Таэквондочиёни Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон рекордро оид ба миқдори медалҳо такрор карда, муносиб баромад карданд

  • Таэквондочиёни Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон рекордро оид ба миқдори медалҳо такрор карда, муносиб баромад карданд

Дар пойтахти Озарбойҷон чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо WT ба анҷом расид.

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон аз рӯи шумораи медалҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон рекорди худро такрор кард. Дар Боку-2023 ҳамватанони мо 1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Светлана Осипова, ки бори дуюм паиҳам дар вазни +73 кг байни занон ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон баромад, ин дафъа бо медали нуқра маҳдуд шуд. Инчунин, Ферӯза Содиқова барандаи дукаратаи медалҳои биринҷӣ (-62 кг) гардид.

Қаҳрамони Олимпиадаи Токио-2020 Улуғбек Рашитов бори аввал ба шоҳсуфаи чемпионати ҷаҳон баромад. Рашитов дар вазни то 68 кг медали биринҷӣ гирифт. Илова бар ин, Омонҷон Отаҷонов, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни калонсолон аввалин маротиба ширкат намуд, дар вазни то 54 кг мақоми севумро касб кард.

Муфассал:

Нуқра:

+ 73 кг: Светлана Осипова

Биринҷӣ:

-62 кг: Феруза Содиқова

-54 кг: Омонҷон Отаҷонов

-68 кг: Улуғбек Рашитов

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: