МЕВАИ ИСТИҚЛОЛ ВА САМАРИ ИСЛОҲОТ

Ислоҳоти иқтисодие, ки дар ин авохир ҳукумати ҷумҳурӣ дар амал татбиқ менамояд, боиси пешрафтҳо гашта, симои шаҳру навоҳии кишварро куллан тағйир медиҳанд.

Вилояти Қашқадарё низ аз файзи ин ислоҳот дар канор намонда, нисбат ба солҳои қаблӣ ободу зебо мегардад. Назар ба маълумоти омори расмӣ дар панҷ моҳи соли 2023 дар саросари ҷумҳурӣ 40100 ташкилоту корхона сабти ном шуда бошанд, 3329-тои онҳо ба вилояти Қашқадарё мансуб аст. 
Дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, суръати афзоиши коргоҳҳои нав 7,2 дарсадро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур аз он далолат мекунад, ки дар ин минтақаи кишварамон саноати хурду бузург дар ҳоли рушд аст ва кор ба тартиби зайл идома кунад, Қашқадарё дар радифи вилоятҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтаи ҷумҳурӣ ҷой хоҳад гирифт. Аммо омори давлатӣ хабар медиҳад, ки то имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят 4006 коргоҳи оилавӣ бунёд ёфтаанд ва Қашқадарё пас аз вилоятҳои Самарқанд, Фарғона ва Хоразм дар мавқеи чаҳоруми ин раддабандӣ қарор гирифтааст. 
Яке аз чунин коргоҳҳо дар ноҳияи Касбӣ сохта шудааст, ки дар масофаи чил километр аз шаҳри Қаршӣ мавқеъ дорад. Ин корхона ба дӯзандагӣ ихтисос дошта, «Султон» ном дорад ва тамоми таҷҳизоти дӯзандагии он аз Ҷопон харидаву насб гардидааст. Ин дастгоҳҳои замонавӣ аз беҳтарин таҷҳизоти хоси дӯзандагӣ буда, дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёде доранд. Коргоҳи «Султон» ҳанӯз ба кор оғоз накардааст ва бо интихоби кадрҳо, аз ҷумла дӯзандагони маҳаллӣ машғул аст. Интизор меравад, ки пас аз интихоби тими 500-нафараи дӯзандагон аз байни занону духтарони маҳаллӣ дар арафаи 32-юмин солгарди Истиқлоли Ӯзбекистон ба таври тантанавӣ шурӯъ ба фаъолият кунад. Раҳбари он Қаҳрамон Бозоров иброз дошт, ки дар бадали ду сол аз ҳисоби даромади худ ин корхонаро сохтааст ва инак, ниҳоят омода ҳастанд, ки дар рӯзҳои ҷашн чун тӯҳфаи арзишманде ба аҳолии минтақа тақдим созанд. Ин раҳбари донову кордон аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи раҳбарияти ҷумҳурӣ соҳаи иқтисод назар ба пеш рушд менамояд ва теъдоди коргоҳҳои замонавӣ афзуда, қишри то ҳанӯз бекори аҳолӣ, хоса занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд. 
– Ба соҳибкорӣ ва соҳибкорон эътибори ҷиддӣ додани Президент дасту дилҳоро ба корҳои ободию созандагӣ гарм мекунад ва эътимодро ба ояндаи неку дурахшони Ӯзбекистони Нав мустаҳкам менамояд, – гуфт ин соҳибкори номӣ.
Вай таъкид сохт, ки дар назди коргоҳи дӯзандагии «Султон» як «Мономарказ» созмон ёфтааст, ки мутахассисон аз кишвари Туркия бонувони ҳанӯз дар касби дӯзандагӣ нотайёрро тамрин медиҳанд ва чун мутахассисони соҳаи дӯзандагӣ парвариш дода, ба шуғли коргоҳ ҷалб месозанд. Ин усули кор имкон медиҳад, ки бонувон соҳиби касбе шаванд ва минбаъд дар истеҳсоли басифати маҳсулоти дӯзандагӣ мусоидат кунанд. 
Интизор меравад, ки дар ин коргоҳи дӯзандагӣ навъҳои гуногуни либоси мардонаву занона ва наврасону кӯдакон истеҳсол гарданд. Бояд таъкид кард, ки дар ноҳияи Касбӣ зиёда аз 108 хоҷагии фермерӣ мавҷуд, ки ба кишту парвариши пунба машғул ҳастанд. Соҳибкори маҳаллӣ Қаҳрамон Бозоров ният дорад, ки пунбаи маҳаллиро, ки ашёи хом маҳсуб меёбад, коркард намудаву маҳсулоти нимтайёр ба даст оварад ва онро дар коргоҳи дӯзандагии таҳти раҳбарии худ мавриди истифода қарор диҳад. 
– Ин усули кор хароҷоти иловагиро дар дастрас намудани ашёи хому нимомода аз байн бурда, ба арзон шудани нархи маҳсулоти истеҳсолшаванда мусоидат мекунад, – гуфт ӯ. 

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: