Гран-приро бо ду медал ба анҷом расониданд

Дар шаҳри Тьеи Фаронса мусобиқаи Гран-при оид ба гимнастикаи бадеӣ ба охир расид.

Дар машқҳои гурӯҳӣ бо 3 лента ва 2 туб ба намояндагони мо муяссар гардид, ки ба шоҳсуфа бароянд. Намояндагони Ӯзбекистон бо касби 30.550 холл ба медали биринҷӣ сазовор дониста шуданд.

Дар машқҳои гурӯҳӣ шарафи Ватани моро Мумтоза Исҳоқзода, Шахзода Иброҳимова, Ирода Содиқова, Эвелина Аталянц, Амалия Мамедова ҳимоя карданд. Дар ин тоифа ҷойҳои якум ва дуюмро гимнастҳои Фаронса ва Мексика гирифтанд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ӯзбекистон ин мусобиқаро бо 2 медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ) анҷом дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти КМО, дар рӯзи аввали мусобиқаи Гран-при ҳамватани мо Таҳмина Икромова аз рӯи барномаи бисёрҷониба бо медали меъёри баланд мукофотонида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: