Дар Абу-Даби «Ӯзбекистони хурд» кушода шуд

18 ноябри соли ҷорӣ дар доираи ҷашнвораи "Шайх Зоид" маросими ифтитоҳи павилони "Ӯзбекистон" дар ҳудуди Ал-Ватбаи аморати Абу-Даби баргузор шуд.

Иштирокдорони ҷашнвора метавонанд аз павилони "Ӯзбекистон" дидан кунанд ва  шоҳиди намоиши мис, маҳсулоти сафолӣ ва матоъҳои миллии дар мамлакати мо тайёр кардашуда шаванд. Инчунин, дар павилон таомҳои гуногуни миллӣ омода карда мешаванд, то ки имконоти гастрономии Ӯзбекистонро дар ҳамоҳангӣ бо сурудҳои миллӣ намоиш диҳанд.

Дар маросими ифтитоҳи ин павилон 18 ноябр ба муносибати қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Абу-Даби бо иштироки шаҳрвандони Ӯзбекистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар монитори марказии ҷашнвора парчами Ӯзбекистон намоиш дода шуда, суруди миллӣ садо дод. Инчунин дар давоми 10 дақиқа наворҳо бахшида ба иқтидори сайёҳии кишвари мо намоиш дода шуданд.

Бо иштироки намояндагиҳои дипломатӣ ва ҳамватанони фаъол дар майдони марказии ҷашнвора парад бо парчамҳо баргузор гардид.

Барои маълумот: Фестивали анъанавии мероси фарҳангии "Шайх Зоид" бори панҷум баргузор мешавад ва аз 17 ноябри соли 2023 то 9 марти соли 2024 давом мекунад. Дар шаҳраки барои ҷашнвора ташкилшуда беш аз 20 павилони кишварҳои иштирокчӣ, шаҳраки санъат, майдони «Selfiye street», Осорхонаи биёбон, майдончаҳои бозии кӯдакон, шаҳраки гул ва павилонҳои хӯрокворӣ бунёд шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: