ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ, КИ...

Чанд далел: Ба қарибӣ як гурӯҳи калони тадбиркорони ӯзбекистонӣ иборат аз 150 нафар ба Тоҷикистон сафар карданд.

Чанд далел: Ба қарибӣ як гурӯҳи калони  тадбиркорони ӯзбекистонӣ иборат аз 150 нафар ба Тоҷикистон сафар карданд.  Чанд рӯз пеш раҳбарияти  Агентии кинематографияи Ӯзбекистон аз Душанбе баргашт,  бо ҳамкасбони тоҷикашон оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои эҷодӣ аҳднома имзо намуданд, дар маросими кушоиши  Ҳафтаи кинои ӯзбек  иштирок доштанд. Миёнаи моҳи май Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода меҳмони Тошканд шуда, дар маҷлиси Комиссияи  байниҳукуматии Ӯзбекистон – Тоҷикистон оид ба савдо ва саноат  ширкат варзид. Дар ин ҷамъомад қайд шуд, ки солҳои наздик ҳаҷми  мубодилаи мол аз ду ҷониб ба 1 миллиард  доллари ШМА расонида мешавад. Бояд хотиррасон кард, ки дар охири соли 2017 ин нишондиҳанда 240 миллион долларро ташкил карда буд. Вазирони нақлиёти ду мамлакат истиқболи инкишоф додани ҳамкориро дар соҳаи транзит муқаррар карданд. Байни ҳукумати Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бораи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба мактабҳои олии ҳарбии кишвари мо созишнома ба имзо расид. Байни Академияи илмҳои ду мамлакат низ бобати вусъат додани ҳамкориҳо тавофуқ ба даст омад.  
Соли гузашта китоби устод Лоиқ Шералӣ “Дасти дуои модар” ба забони ӯзбекӣ бо номи “Онагинам”  ба чоп расид.Ба муносибати 80-умин солгарди  таваллуди ин шоири шаҳир ва 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар  як қатор ноҳияҳои Ӯзбекистон маҳфилҳои адабию бадеӣ баргузор шуданд.
Хабарнигорони шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон 24” ба Тоҷикистон рафта, доир ба ин кишвари ҳамсоя якчанд гузоришот тайёр намуда, мардуми Ӯзбекистонро аз муваффақиятҳои  Тоҷикистон бохабар карданд. Хусусан, гузоришоти хабарнигорон аз бозори  марказии Душанбе – “Меҳргон” хеле аҷиб буд. Бозори растаҳояш ботартибу фаровон дили ҳар як бинандаро хурсанд месозад. Беҳуда бозорро барометри холиси фикри иҷтимоӣ намегӯянд. Дар ин бозор хабарнигорон бо гузаштагони насле суҳбат оростанд, ки дар солҳои 30-юми асри ХХ аз ноҳияҳои мухталифи Ӯзбекистон, хусусан, Ургуту Шаҳрисабз, Китоб, Риштону Чуст, Косонсой ба Душанбе кӯч баста буданд. Онҳо намояндагони ду миллат буда, дар бозори пойтахти Тоҷикистон бо  хабарнигорон   озодона  ба ду забон гуфтугӯ мекарданд. Маҳсули дасти ҳунармандони Истаравшан хеле ҷолиб буд... Бо як сухан, ниятҳои ҳама иштирокдорони суҳбат хеле наҷиб буд, ҳама мо “даркушоӣ кунем, на дарбандӣ” мегуфтанд, то ки муносибатҳои ду давлат  бештару беҳтар шавад... 
Ин гуна далелҳоро пеш аз оғози сафари  расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аз  хусуси вусъату уфуқҳои нави  ҳамкориҳои ду ҷониб бисёр овардан мумкин. Ин робитаҳо қариб тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаанд. Хулоса, динамикаи равобит, муносибатҳои неки ду кишвар бо  иродаи роҳбарони ду республика рӯз аз рӯз меафзояд. 
Оре,  панҷ сол пеш ин гуна хабарҳои хушро ба хаёл овардан ҳам мумкин набуд. 
Барои он, ки ба қадри ин рӯзҳо расем, ба таърихи начандон дур назар меандозем. Моҳи ноябри соли 1995. Бо орзуҳо ва мақсадҳои наҷиб Ассамблеяи  маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд (аввал Туркистон номиданӣ буданд, аммо бо пешниҳоди вакилони Тоҷикистон, хусусан  шодравон академик  Муҳаммадҷон Осимӣ номи марбут ба Осиёи Марказиро гирифт) таъсис дода шуд.
Аммо ассамблея ба мақсадаш – наздик кардани робитаҳои фарҳангии мардумони давлатҳои минтақа ва мусоидат ба ҳамбастагӣ ва қаробати халқҳо расида натавонист. Зеро ба ин нияту маромҳои нек иродаи сиёсии раҳбарони давлатҳо мададгор нашуд. Соли 2000. Дар маркази фарҳангии байналмилали ҷумҳурӣ бо иштироки Президенти ассамблея Чингиз Айтматов  маҳфили дӯстию адабӣ баргузор шуд. 
Дар он адабиётшиноси маъруф, Қаҳрамони Ӯзбекистон, марҳум Озод Шарофиддинов  ҷилави суханро ба даст гирифта гуфт, ки “Ассамблея, ассамблея мегӯед. Аммо натиҷаи кори он чист? Вақте чор тарафи мо бо симхорҳо печонида шуда бошаду аз  хоки як давлат ба хоки дигар давлат гузашта натавонем, чӣ гуна дар бораи ҳамкорӣ  ҳарф задан мумкин!  Замоне ман ба Қӯқанд аз  тариқи Хуҷанд мерафтам. Ба ин шаҳри бостонӣ даромада, бо аҳли оила  меҳмони  хонаводаи адиби забардасти тоҷик Раҳим Ҷалил мешудем. Сари як пиёла чою палави хуҷандӣ аз хусуси  равобити адабӣ, тарҷумаи асарҳо, дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик суҳбат мекардем. 
То бозгашт аз Қӯқанд китоб ё  мақолаи додаам тарҷума мешуд.  Албатта, маҷаллаи “Жаҳон адабиёти” дар роҳи шиносонидани навгониҳои адабиёти халқҳои ҳамсоя  азм кардааст. Лекин ба мулоқоти рӯ ба рӯй,  самимию зиндаи бародарон чӣ расад?!”
Инак, замоне расид, ки  дар бораи қудрати дӯстӣ бемалол  ҳарф мезанем, рӯҳи аҷдодонро шод мекунем. Ниёгон барои мо мерос ва анъанаҳои некро боқӣ гузоштаанд, ки онҳо чашмаи илҳоми адибони имрӯза шудаанд. Шоири боистеъдодамон, дорандаи ордени “Дӯстӣ”-и ду давлат —  Ӯзбекистону Тоҷикистон Тӯхтамиш Тӯхтаев (Паймон) “Назм-ул-ҷавоҳир”-и Алишери Навоиро ба тоҷикӣ баргардонд, ки он аз тарафи нашриёти “Академнашр” ба чоп расид. Аз он тарҷума, фикр мекунам, бамаврид аст, як рубоиро ин ҷо алоҳида зикр кунем:
Онро, ки ҳама бахти 
расо ёвари ӯст,
Андар ҳама кор  
ҳимматаш раҳбари ӯст.
Бар тоҷи шариф дурри 
сахо гавҳари ӯст,
Чун ҳимати ӯ асолати 
ҷавҳари ӯст. 
Аз осори  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам ин гуна абётро зиёд овардан мумкин аст:
Ёре, ки кунад  ба ёр 
пайванд,
Нахли амалаш шавад 
баруманд.
Ёр аст калиди ганҷи 
уммед,
Ёр аст навиди айши 
ҷовид.
Чанд рӯз пеш  тарҷумаи филми бадеии “Илҳоқ”, филми мустанади “Зери осмони ягона” (“Ягона осмон остида”)-ро ба тоҷикӣ ба анҷом расонидам. Дар “Зери осмони ягона” коргардони машҳур Алӣ Ҳамроев гуфтааст, ки мардуми  ноҳияи Исфараи Тоҷикистон хеле меҳмондӯст мебошанд. Мо чандин филмро дар он ҷо ба навор гирифтаем. Маъмурияти  “Тоҷикфилм” барои мо тамоми шароитро фароҳам мекард. Ман қабл аз ҳама ба зодгоҳи устоди кинои  тоҷику ӯзбек Комил Ёрматов – шаҳри Конибодом даромада, он ҷоро зиёрат мекардам.  Кош, акнун низ ба Исфара рафта, филми ӯзбекиро ба сурат гирему устодони кинои тоҷик дар бағалкӯҳҳои  вилояти Тошканд омада, асарҳои худро офаранд.
Имрӯз ба забон бурдани чунин мисолҳо хеле ҳикматомез ва ибратбахшанд. Зеро ҷавонони ҳолоина бояд аз саҳифаҳои дурахшони таърихи дӯстонаи мо воқиф бошанд. Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ҳамид Ғулом бо амри тақдир дар солҳои серташвиши 1938-1939 дар Душанбе кору эҷод кардааст. Бо кӯмаки  котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёту рӯзнома ва радиои ӯзбекии Душанбе кор мекунад. Аз хавфу хатарҳои замона эмин мемонад. Адиб дар қиссаи ҳуҷҷатии зиндагии пурмазмунаш дар шаҳри Душанбе дар қиссаи ҳуҷҷатии “Роҳи тӯлонии вафо” (“Вафонинг узун йӯли”)  он  даврро хеле мутаассир баён кардааст. Адиб соли 1938 ҳамчун шоҳид дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ташкил шудани шуъбаи адабиёти ӯзбекро (маҷлиси таъсисиро раиси иттифоқ Мирзо Турсунзода бурдааст — Ш.М.) ба хотир овардааст:  “Турсунзода ба забони тоҷикӣ “Дӯстони азиз!” гӯён сухан оғоз намуда дарҳол ба ӯзбекӣ гузашт. – Азиз дӯстлар! Ман дар Тошканд дар донишкадаи педагогии тоҷик таҳсил кардаам.  Бо Ғафур Ғулом, Ойбек, Ҳамид Олимҷон бисёр мулоқот намудаам. Ғафурака гуфтаанд, ки “ӯзбеку тоҷик аз  шиками як  модар ба дунё омадаанд”. Дар асл ҳам моён – фарзандони як халқем, ҷигарбандони як Ватан ҳастем. Мисли дилҳоямон  заминамон ҳам ба якдигар пайванд аст. Аз як дарё об менӯшем...”.
Ҳамид Ғулом дар суҳбатҳои шахсиятҳои бузург Ғафур Ғулом ва Садриддин Айнӣ борҳо бевосита иштирок карда, дар мақолааш зери сарлавҳаи “Солҳо, роҳҳо, устодон” (“Йиллар, йӯллар, устозлар”) ба  ёд овардааст, ки “Ман ҳазлу мутоибаи ин ду нафар алломаро мушоҳида намуда, аз дӯстии самимӣ, ҳазлу шӯхиҳои беғаш ва ниҳоят, дар соҳаи илм меҳнат ва кашфиёти академикҳо, классикони адабиёти лозавол фахр намудам”. Маълум аст, ки Мирзо Турсунзода достони Шароф Рашидов “Таронаи Кашмир”-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Раҳбари оқили Ӯзбекистон адиби забардаст саҳми Мирзо Турсунзодаро дар  мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии халқҳоямонро алоҳида қайд карда, “ӯ на фақат Мирзои тоҷикон, балки Мирзои мо низ ҳаст”, гуфта буд. 
Президент Шавкат Мирзиёев дар барномаи пеш аз интихоботиаш “усулияти ба роҳ мондани ҳамсоягии нек”-ро ҳамчун самти муҳими фаъолияташ муқаррар кард. Шукри беадад, ки раҳбари Ӯзбекистон ба муддаои ду халқи бо ҳам бародар корҳои ҳамоҳангро анҷом  медиҳад. “Мо барои мустаҳкам намудани пули дӯстии байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик ҳаракатро аз таҳти дил оғоз намудем. Иншооллоҳ, ин ниятамон ёр  гашта, ба мақсадҳои наҷибамон мерасем. Мо аз нуқтаи назари дӯстӣ ва инсонгарӣ бо ҳамсояҳоямон ҳамеша дӯсту бародар, ҳамкор ва муттафиқ хоҳем шуд”, гуфта буд Шавкат Мирзиёев се сол муқаддам.  Ташрифи сарвари  мамлакат ба Душанбе  таърихи 9-10-уми марти соли 2018 ва ташрифи ҷавобии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  Ӯзбекистон дар роҳи мустаҳкамсозии равобити тарафҳо хеле самарбахш буданд ва умед мекунем, ки аз ташрифи навбатии Президенти кишварамон ба давлати ҳамсояву бародар натиҷаҳои  шодибахш ба бор хоҳад овард. 

Шоқаҳҳори 
МУҲАББАТЗОД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: