4 июл байни Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқоти телефонӣ анҷом ёфт.
Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва мутақобилан судманди Ӯзбекистону Аврупо баррасӣ шуданд.
Дар оғози суҳбат роҳбари давлатамон барои кумаки ҳамаҷониба дар амалисозии дигаргуниҳои бебозгашти демократӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар Ӯзбекистони Нав изҳори миннатдории самимӣ кард.
Дар навбати худ, Президенти Шӯрои Аврупо аз талошҳои Ӯзбекистон оид ба идомаи ислоҳоти ошкоро дар кишвар, ки ба ташаккули ҷомеаи тавонои шаҳрвандӣ ва волоияти қонун нигаронида шудааст, ҷонибдорӣ кард.
Дар ин ҷанба роҳ надодан ба нооромгардонии вазъият дар Қароқалпоқистон аз ҷониби қувваҳои ҷудогонаи вайронкор таъкид гардид. Шарлз Мишел хоҳиш намуд, ки ба хонавода ва наздикони бар асари ошӯбҳои аз ҷониби унсурҳои ҷиноӣ ташкилшуда қурбонгардида тасаллият расонад.
Дар рафти суҳбат ба масъалаи ба анҷом расондани омодагии Созишнома дар бораи шарикии густаришёфта ва ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва ИА эътибори алоҳида дода шуд.
Аҳамияти вусъат додани ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ бо истифода аз бартариҳои “Низоми умумии имтиёзҳо плюс” таъкид шуд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои пешбурди барномаҳои мушаххас ва лоиҳаҳои ҳамкории амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои «иқтисоди сабз», рақамикунонӣ, инноватсия, логистика, кишоварзӣ, экология, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳ карданд.
Доир ба вазъи кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ ва минбаъд баланд бардоштани сатҳи муколамаи бисёрҷониба бо Иттиҳоди Аврупо табодули афкор сурат гирифт.
Ташкили чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ дар кишвари мо, ки ба таҳкими робитаҳои мутақобила, инчунин таъмини амнияту субот дар минтақа, аз ҷумла мусоидат ба истиқрори сулҳи пойдор ва расонидани кумаки ҳамаҷониба ба мардуми Афғонистон нигаронида шудаанд, дастгирӣ ёфт.