Президенти Ӯзбекистон бо раиси Бонки содироту воридоти Чин мулоқот кард

Дар чаҳорчӯби барномаи будубош дар Пекин Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси Бонки содироту воридоти Чин Ву Фулинро кабул кард.

Бонки содироту воридоти Чин соли 1994 таъсис ёфтааст. Активҳои зиёда аз 800 миллиард доллар дорад. Ин як ниҳоди пешбари молиявии Чин оид ба дастгирии тиҷорати хориҷӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ мебошад.

Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки маҷмӯи лоиҳаҳои муштарак дар кишвари мо ба 3,5 миллиард доллар расидааст. Нақшаҳои бонк оид ба ифтитоҳи намояндагии минтақавӣ дар шаҳри Тошканд ва омода намудани лоиҳаҳои нави ояндадор барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, саноат ва бахши хусусӣ баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: