ҲАР ЧӢ АЗ ДӮСТ МЕРАСАД, НЕКӮСТ

Дар Ӯзбекистон ҳамоҳангӣ ва ҳамҷиҳатии миллат ва халқиятҳо, дар рӯҳи кушодадилӣ, ватандӯстӣ, ҳурмат ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.

Бино ба қарори Сарассамблеяи СММ 30 июл дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналхалқии дӯстӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо ташаббуси роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев ин рӯз дар Ӯзбекистон низ ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо қайд мегардад. 
Ба ҳамин муносибат Президентамон ба ҳамватанонамон табрики идонаи худро ирсол намуд ва халқи сермиллати ҷумҳурӣ табрикотро бо хурсандӣ қабул намуд. 
Дар Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии дӯстӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он роҳбарият ва ходимони кумита, фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, меҳмонон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 
Раиси кумита Рустамбек Қурбонов тамоми ҳамватанонро бо ҷашн табрик намуда, таъкид кард, ки мо бояд дӯстона, ҳамҷиҳат ба рушду равнақи Ӯзбекистон ҳиссаи беандозаи худро гузорем. Мақсади асосии ҷашнвора низ аз кушодадилӣ, ҳамоҳангии миллатҳоро мустаҳкам намудан, бо давлатҳои хориҷӣ ва ҳамсоя муҳити боварибахш, ҳамкории муфидро ба роҳ мондан, пос доштани фарҳанг, забон, урфу одат ва арзишҳои миллии халқияту миллатҳое, ки дар Ӯзбекистон истиқомат мекунанд, иборат аст. 
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки дар чаҳорчӯбаи ҷашнвора аз 27 то 30 июл дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ ва дигар гирдиҳамоиҳои дӯстӣ  баргузор мегарданд. 
Аз ҷумла, рӯзи якум маросими гулгузорӣ дар пояи монументи истиқлолият дар боғи «Ӯзбекистони Нав»-и пойтахт барпо гардид, намоиши асарҳои санъати тасвирии байналхалқии «Палитраи дӯстӣ» дар намоишгоҳи марказии Академияи бадеӣ, намоишгоҳи асарҳои шоирон ва нависандагони халқҳои бародар бо номи «Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ» (дар Хиёбони адибон) ташкил карда шуд. 
Рӯзи дуюм таҳти номи «Мавқеи дипломатияи халқӣ дар мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо» анҷумани байналхалқӣ баргузор шуд. 
— Албатта, кишваре, ки дар он мардумаш ҳамфикр, ҳаммаслак, ҳамҷиҳат ва дӯстона ҳаёт ба сар мебарад, рӯ ба тараққӣ мениҳад, гул-гул мешукуфад. Биноҳои серошёнаи замонавӣ, хиёбонҳои гулгашт, кӯчаҳои равон, фаввораҳо, мардуми чеҳракушоду меҳмондӯсти Ӯзбекистонро дида, ба дӯстиву бародарии халқҳо чашм нарасад мегӯем, – мегӯяд раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон–Ӯзбекистон» Мубинҷон Қаюмов.
Рӯзи сеюм, бошад, тақдиронидани марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ ва ҳамкорони хориҷӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» ба амал омад. Дар чаҳорчӯби анҷумани дӯстӣ маросими тақдиронидани ғолибони озмуни видеороликҳои «Дӯстӣ», сайри идона дар боғи «Парки марказӣ»-и ноҳияи Мирзо Улуғбек ва барномаи консертӣ низ ба амал омад. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: