МУРОҶИАТҲО САРИВАҚТ ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕШАВАНД

Дар мактаби варзишии рақами 2-юми бачагон ва наврасони ноҳияи Ҷондор қабули сайёри ҳокими вилояти Бухоро ба амал омад.

Дар он мутасаддиёни ҳокимиятҳои вилояту ноҳия, роҳбарони секторҳо, корхонаю ташкилот ва садоратҳо иштирок карданд.

Таҳлилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аксарияти муроҷиатҳои шаҳрвандон дар нимсолаи аввал ба туфайли қабулҳои сайёр ҳалли худро меёбанд. Аз ин рӯ, дар қабули сайёри навбатӣ ба ғайр аз аҳолии ноҳия аз дигар ҳудудҳо низ шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои худ ин ҷо омаданд.
Ҳамин тариқа дар ҷараёни қабул беш аз 150 нафар шаҳрвандон оиди корёбӣ, таъмири роҳ, таъминоти оби равону ошомиданӣ, ҷобаҷогузории симчӯбҳои барқию иваз намудани трансформаторҳо, ташкил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ, таълим, ҳифзи тандурустӣ, хонаю ҷой, ёрдами моддӣ, бонк, андоз, дастгирӣ кардани соҳибкорӣ, суд ва ҳуқуқ барин қариб 200 масъала муроҷиат намуданд. Дар ҷараёни қабул ба ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, бартарафсозии масъалаҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, пойдории меъёрҳои адолат эътибори ҷудогона дода шуд. 97 нафари муроҷиаткунандагонро шахсан худи ҳокими вилоят қабул кард ва он масъалаҳоеро, ки имконияташон буд, худи ҳамон лаҳза бартараф гардонд. Он муроҷиатҳое, ки ҳаллу фаслашон вақт ва маблағ мехоҳад, ба назорат гирифта шуд ва иҷрои саривақтии онҳо ба мутасаддиёни дахлдор ҳавола гардид.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: