ТАШКИЛИ ЯРМАРКАҲОИ САВДО БО НАРХИ АРЗОН

Ҳокимияти вилояти Тошканд дар арафаи Соли нави милодии 2024 дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои қаламрави он, чандин ҷамоатҳои шаҳрвандон ва маҳалҳои гуногуни аҳолинишин ярмаркаҳои савдои арзон ташкил кардааст.

Зимни боздид аз бозори деҳқонӣ, нуқтаҳои савдои шаҳри Янгийӯл  маълум шуд, ки фурӯши маводу маҳсулоти мавриди эҳтиёҷи рӯзмарраи мардум бо нарху навои арзон ба роҳ монда шудааст. Аз мушоҳидаҳо журналистон эътимод ҳосил намуданд, ки чунин ташкили ярмаркаҳо махсусан барои мардуми баромади иҷтимоиашон камбизоат хеле қобили таҳсин мебошад.
Тибқи маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят дар маҷмӯъ 31 ҳазору 603 тонна картошка, пиёз, сабзӣ ва биринҷ захира карда шуда, бо супориши ҳокими вилоят ин маҳсулот ба бозорҳову нуқтаҳои савдо бароварда мешаванд. Инчунин, ба таври иловагӣ боз 11 ҳазору 700 тонна маҳсулоти зарурии кишоварзӣ барои фурӯши озод тайёр карда шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: