БА ДАСТАИ ЯККАЧИНИ ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ

Фарзандони азизи ман!

Шуморо ба муносибати роҳ ёфтан ба талоши ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футбол дар байни ҷавонон, ки дар Қатар баргузор мегардад ва бинобар ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж самимона ва аз таҳти дил муборакбод менамоям. 
Мухлисони варзиши мамлакат, тамоми халқи сермиллати мо ин ғалабаи бемислро, ки дар таърихи футболи Ӯзбекистони азиз бори аввал ба даст омад, бо хурсандии азим ва ифтихори беназир истиқбол намуданд. 
Дар пояи ғалабаи таърихии шумо, бешубҳа эътибори ҳамешагӣ, корҳои  васеъмиқёси амалӣ дар соҳа нуҳуфтааст, ки солҳои охир дар мамлакати мо ба рушди варзиш, аз ҷумла футбол дода мешавад. 
Таҳти роҳбарии мураббиён ва мутахассисони соҳибтаҷриба варзишгарони ҷавону серғайрати мо ба ин мусобиқа ҳамаҷониба тайёрӣ диданд, дар ҳар як бозӣ маҳорати ҳақиқӣ, иродаву устуворӣ намоиш доданд, ки бидуни шак сазовори эътирофи баланд мебошад. 
Тӯли тамоми 5 бозӣ дар муборизаҳои шадид бо дастаҳои пурзӯртарини Осиё дастаи яккачини мо нафақат дарвозаи худро боэътимод ҳифз кард, балки боз ба дарвозаи ҳарифон 14 тӯб зад, ки дар таърихи футболи мо дастоварди беназир ба шумор меравад. 
Боварӣ дорам, ки шумо аз ин комёбӣ илҳом гирифта, дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти унвони ифтихории чемпиони Осиё сазоворона мубориза мебаред.
Аз имконият истифода бурда, ба ҳамаи шумо, волидайни шумо, мураббиёну устодон аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунам. 
Тамоми халқи Ӯзбекистон ба шумо бахту саодат ва пирӯзиҳои дурахшон орзу мекунанд, фарзандони азизи ман.

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: