КИБЕРТАҲДИД – МАСЪАЛАИ ФАРДО НЕСТ, ИМРӮЗ АСТ

Ҳаёти моро бе технологияи замонавӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Ҳаёти моро бе технологияи замонавӣ тасаввур кардан мумкин нест. Аммо пешрафти илм як масъалаи дигари ҷаҳониро ба мавзӯи рӯз гузошта истодааст. Намудҳои нави ҷиноятҳо, аз қабили паҳн кардани барномаҳои гуногуни вирусӣ, шикастани парол, паҳн кардани маълумотҳои ғайриқонунӣ ба вебсайтҳо, қаллобӣ, ҳаракатҳои зидди ҳуқуқи муаллиф, дуздии корти кредит пайдо мешаванд ва онҳоро «киберҷиноят» меноманд.
Тибқи маълумотҳо, киберҷиноятҳо ба иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоби миёна солона 26 миллиард доллар зарар меоранд. Имрӯз шумораи корбарони Интернет аз 3,5 миллиард нафар гузаштааст ва ба интернет пайваст будани наздик ба 20 миллиард дастгоҳ бо назардошти он ки ин рақам дар панҷ соли оянда ду баробар афзоиш меёбад, нишон медиҳад, ки ин мушкилот то чӣ андоза ҷиддӣ аст.
Ба наздикӣ ширкати таҳқиқотии Бритониё «Com-paritech» рейтинги 60 кишвари дорои сатҳи нисбатан баланди киберамниятро эълон кард. Дар ин феҳрист Ӯзбекистон дар зинаи 56-ум қарор дорад. Қобили зикр аст, ки дар рейтинг чунин омилҳо ба мисли саҳми дастгоҳҳои мобилӣ ва компютерҳои вайроншуда, шумораи ҳамлаҳои ҳакерӣ ва омодагӣ ба ҳамлаҳо, мавҷудияти қонунгузории дахлдор ба назар гирифта шудааст. 
Коршиносон сабаби аслии афзоиши шумора ва миқёси кибертаҳдидҳоро аз тарафи мақомот ва созмонҳои давлатӣ истифода бурдани дастгоҳҳое медонанд, ки ба талаботи муқарраршудаи амниятӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар баробари ин, мо бояд эътироф кунем, ки қонунгузорӣ оид ба пешгирии кибертаҳдидҳо мукаммал нест. Ҳатто заминаи ҳуқуқии ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, операторони алоқа ва соҳибони шабакаҳо фароҳам оварда нашудааст.
Инчунин, доираи мушкилотро васеъ мекунад, ки то ҳол як мақомоти ягонаи иттилоот ва киберамният муайян нашудааст. Низоми самараноки баҳодиҳӣ ва назорати ахбору киберамниятӣ барои муайян кардани сатҳи ҳифзи инфрасохтори муҳим ва иншооти он вуҷуд надорад.
Дар баробари ин, як қатор таҳдидҳо ба фаъолияти устувори сохтор ва захираҳои ахбори бахши давлатӣ, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон вуҷуд доранд, ки ҳатто метавонанд ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, саломатӣ ва некӯаҳволии ҷомеа ва шаҳрвандон таҳдид кунанд.
Барои ҳалли масъалаҳои зикршуда, мувофиқи қарори Президент аз 14 сентябри соли 2019 лоиҳаи Қонун «Дар бораи киберамният» барои муайян кардани муносибати ягона ба масъалаҳои киберамният дар кибермакон омода шудааст. Лоиҳаи мазкур ҳоло дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баррасӣ мешавад. 
Лоиҳаи қонун бо дарназардошти мушкилоти со-ҳаи киберамният таҳия шудааст, ки дар он ваколат, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи киберамният, сохторҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, таъмини талабот оиди киберамнияти захираҳо ба таври возеҳ муайян карда шудааст.
Муҳимтар аз ҳама, дар асоси қонуни нав барои ҳавасмандгардонӣ ва рушди минбаъдаи саноати Миллии киберамният заминаи самараноки ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад.
Хулоса, ба масъалаи киберамният натанҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки ҳар як шаҳрванд, ки имрӯз бо технологияи иттилоотӣ кор мекунад, дорои компютер ё воситаҳои алоқаи мобилӣ мебошад, бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Зеро, мо бояд дар ин самт ба меъёр ва тартибу талаботи қабулшуда риоя карда, аз навоварӣ доимо огоҳ бошем.

Бахтиёр МАНИЁЗОВ,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.  
  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: