз эъмори НБО “Роғун” бузургтарин дастоварди истиқлоли Тоҷикистон аст. 
Ҳамагон дар канори рамзи сохтмони Неругоҳи “Норак” акс мегирем ва сипас, ба тамошои сарбанди он меравем. Сармуҳандиси Неругоҳ Маҳмадамин Маҳмадсаидзода аз таърихи бунёди сарбанд ва сифати корҳо сухан мекунад, ҳозирон ӯро саволборон мекунанд. 
– Бо сарбанди 300-метрааш НБО “Норак” ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол аст,– мегӯяд Муҳаммадсаидзода. – Дар баробари ин, “Норак” мактаби тарбияи кадрҳои соҳаи энергетика буда, имрӯз шогирдони ин мактаб дар НБО “Роғун” ва дигар сохтмонҳои бузурги ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Тамошои сарбанди нодиру обанбори зебои Норак хастагии роҳро мебарорад ва дар идома меҳмонон бо фаъолияти Неругоҳи «Норак» ошно мешаванд. 
Баъд аз тановули ғизо роҳ пеш мегирем ба ноҳияи Данғара. Дар маркази ноҳия боз ҳам мутантану шоиста пешвозамон мегиранд. Бо роҳнамоии муовини раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода роҳсипор мешавем ба корхонаи “Чжунтай-Данғара Син Силу Текстил”, ба маконе, ки дар он аз истеҳсоли ашёи хом то матои тайёр ба роҳ монда шудааст. Меҳмононро ин тарзи кор ба ҳайрат меорад, тасанно мехонанд ва бо кормандону мутахассисони ин коргоҳ суҳбати ширин мекунанд. 
Дар идомаи сафар ба мактабе меравем, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Ин ҷо акнун осорхонаест, ки китоби зиндаи таърихро мемонад. Баробари вуруд ба муассисаи таълимӣ, меҳмонон мутаҳаййир мегарданд: ин ҷо мактаб аст ё боғи ботаникӣ? Зеро дарахтони сояафкану мевадор, гулу гулбуттаҳои сабзу хуррам бӯйи муаттари гулу сунбулро ба машом меоранд. Ҳамаи ин натиҷаи заҳмати омӯзгоронамон аст, ки аз ҳар қитъаи замин самаранок истифода мебаранд. Дар осорхона матолиби хеле нодир, аксҳои ҷолиби таърихӣ зиндагиномаи Пешвои миллатро бароямон бозгӯ месозанд ва, инак, синфхонае, ки он ҷо Эмомалӣ Раҳмон пушти партаи мактабӣ дарс хондааст. Бо навбат меҳмонон пушти ин парта мешинанду барои хотира акс мебардоранд, дар китоби хотираи осорхона андешаҳояшонро сабт мекунанд. Боздид аз қасри фарҳанги ноҳияи Данғара, ки муҳташам ва хеле бузург аст, меҳмононро ба ваҷд меорад. 
– Чӣ хуш, ки дар ноҳияҳои Тоҷикистон чунин қасрҳо бунёд шудаанд,– мегӯяд Баҳодур Раҳмонов, муҳаррири нашрияи “Овози Самарқанд”. 
Дар толори қаср ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ ва видеоклипҳо пешниҳод мегардад. Меҳмонон мафтуни зебоии қасру ороиши аҷиби он мешаванд. Аз қасри фарҳанг ба чойхонаи машҳури Хуррамшаҳр меравем ва идомаи ҳунари олии аҷдодонро дар ороиши ин чойхонаи миллӣ идрок мекунем. Бо ин ҳама таассуроти наҷибу дилпазир аз Данғара ба Душанбе бармегардем. Рӯзи чоруми сафар паси сар мешавад. Сафари Панҷакенти бостонӣ дар пеш аст. 

РӮЗИ ПАНҶУМ. 
“ҲАҶҶИ ХУРД” ВА БОЗДИД АЗ САРАЗМИ БОСТОНӢ 

16 октябр рӯзи охирини сафари меҳмонон аст. Субҳи барвақт аз меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и Душанбе онҳоро ба шаҳри бостонии Панҷакент гусел мекунем. Дар деҳаи Рукнободи деҳоти Вору меҳмононро бо карнаю сурнай истиқбол мекунанд ва роҳ пеш мегирем ба мақбараи асосгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар Панҷрӯд, нахуст, мақбараи падари шеъри тоҷикро зиёрат мекунем. Сипас, бо осорхонаи он ошно мешавем. Роҳбалад аз ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои илмии профессор Герасимов нақл мекунад, аз нақши бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ин бобат ёдовар мешавад ва барои меҳмонон маълумоти кофӣ медиҳад. Раҳимҷон Султонов мегӯяд: 
– Мо, хушбахтем, ки мақбараи устод Рӯдакиро зиёрат кардем. Ин баробар бо ҳаҷҷи сағир аст. Чӣ қадар зиёд хонда будем дар бораи устод Рӯдакӣ ва эҷодиёташ. Имрӯз бо зиёрати мақбарааш ва боздид аз ватану суҳбат бо ҳамдиёронаш бори дигар ба бузургии ин шоири номдору сардафтари адабиёти классикии тоҷикон эътимод ҳосил кардем.
Аз Панҷрӯд меравем ба шаҳри бостонии Саразм. Ин шаҳри беш аз 5500-сола, ки ба номгӯйи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил аст, меҳмононро ба умқи таърих мебарад. Бостоншинос Абдурауф Раззоқов ковишҳои археологиро шарҳу тавзеҳ медиҳад ва осори ниёгонро бозгӯ мекунад. Меҳмононро маданияти қадимаи шаҳрсозиву шаҳрдории тоҷикон ба худ ҷалб месозад. Онҳо бо маълумоти фаровон ва иттилооти дақиқи таърихӣ сафари худро ҷамъбаст мекунанд. 

БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Панҷ рӯзи сафари ҳайати журналистони Ӯзбекистон, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, сипарӣ гардид. Дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм аз меҳмонон хоҳиш кардем, ки таассуроташонро дар бораи Тоҷикистон дар як ҷумла изҳор кунанд. Чунин ҷавоб гирифтем: “Роҳе, ки дар 25 сол гузашта наметавонистем, дар 25 дақиқа гузаштем, ки ин аз иқдоми сутудании ду Сарвари бузурги кишварҳоямон далолат мекунад.
Муҳаббату эҳтироми самимии мардуми Тоҷикистон нисбат ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар қадам эҳсос мешавад.
Тоҷикистон, хусусан шаҳри Душанберо, ниҳоят зебову обод дарёфтем, ташаккур ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои ин сафари хотирмон.
Тоҷикистон биҳиштест, ки дар он одамони дилсофу меҳрубон зиндагӣ доранд.
Панҷ рӯзи фаромӯшнашавандаву гуворо, мулоқотҳои самимӣ бо ҳампешагон ва лаҳзаҳои саршор аз шодиву тараб, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро бароямон муаррифӣ карданд.
Як пораи қалбамонро ин ҷо мегузорему меравем, аллакай, пазмони Тоҷикистону сокинонаш гардидаем.
Дар баробари тамошои манзараҳои нотакрори кишварамон, мо бо ҳампешагони тоҷикистонӣ ба хулосае расидем, ки шумораҳои якҷояи нашрияҳоро ба табъ расонем, табодули таҷриба намоем ва барои фаъолияти оянда тарҳҳои навро роҳандозӣ кунем.
Мо “Хайр, Тоҷикистон!” намегӯем, мо бо умед: “То дидори дигар, дӯстон!” мегӯем».
Панҷ рӯзи тирамоҳи соли 2022 сафои баҳорро дошту насими дӯстиро таблиғ менамуд. Дӯстиеро, ки асрҳо идома дорад ва оянда низ бо тарҳҳои нав ва бо шеваи гуногун дар фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон инъикос меёбад.

Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
раиси Иттифоқи 
журналистони Тоҷикистон.

(Бознашр аз шумора 3 ноябри соли 2022-юми рӯзномаи «Ҷумҳурият»)

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: