Вазифаҳо дар соҳаи хусусигардонӣ муайян шуданд

  • Вазифаҳо дар соҳаи хусусигардонӣ муайян шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи хусусигардонӣ муайян шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи хусусигардонӣ муайян шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи хусусигардонӣ муайян шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи хусусигардонӣ муайян шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи хусусигардонӣ муайян шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи хусусигардонӣ муайян шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 24 март ҷамъомад баргузор намуд, дар он ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ ва нақшаҳо барои соли равон баррасӣ гардиданд.

Хусусигардонӣ иштироки давлатро дар иқтисодиёт коҳиш медиҳад ва барои зиёд шудани миқдори мулкдорони хусусӣ шароит фароҳам меоварад. Бо ин мақсад дар кишвари мо дар самти мазкур корҳои васеъмиқёс татбиқ мешаванд. Чунончи, агар тӯли даҳ соли охир дар ҳаҷми 1,2 триллион сӯм маблағҳои давлатӣ истифода шуда бошанд, танҳо дар як соли 2022-юм ин нишондиҳанда ба 11,3 триллион сӯм расид. Яъне, тӯли соли охир дар соҳаи мазкур самара нисбати даҳ соли аввал 10 баробар бештар буд.

Самаранокии иншооти хусусигардонидашуда низ меафзояд. Барои мисол, дар пойгоҳи Комбинати озмоишиву таҷрибавии Андиҷон, ки солҳои зиёд беамал буд, корхонаи бофандагӣ бо ҷалби 18 миллион доллар ташкил гардид, ҳазорҳо ҷойи корӣ ба миён омад, дар ҳаҷми 40 миллион доллар маҳсулот ба содирот бароварда шуд. Сармоягузори хориҷӣ Заводи суперфосфати Қӯқандро харид ва ба он 40 миллион доллар сармоя гузошт, ҳаҷми истеҳсолотро 4 баробар зиёд кард. Фурӯши саҳмияи давлатӣ дар «Ипотекабонк» ба маблағи 324 миллион доллар ва ба ширкати «Coca-Cola Uzbekistan» ба маблағи 253 миллион доллар низ қарордодҳои бузургтарини солҳои охир гардиданд.

Вале ҷараёни хусусигардонӣ на дар ҳама минтақаҳо ва соҳаҳо бо суръат пеш меравад. Чунончи, дар вилояти Тошканд 112 иншоот фурӯхта шуд, ки дар пойгоҳи онҳо 150 субъекти соҳибкорӣ ва беш аз ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба миён омаданд. Вале дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё, Намангон, Сурхондарё ва Сирдарё аз моликияте, ки соли гузашта барои фурӯш ба намоишгоҳ гузошта шуда буд, ҳатто 30 фоиз ҳам ба фурӯш нарафт. Дар қисмати соҳаҳо хусусигардонии даромадҳои ҷамъияти саҳҳомии «Ӯздонмаҳсулот» хеле суст аст.

Умуман ба рӯйихатгирие, ки аз оғози соли равон дар беш аз 30 ҳазор иншооти давлатӣ гузаронида шуд, нишон дод, ки дар соҳаи хусусигардонӣ ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд анҷом дод.

Вобаста ба ин дирӯз роҳбари давлат бо қарори худ барномаи нави хусусигардониро тасдиқ кард, ки дар он чорабиниҳо бобати се самт – фурӯши саҳмияҳо, амволи ғайриманқул ва созмони IPO мушаххас карда шуданд.

Якум, маҷмӯи давлатии саҳмияҳои 1 ҳазор корхона барои фурӯш гузошта мешаванд.

Дуюм, 1 ҳазор иншооти ғайриманқул ба фурӯши умумӣ гузошта хоҳанд шуд. Онҳо 600 гектар замин ва иншооти масоҳати умумиашон 1 миллион метри мураббаъро дар бар мегиранд. Аз ҳама муҳимаш онҳо бо инфрасохтор таъмин шудаанд ва ба нуқтаҳои аҳолинишин наздиканд.

Ба мақсади тезондани фурӯши иншооти мазкур муҳлати  ба фурӯш тайёркунии иншоот аз 80 рӯзи ҳолоина то ба 48 рӯз ихтисор карда мешавад. Ба фурӯши иншооти масоҳаташон то 2 ҳазор метри мураббаъ бинобар аризаи бевоситаи соҳибкорон иҷозат дода мешавад.

Сеюм, саҳми давлат дар 40 корхонаи бузург ва бонкҳо аз тариқи «IPO-и халқӣ» фурӯхта хоҳад шуд. Аз ҷумла, бори аввал ба аҳолӣ саҳмияҳои даромади миёнаашон ду фоизи чунин корхонаҳои бузург – Заводи маъданҳои кӯҳии Навоӣ ва Заводи маъданҳои кӯҳии Олмалиқ, Комбинати металлургияи Ӯзбекистон, «Uztelecom», Бонки миллӣ, «Саноат қурилиш бонк» пешниҳод мешаванд. Аҳолӣ имкон доранд саҳмияҳоро бевосита аз корхонаҳо харид кунанд. Ширкатҳое, ки саҳмияҳояшон барои IPO харид шудаанд, дар тӯли панҷ сол на камтар аз 30 фоизи даромади софи худро барои пардохти дивидендҳо равона мекунанд.

Мувофиқи пешгӯиҳо барномаи мазкур соли равон даромадро дар ҳаҷми 13 триллион сӯм таъмин карда, ба ташкил кардани 3 ҳазор корхонаи нав ва 50 ҳазор ҷойи корӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷамъомад вазифаҳои мазкур дар қисмати минтақа ва соҳаҳо баррасӣ шуданд.

Шахсони масъул дар бораи татбиқи барнома маълумот доданд.

Муҳимияти васеъ хабардор кардани аҳолӣ ва соҳибкорон дар бораи имкониятҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ, кумакрасонӣ ба онҳо бобати расмикунонии ҳуҷҷатҳо таъкид гардид.

Бинобар ба бозори сармоя ворид кардани ширкатҳои бузурги давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии лоиҳаҳои сармоявӣ супоришҳо дода шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: