Ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон рейси "Туркистон – Самарқанд"-ро ба роҳ мемонад

Аз 15 март ширкати ҳавопаймоии "Qazaq Air" роҳандозии парвозҳоро дар хатсайри "Туркистон-Самарқанд" ба нақша гирифтааст.

Парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба (ҷумъа, якшанбе) дар ҳавопаймои русуми De-Havilland Dash 8-Q400 анҷом дода мешаванд. Дар ин бора хабаргузории «Kazinform» бо истинод ба хидмати матбуоти Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон хабар додааст.

Тавре аз ҷониби КГА қайд шудааст, ин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон мусоидат мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: