Таэквондочӣ Ҷасур Ҷайсунов -- ноиб-чемпиони мусобиқаи "Тоскулоҳи бузрг"

Дар Вуси Чин мусобиқаи бузурги оид ба таэквондо WT аз силсилаи "Тоскулоҳи бузург" ба анҷом расид.

Боиси хушнудист, ки намояндаи мо Ҷасур Ҷайсунов дар вазни -80 кг соҳиби ҷоизаи нуқра гардид.

Давраи 1-умро Ҷайсунов озодона гузашт. Дар чорякфинал таэквондочии мо бар қаҳрамони Олимпиадаи Токио-2020 Максим Храмтсов ва дар даври ниманиҳоӣ Мирҳошим Ҳусейн аз Эрон пирӯзӣ ба даст овард. Дар бозии ҳалкунанда Ҷайсунов бар зидди эронии дигар – Меҳрони Бархордорӣ ба даян баромад. Мутаассифона, варзишгари мо аз рақибаш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ҳамин тариқ, Ҷасур Ҷайсунов дар ин мусобиқаи "Тоскулоҳи бузрг" соҳиби ҷои 2-юм шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: