МОҲИ МУБОРАК, МОҲИ МАҒФИРАТ

Моҳи шарифи Рамазон тӯли як моҳ дилҳоро аз меҳру муҳаббат саршор месозад.

 Дар ин моҳ ҳамагон барои аз кину кудуррат поку тоза намудани дили худ саъй мекунанд. Қуфли дари хонаи дилро бо калиди тоату ибодат ва хайру саховат боз месозанд...
Дар ин моҳ мардум ба ниёзмандон дасти кумак дароз мекунанд. Аз ҳоли пирон, одамони хаставу барҷомонда хабар мегиранд.
Мӯйсафедони донову пирони хирад ҷавононро ба накӯкорӣ ҳидоят менамоянд. Дар Рамазон меҳру муҳаббати фарзандони баоқибат нисбат ба падару модари азиз ҷӯш мезанад. Тавре ки Лоиқи зиндаёд модари раҳдурашро васф намуда, аз Рамазону рӯза низ ёд кардааст:
Шояд ӯ бо умеди афви гуноҳ,
Рамазон асту рӯза медорад.
Вақти ифтор чак-чаки 
шибдор, 
Ҳеч бар гӯши ӯ намефорад...
Имсол ҳам якчанд нафар қорӣ  аз водии Фарғона бо роҳхати Идораи мусалмонони ҷумҳурӣ ба масҷидҳои ҷомеи шаҳру деҳоти вилояти Ҷиззах омада, хатми Қуръон мекунанд. Ҳамин тариқ,  мардум ба Иди фитр, ки қариб аст, омодагӣ мегиранд.
– Мардуми деҳа дар ин моҳ хеле фаъоланд, – гуфт имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Ӯхм» Сардор Абдиев. – Онҳо бо сарпарастии ҳоҷиён масҷидро таъмиру обод карданд. Ба он дару тирезаҳои нав шинониданд.
Бешак, моҳи муборак ба дили пиру барно фазилатҳои неку самимиро бештар мекунад...

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: