Агентии активҳои давлатӣ фурӯши клуби футболи «Пахтакор»-ро муваққатан боздошт

Ду рӯз пас аз эълони оғози раванди фурӯши ҳиссаҳои давлатии клуби футболи «Пахтакор» Агентии идораи дороиҳои давлатӣ муваққатан боздоштани онро эълон кард.

Ёдовар мешавем, ки 16 январи соли равон Агентии идораи активҳои давлатӣ дар бораи оғози раванди савдои оммавии 100 фоизи ҳиссаи давлатии ҶММ «Клуби футболи «Пахтакор» хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ин қарор тибқи қарори Президенти Ӯзбекистон аз 24 марти соли 2023, ки хусусигардонии клубҳои футболро пешбинӣ мекунад, қабул шудааст. Қабули пешниҳодҳо тавассути платформаи электронии савдои E-auksion аз довталабон бояд рӯзи 15 феврал ба анҷом расад.

Сабабҳои дақиқи қарори нави Агентии активҳои давлатӣ нисбати сарнавишти ояндаи клуби футбол маълум нест. Фақат қайд карда мешавад, ки он баъди омӯзиши «афкори ҷамъиятӣ» қабул шудааст.

«Хабар дода мешавад, ки дар давоми давраи гузашта андешаҳои мардумро омӯхта, равандҳои савдои оммавии  100 фоизи саҳмияҳои давлатии ҶММ «Клуби футболи «Пахтакор» муваққатан боздошта шудаанд», - омадааст дар хабари агентӣ.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҳамчунон раиси ин клуби футбол аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: