Солҳои охир шатранҷбозони кишвари мо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд.
Ҳоло гроссмейстери байналхалқӣ Нодирбек Абдусатторов ба рӯйихати даҳ нафар шоҳмотбозони дунё дохил шудааст.
Чанде пеш аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб хушхабар расид. Дар ин ҷо мусобиқаи байналхалқӣ баргузор гардид, ки 112 дастаи мунтахаб барои пирӯзӣ талош варзиданд.
Гроссмейстерҳои байналхалқӣ, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Ҷавоҳир Синдоров (рейтинг 2684) ва Ҷаҳонгир Воҳидов, ки шарафи дастаи яккачини мунтахаби «Роял чейс Самарқанд»-ро ҳимоя кардаанд, ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Шоҳсуфаи баланд ба вакилони Русия, гроссмейстерҳои байналхалқӣ В. Артёмов ва В. Мурзин насиб гашт.
Ғолибон бо мукофотҳои хотиравӣ ва маблағҳои рағбаткунанда сарфароз гардиданд.
– Соли 2026 дар Самарқанд Бозиҳои олимпӣ оид ба шоҳмот баргузор мешавад, – гуфт ҷонишини раиси Федератсияи шоҳмоти Самарқанд гроссмейстери байналхалқӣ Тоҳир Воҳидов. – Дар мусобиқа ҷавонон шарафи кишвари азизамонро ҳимоят мекунанд. Машқ ва шуғли донаронии ҳаррӯза сайқали истеъдоди варзишгарон мебошад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
САМАРҚАНД.