БЕМОРИСТОН БАРОИ ОҲАНГАРОН

Барои 106 ҳазор аҳолии ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд то ҳанӯз нуқтаҳои хидматрасонии мавҷудаи тиббӣ ба тарзи бояду шояд талаби мардумро қонеъ карда наметавонист.

Аз ин боис ба кор даромадани беморхонаи бисёрсоҳа айни муддао гардид.

Бемористон дар маҳалли нав, ки дар шафати маркази маъмурии ноҳия заминҳои холӣ мавҷуд буд, сохта шуд. Аз як бор нигоҳ кардан маълум мешавад, ки дар ин ҷо инчунин биноҳои прокуратура, Маркази ҷавонон, шуъбаи корҳои дохилӣ аз нав қад афрохтаанд.
Танҳо барои сохтмони бинои шифохона 30 млрд. сӯм харҷ гардида, барои дастгоҳу василаҳои тиббӣ боз 20 млрд. сӯм харҷ гаштааст.
– Баъзе аз дастгоҳҳои нодир, ки ҳатто дар вилоятамон ҳанӯз вуҷуд надоранд, дар ин ҷо насб карда шудаанд, – мегӯяд сардухтури бемористон Ҷавлон Қодиров. – Ҳоло на ҳамаи дастгоҳҳои дархостшуда ба мо расида омадааст, зеро баъзеашон ҳанӯз дар роҳ.
Тибқи суханони сардухтур беморхона дар тӯли ду моҳи оянда пурра ба кор даромада, тамоми даҳ шуъбаи он омода мегардад, ки беморонро қабул кунад. Дар ин ниҳоди табобатӣ дар оянда 100 нафар духтурони соҳибмалака ва 385 нафар ходимони ҳалқаи миёнаи тиббӣ кор хоҳанд кард.
– Ҳоло дар ноҳия эътибор ҳатто ба беморхонаҳои дурдаст низ афзудааст, чунки дар маҳалҳое, ки кадрҳои соҳибмалака намерасанд, аз дигар вилоятҳо даъват шуда, бо манзилу шароити ногузир таъмин карда мешаванд, – мегӯяд аз духтурон Тӯйчибой Мавлонов.
Воқеан ин бемористон барои аҳли ноҳия туҳфаи баҳорӣ гардид, ки аз оддитарин муолиҷаву табобат то ҷарроҳиҳои муқаррарӣ ва зоишгоҳӣ дар чаҳор ошёнаи он анҷом дода мешавад.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: