Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки ҷонишини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки ҷумҳурӣ Илҳом Мухторов, намояндагони Агентии мубориза алайҳи коррупсия ва ходимони масъули кумита доир ба мавзӯи “Сохтори назорати маҷмӯӣ дар мубориза алайҳи коррупсия дар мақомоти гумрукӣ” нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки дар давоми як соли охир ба мақсади ба зинаи нав бардоштани корҳои маъмурии гумрук, тавассути трансформатсияи рақамикунонидани амалиёти боркашонии гумрук, ҷорӣ кардани шаффофият дар фаъолияти ходимон ва ба минтақаи аз коррупсия холӣ табдил додани гумрук 28 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Пӯшида нест, ки 17 феврали соли равон таҳти роҳбарии Президент доир ба масъалаи бидуни коррупсия табдил додани соҳа маҷлис баргузор шуда буд. Ҳоло вазифаҳои дар ин маҷлис бамиёнгузошта пайгирона татбиқ мешаванд.
– Дар кору фаъолияти мо,– таъкид намуд И. Мухторов, – фармони дар моҳи апрел баимзорасидаи Президент “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба такмил додани корҳои маъмурии гумрук” дастуруламали муҳим аст.
Тибқи фармон мо барномаи фаъолияти худро бобати аз коррупсия холӣ кардани соҳа тасдиқ намудем. Аз 1 сентябри соли равон бино ба барнома сохтори назорати маҷмӯиро тибқи меъёрҳои байналхалқӣ ба роҳ мондем. Ходимони ин соҳа такмили ихтисос мекунанд. Аз 1 июл тартиби ротатсияи ходимоне, ки аз се сол зиёд дар гумрук кор кардаанд, ба роҳ монда шуд. Консепсияи шаффофияти фаъолияти мақомоти хидмати давлатии гумрукро тасдиқ намудем. То 1 октябри соли равон дар ҳамаи ситодҳои гумрукии ҷумҳурӣ тартиби “Декларатсиякунонии масофавии электронӣ” ҷорӣ карда мешавад. Ин ҳама имкон медиҳад, ки соҳаи гумрук аз коррупсия холӣ шавад. Ба роҳ мондани корҳои ҷамъиятӣ бо иштироки созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин самт самараи худро медиҳанд.
Таъкид гардид, ки дар давраи гузашта бо таркиби шахсӣ 651 маротиба, бо субъектҳои соҳибкорӣ 57 маротиба, бо аъзои оилаи ходимон 24 маротиба аз рӯйи коррупсия ва оқибатҳои ногувори он чорабиниҳо гузаронда шудаанд. Бояд таъкид кард, ки рақамикунонии сохтор беҳтарин роҳи пешгирии коррупсия дар соҳа мебошад.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.