Дар маҷлисгоҳи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон рӯнамоии «Бахту толеъам дар Ӯзбекистон» ном маҷмӯаи дастҷамъии як гурӯҳ адибони ӯзбекистонӣ, ки мансуб ба миллатҳои гуногунанд, баргузор гардид.
Муовини раиси Иттиҳоди нависандагон Ғайрат Маҷид, ҷонишини раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва равобити дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Азамат Тошев, мураттиби китоб Рисолат Ҳайдарова ва дигарон қайд карданд мамлакати мо сермиллат аст, тавре дар рушди ҳарҷонибаи Ӯзбекистони Нав халқҳои гуногунмиллати ин диёр саҳм доранд, дар барпои адабиёт дар шароити нави таърихӣ аҳли адаби ин сарзамин баробар ҳисса мегузоранд. Шоири рус Николай Илин, қазоқ Лола Юнус қизи, тоҷик Асадуллоҳ Исмоилзода, ки дар китоби дастҷамъӣ аз эҷодашон намунаҳо ҷой гирифтааст, бинобар дар мавриди бисёр қулай – арафаи Рӯзи байналхалқии кушодадилӣ ба чоп расидани маҷмуа ба Иттиҳоди нависандагон изҳори сипос карданд, аз падидаҳои қаламии хеш намунаҳо хонданд.
Дар чорабинӣ раисони марказҳои фарҳангии қирғиз ва қазоқ, айни замон раиси маркази фарҳангии тоҷикон иштирок ва баромад намуданд.
Ба алманах раиси Иттиҳоди нависандагон Сироҷиддин Саййид бо унвони «Адабиёт дар зери як осмон» сарсухан навиштааст. Вай қайд мекунад адабиёти Ӯзбекистон рангоранг ва нотакрор, мо ба намояндагони барҷастаи адабии халқҳои Ӯзбекистон Садриддин Айнӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Ибройим Юсупов, Тӯлепберген Қаипбергенов, Зоя Туманова, Александр Файнберг, Явдот Илясов ҳамеша фахр мекунем ва онҳоро азони худӣ меҳисобем.
Шоиру нависандагони ин диёр, гарчи бо забонҳои гуногун менависанд, Ватани ягонаи мо – Ӯзбекистонро мадҳ менамоянд, навишта шудааст дар сарсухани китоб. Воқеан ҳамин тавр. Гарчи забон русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, қароқалпоқист, ҳамдилии адибони халқҳои бародар дар тасвири манзараҳои диёр ва талқини инсонигарии мардумони мо ҳис карда мешавад.
Дар маҷмуа баробари шеъру ҳикоёти адибони синну соли гуногун аз эҷоди Раим Фарҳодӣ, Михаил Гар ва Қалдибек Сайданов барин қаламкашони маъруф намунаҳо ҷой доранд.
Дар бахши назм шеърҳои Аслиддин Қамарзода, Нормурод Каримзода, Паймон, Ҷаъфар Муҳаммад, Расулбек Аҳмадзод ва дигар шоирони тоҷик ҷой гирифтааст. Шеърҳоро Одил Икром, Алишер Сабрӣ ва худи муаллифон ба ӯзбекӣ баргардондаанд. Шеърҳое низ ҳастанд, ки аз ҷониби ин муаллифон бевосита ба ӯзбекӣ навишта шудаанд. Дар баргардониши намунаҳои шеърии муаллифони дигар Рустам Мусурмон, Даврон Раҷаб, Ҳумоюн Акбар,Фарида Афрӯз, Дилором Абдураҳмон, дар тарҷумаи бахши наср Муҳаббат Йӯлдошева ва Гулноз Тоҷибоева иштирок кардаанд.
Китоб таҳти ҳомигии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон рӯйи чопро дидааст.
Ш. МУҲАММАД.