АСОСИ МУСТАҲКАМИ ҒАЛАБАҲОИ НАВ

Дар Бозиҳои XIX-и тобистонаи осиёии воқеъ дар шаҳри Ханчжоуи Чин варзишгарони Ӯзбекистон соҳиби 22 медали тиллоӣ, 18 нуқра ва 31 биринҷӣ, ҷамъан 71 мукофот гардида, байни 45 мамлакат ба дарёфти мақоми ифтихории панҷум муваффақ шуданд.

Ҳайати варзишгаронро, ки кишвари моро шарафманд карда, иқтидори варзишии Ӯзбекистони Навро намоиш доданд, дар Аэропорти байналхалқии «Тошканд» ба номи Ислом Каримов ботантана пешвоз гирифтанд. 
Дар Бозиҳои осиёӣ, ки таҳти васояти Шӯрои олимпии Осиё гузаронида шуд, 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қитъа иштирок карданд. 
Дар бозиҳои маҷмӯии бонуфуз, ки дар 4 сол як бор гузаронида мешаванд, бинобар 38 намуди варзиш зиёда аз 370 варзишгар Ӯзбекистонро муаррифӣ намуданд. Онҳо барои медалҳои 32 хели олимпӣ ва 6 навъи ғайриолимпии варзиш талош карданд. 
Дар натиҷаи эътиборе, ки дар кишвари мо ба пешбурди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас дода мешавад,  варзишгаронамон дар Бозиҳои  осиёӣ сазовори натиҷаҳои баланд мегарданд. 
Дар маросими истиқболи тантанавии ҳайати варзишӣ, ки шарафи Ватанро дар Бозиҳои XIX Осиё ҳимоя карданд, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов иштирок кард ва номаи табрикии Президентро хонда дод. 
Намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи васеъ, мансабдорони вазоратҳо, созмонҳо, падару модарони варзишгарон, шоирон ва ҳунарпешагоне, ки дар тантана иштирок доштанд, дар бораи таассуротҳояшон аз Бозиҳои осиёӣ, ғалабаи варзишгарони мо бо шавқу ҳавас сухан гуфтанд. 
Шеъри Шоири халқии Ӯзбекистон Маҳмуд Тоир бахшида ба ғалабаи варзишгарон ва сурудҳои нотакрор дар иҷрои Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Фаррух Зокиров ва дигарон кайфияти ҷамъомадагонро дучандон боло бардоштанд.
Ғолиби мутлақи Бозиҳои XIX-и тобистонаи осиёӣ, соҳиби медали тиллоӣ, муштзан Баҳодир Ҷалолов, варзишгари ҷавонтарин, ки дар мусобиқаҳо оид ба атлетикаи сабук иштирок кардааст, барандаи медали тиллоӣ Шарифа Давронова, сармураббии дастаи яккачини Ӯзбекистон оид ба гӯштингирӣ Ризамат Солиев ва дигарон, ки аз номи варзишгарон баромад карданд, дар бораи мусобиқаҳои «Ханчжоу-2022» ва дар бораи он, ки дар мусобиқаҳои мазкур омили асосии муваффақият шароити фароҳамовардаи давлатамон буд, ибрози ақида намуданд.
Воқеан, дар иштироки бомуваффақияти варзишгарони Ӯзбекистон дар мусобиқаҳои бонуфузи қитъа қарори роҳбари давлат «Дар бораи тайёрии маҷмӯии варзишгарони Ӯзбекистон ба Бозиҳои XIX-и тобистонаи Осиё ва Бозиҳои IV-и паралимпии осиёӣ, ки дар шаҳри Ханчжоу (Чин) соли 2023 гузаронида мешавад» нақши муҳим бозид. Мувофиқи барномаи андешидашуда бобати таъмин сохтани иҷрои ин ҳуҷҷат тамоми шароитҳои зарурӣ барои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимиву машқӣ дар пояи меъёрҳои замонавӣ, баланд бардоштани таҷриба ва маҳорати варзишгарон, тайёрии ҷиддии онҳо ба мусобиқаҳои байналхалқӣ фароҳам оварда шуданд. 
Дар Бозиҳои осиёӣ бори дигар имконият ва иқтидори варзишгарони мо, ки шарафи мамлакатро дар Бозиҳои XXXIII-и олимпии воқеъ дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж ҳимоя хоҳанд кард, санҷида шуданд. 
Натиҷаҳои дар Ханчжоу бадастомада бори дигар нишон доданд, ки мураббиёну мутахассисони Ӯзбекистон тарзи тайёркунии варзишгаронро ба мусобиқаҳои маҷмӯӣ дуруст ба роҳ мондаанд. 
– Ман аз натиҷаҳое, ки дар Бозиҳои осиёӣ муваффақ гардида, шарафи Ватанамонро ҳифз намудем, хурсандам, – гуфт ғолиби бозиҳои қитъа, ҷаҳон, Олимпиада ва осиёӣ Баҳодир Ҷалолов. – Мо эътимод ва дастгирии ҳазорҳо нафар мухлисони варзиш ва халқамонро эҳсос намуда, ба мусобиқаҳо шурӯъ кардем. Комёбиҳо дар Бозиҳои осиёӣ ба шарофати имкониятҳои зиёде, ки дар мамлакатамон барои рушди варзиш, иштироки сазовор дар мусобиқоти бонуфузи варзишӣ фароҳам оварда шудаанд, ба даст омаданд. 
Оре, варзишгарони мо дар Бозиҳои осиёии Ханчжоу маҳорат, таҷриба, иқтидори худро намоиш доданд ва шарафи Ватанро сазоворона ҳифз намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бинобар ба пешрафти варзиш эътибор додан дар мамлакат варзишгароне тайёр карда мешаванд, ки қодиранд ояндаи дурахшони варзиши Ӯзбекистонро таъмин созанд, минбаъд низ ба ғалабаҳои нав ба нав муваффақ гарданд.
Дар ин ҷо қайд кардан мувофиқи мақсад аст, ки дар Бозиҳои XVIII-и осиёии соли 2018, ки дар Индонезия гузашт, ҳайати варзишии мо соҳиби 20 медали тиллоӣ, 24 нуқра ва 25 биринҷӣ, ҷамъан 69 медал гардида буд. Дар мусобиқаҳои воқеъ дар Ханчжоу бошад, онҳо барандагони 22 медали тиллоӣ, 18 нуқра ва 31 биринҷӣ, умуман 71 медал шуданд. 
Дар Бозиҳои кунунии осиёӣ намояндагони 27 мамлакат соҳиби медалҳои тиллоӣ шуданд, варзишгарони 41 давлат ҳадди ақалл бо як ҷойи ҷоизавӣ кифоят карданд. Дар ҷараёни мусобиқаҳои Ханчжоу бинобар хелҳои мухталифи варзиш 13 рекорди ҷаҳонӣ нав гардид, ки дар Бозиҳои осиёӣ нишондиҳандаи таърихӣ шуд. Бо дарназардошти он ки дар Бозиҳои осиёӣ аз Таиланд 1000, аз Ҳиндустон 700, аз Қазоқистон 527 варзишгар иштирок намуданд, он санад сазовори эътибор мебошад, ки намояндагони мо иборат аз 370 варзишгар имкониятҳои худро самарабахш истифода бурда, ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд.      
Дар Бозиҳои осиёӣ ҳамватанонамон кишварҳои Тайпейи Чин, Баҳрайн, Куриёи Шимолӣ, Гонконг, Эрон, Индонезия, Қазоқистон, Қатар, Сингапур, Малайзия, Ветнам, Кувайтро, ки дар онҳо варзиш инкишоф ёфтааст, қафо гузошта, дар ҳисоби умумикомандавӣ пас аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ҷойи ифтихории панҷумро ишғол карданд ва дар таърихи варзиши Ӯзбекистон боз як саҳифаи дурахшонро боз намуданд. Бешубҳа, ин барои муваффақ шудан ба натиҷаҳои баландтар дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки соли 2024 дар Фаронса, Бозиҳои XX-и осиёӣ, ки соли 2026 дар шаҳри Аичи-Нагояи Ҷо-пон баргузор мешаванд, асоси мустаҳкам мегузорад.
Дар маросими мутантан мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. Абдураҳмонов иштирок кард. 

Ҷавоҳир ТОШХӮҶАЕВ, Тӯлқин РӮЗИЕВ, хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: