Президент аз ҳоли кӯдакони "Мурувват" хабар гирифт

  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони
  • Президент аз ҳоли кӯдакони

Сипас сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев аз хона-интернати кӯдакони имконияташон маҳдуди «Мурувват»-и рақами 1 дидан кард.

Ӯзбекистон – давлати иҷтимоӣ. Ин ба арзишҳои азалии халқи мо ва тамоюлҳои эҳтиром ба шаъну шарафи инсон мувофиқат мекунад. Дар тӯли панҷ соли охир маблағгузорӣ аз Буҷаи давлат барои хонаҳои «Мурувват» беш аз се баробар зиёд гардид. Инчунин шумораи кормандон ва гунҷоиши ин муассисаҳо афзуд.

Соли гузашта Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади расондани хидмати хушсифат ва кумак ба аҳолӣ созмон дода шуд. Хонаҳои «Мурувват», инчунин бисёр дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, аз қабили пансионатҳо ва марказҳои тавонмандӣ ба низоми ин агентӣ дода шуданд.

Соли гузашта барои фаъолияти ин муассисаҳо аз буҷаи давлат 624 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Ғайр аз ин, барои бо дору ва маснуоти тиббӣ таъмин намудани онҳо назар ба пештара ду баробар зиёд маблағ ҷудо карда шудааст.

Қаблан хонаҳои «Мурувват» байни ҳамдигар ҳамкорӣ намекарданд. Онҳо имрӯзҳо таҷриба иваз карда, усулҳои пурсамар ва таҷрибаи таълимро ҷорӣ мекунанд.

Ба шарофати дастгирии давлат хонаи «Мурувват» дар Тошканд низ дигаргун шуд. Биноҳои иловагӣ сохта, корпусҳои куҳна пурра таъмир карда шуданд. Толори варзиш, шуъбаи нигоҳубин ва терапияи ҷисмонӣ, ҳуҷраҳои тиббию таълимӣ, толори фаъолон, китобхона, хобгоҳ ва ошхона пурра таъмир карда шуданд. Ҳар як шуъба ва ҳуҷраҳои махсус мутобиқи талаботи замон муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Кӯдакони дорои мушкилоти ҳаракат бо аробачаҳои махсус таъмин карда шудаанд.

Дар муассиса ба кӯдакони аз 4 то 18-солае, ки гирифтори ихтилоли вазнини равонӣ ҳастанд, хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ расонда мешавад. Имрӯз дар ин ҷо 299 кӯдак таҳти васоят қарор дорад. Ба онҳо 334 нафар коргарон, аз ҷумла муаллимони соҳибихтисос, дефектолог ва духтурон ёрӣ мерасонанд.

Шавкат Мирзиёев машғулоти бачаҳоро аз назар гузаронда, бо онҳо самимона суҳбат орост. Вай таъкид кард, ки барои боз ҳам беҳтар кардани шароит, фароҳам овардани қулайиҳои зиёд дар хона, инчунин кумак ба кӯдакони имконияташон маҳдуд тамоми кушишҳо ба харҷ дода мешавад.

Президент ба кормандони хидмати иҷтимоӣ изҳори сипос намуда, ба меҳру муруввати онҳо ба кӯдакон баҳои баланд дод.

– Барои он ба шумо ташаккури зиёд, ки ба бачаҳо хуб нигоҳубин мекунед. Ин кори хеле мураккаб ва айни замон зарур ва наҷиб аст, – гуфт сарвари давлат.

Оид ба офиятбахшии кӯдакон ва мутобиқсозии иҷтимоии онҳо, ёрии равонӣ ба волидон табодули афкор сурат гирифт. Солҳои охир дар ин самт имкониятҳо ва низоми кор ба вуҷуд омаданд. Ҳоло шароитро дар дигар муассисаҳои иҷтимоӣ низ бояд беҳтар кард.

Минбаъд хонаҳои «Мурувват» бо таҷҳизоти замонавии офиятбахш муҷаҳҳаз гардида, тибқи консепсияи нав кор мекунанд. Мувофиқи он кӯдакон дар асоси барномаҳои рушди инфиродӣ ба ҷомеа ворид карда мешаванд. Дар ҳамаи хонаҳои «Мурувват» утоқи мулоқот ташкил карда мешавад.

Инчунин «Клубҳои дастгирӣ» таъсис дода мешаванд, ки дар онҳо мутахассисони соҳибихтисос ба васиҳо оид ба нигоҳубини кӯдакони имконияташон маҳдуд, тарбияи онҳо дар муҳити оилавӣ ва ба ҷомеа мутобиқ намудани онҳо маълумот медиҳанд. Барои бачагони гирифтори касалии вазнин, ки таълими махсус тавсия дода нашудааст, «Гурӯҳи ғамхорӣ» ташкил карда мешавад. Дар тамоми марказҳои минтақавии тавонбахшӣ чунин хидматҳо барои бачаҳои имконияташон маҳдуд ташкил карда хоҳанд шуд.

Дегхона ва шабакаи муҳандисии муассиса низ пурра нав карда шуданд. Дар ҳудуди он дарахтони ороишию мевадиҳанда шинонда, чароғҳои кӯчаҳо насб карда, пайроҳаҳо асфалтпӯш карда шуданд.

Моҳи мубораки Рамазон айёмест, ки мо нисбати беморон ғамхории хоса зоҳир намуда, ба ҳамдигар бештар меҳру эътибор нишон медиҳем, ки ин арзиши наҷиби мардуми мост.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: