Ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё мизбони мусобиқаи навъи варзиши кураш буд, ки он дар мактаби варзишии ноҳия бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.
Мусобиқа таҳти шиори «Ӯзбекистон – кишвари ҷавонон» баргузор шуд ва мақсад аз он намоиш додани неруи воқеии ин қишри ҷомеа мебошад, ки ҳукумат онҳоро барҳақ такягоҳи худ мешуморад ва чун ояндаи дурахшони Ватан дастгирӣ мекунад.
Дар сабқат ба ҷуз аз варзишгарони вилояти Қашқадарё аз вилояти Самарқанд низ 200 нафар иштирок намуданд.
Сабқат бо муборизаҳои пуршиддати паҳлавонони нишонӣ ва гӯштигирон аз ноҳияҳои Косон, Миришкор, Касбӣ, Яккабоғ, Ғузор, Қаршӣ ва Китобу Шаҳрисабз оғоз гардида, басо хотирмон ба поён расид. Хоса, ширкати ҷавонони паҳлавон аз Самарқанд ба шиддати мусобиқа афзуда, иштирокдорони онро водор сохт, ки ба ин навъи варзиш хеле ҷиддӣ муносибат кунанд.
Бояд таъкид кард, ки дар рафти мусобиқаҳо ба ҷавонони варзишгар ва ҳаводорони онҳо дар хусуси назарсанҷии умумӣ бахшида ба тағйиру иловаҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ маълумоти дақиқ дода, муҳим будани ин маърака фаҳмонда шуд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.