ЗАКОВАТ ДАР МАКТАБ

Имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баробари мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, каратэ ва ғайра бозӣ ё худ мусобиқае, ки ақли хонандагону иштирокдорони онро инкишоф медиҳад, маҳорати фикрронӣ, ҷаҳонбинӣ, донишашонро меафзояд, бозии интеллектуалии “Заковат” ҷойгоҳи махсус дорад.

Имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баробари мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, каратэ ва ғайра бозӣ ё худ мусобиқае, ки ақли хонандагону иштирокдорони онро инкишоф медиҳад, маҳорати фикрронӣ, ҷаҳонбинӣ, донишашонро меафзояд, бозии интеллектуалии “Заковат” ҷойгоҳи махсус дорад. 
Воқеан, ба эфири телевизионӣ ё худ дар байни халқи кишвари мо нақш бастани ин бозии интеллектуалӣ 20 сол сипарӣ гардид, ки то ин вақт тавассути он донишмандони зиёд кашф гардиданд.  Имрӯз бошад, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Бунёди ҷамоатии дастгирӣ ва ривоҷдиҳии масс-медиаи миллӣ бозии интеллектуалии “Заковат” бори дигар мақоми худро пайдо кард. Дар шаҳри Тошканд барои мухлисон ва иштирокдорони шаҳр ва вилояти Тошканд, дар вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарё роҳандозӣ гардидани он нақши алоҳида гузошт. 
Тавре ки сухандони машҳури телевизион Абдурасул Абдуллоев дар китоби худ “Қадри дақиқа 2” қайд мекунад: “ Бозии интеллектуалӣ – спектакли ҳуҷҷатиест, ки тавассути ақлу заковати инсон пайдо мешавад. Воқеаи ба ҳар як саволи бозии интеллектуалӣ ҷавоб ёфтан, ба монанди песаи хурди зуд рушдёбанда аст. Чун песа бозии интеллектуалӣ низ мақсади асосӣ дорад. Мақсади он чӣ буданаш мумкин? Мақсад тамошобинонро тавассути мусобиқаи пурҷозиба зери ливои дониш ҷамъ намудан мебошад”. 
Бояд гуфт, ки бозии интеллектуалии “Заковат” дар мактаб бо мақсади пурмазмун гузарондани вақти холии хонандагон, афзудани қобилияти фикрронӣ, ҷаҳонбинӣ, ақлу дониш, иттифоқӣ, якдигарфаҳмӣ, дарки мантиқ ва ғайра ба хонандагону ҷавонон нақши муҳим мебозад. Имрӯз дар қатори мактабҳои дигари ноҳия дар мактабҳои рақами 9 ва 43-юми ноҳияи Бӯка низ хонандагону ҷавонон ба ин бозии интеллектуалӣ меҳри беандоза доранд. Албатта, ин меҳрро омӯзгорони ҷавони соҳибистеъдод Муллокучак Яҳёев ва Сафо Шодиев дар қалби хонандагон бедор кардаанд. Аз ҷониби эшон бозии “Заковат” дар давоми ҳафта байни синфҳои поёнӣ (синфҳои 5-7) ва синфҳои болоӣ (8-11) хеле хуб мегузарад. Пазмонии хонандагонро ба ин бозӣ ва дар ҳар як дидорбинӣ ғолиб омадани ягон ҷамоа ва ё хонандагони ягон синф инро дарк кардан мумкин аст. Тайи се-чаҳор сол аст, ки аз ҷониби Яҳёев ва Шодиев дар ҳар ду мактаб бозии интеллектуалии “Заковат” якҷо бо ҳамкорӣ гузаронда мешавад ва аллакай тӯли ин солҳо ҷамоаи мактаб ва иштирокдорони маҳфили “Заковат” аз дигарон фарқ мекунанд ва ҷойҳои намоёнро дар мусобиқаҳои миқёси ноҳиявӣ ва байнимактабӣ ба даст меоваранд. Дар баробари ин мусобиқаҳои фаннию илмии “Фахри мо”, “Донишвар” ва “Ҳамадон” низ роҳандозӣ мегарданд. 
– Шавқи ман ба бозии интеллектуалии “Заковат” аз солҳои мактабхонӣ, ки дар телевизион пахш карда мешуд бедор шудааст, – мегӯяд омӯзгори ҷавон М.Яҳёев. – Солҳои таҳсил дар донишгоҳ ва баъди хатми он ҳангоми ба мактаби рақами 9 кор даромаданам, мехостам ин бозиро ба сифати маҳфили “Заковат” ба роҳ монам ва чунин ҳам шуд. Тӯли ин солҳо мо бозиҳои “Заковат”-ро дар ҳар ду мактаб ба роҳ мемонем ва дар ин мусобиқаҳои хонандагони синфҳо 5-7 ва 8-11 иштирок менамоянд. Фикр мекунам, ин бозӣ барои пешрафти шууру тафаккур, ақлу дониш ва васеъ гардондани ҷаҳонбинии хонандагон хидмати калон мерасонад. Ба воситаи ин мусобиқа хонандагон илмҳои дар мактаб гирифтаашонро такрор мекунанд ва чизҳои надонистаашонро дониста мегиранд. Ба наздикӣ мо байни хонандагони ҳар ду мактаб мусобиқаи “Брейн-ринг” ташкил намудем, ки дар он қариб 500 нафар хонандагони ҳар ду мактаб барои пирӯзӣ талош варзиданд. Дар ин мусобиқа баҳси илмӣ хеле зиёд шуд. Ҳамаи хонандагон дониши худро санҷиданд. Дар охир дастаи “Браво”-и мактаби 43 ғолиб баромаданд ва роҳхати саёҳат ба шаҳри Самарқандро ба даст оварданд. 
Бояд гуфт, ки имрӯз аз ҷониби Муллокучак Яҳёев дар шабакаи иҷтимоии Телеграм канали “Заковат” (тоҷикӣ) фаъолият мебарад ва он ҷавононро тариқи онлайн ба худ ҷалб кардааст. Дар давоми карантини ҷоригардида ва имрӯзҳо тавассути он бозиҳои гуногун гузаронда мешаванд. Бинобар гуфти хонандагони заковатманд зуд-зуд баргузор намудани чунин мусобиқаҳо мувофиқи мақсад мебошад. 

Меҳровари ҚОДИР.
Ноҳияи Бӯкаи
вилояти Тошканд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: