ДУ ШОИР – ДУ ФИКРИ МУҚОБИЛ

Солҳое, ки донишҷӯ будем, падидаҳои қаламии шоирони ҷавон бештар эътиборамонро ба худ мекашид.

Солҳое, ки донишҷӯ будем, падидаҳои қаламии шоирони ҷавон бештар эътиборамонро ба худ мекашид. Ҳама Лоиқ ва Гулрухсорро, ки «шоирони ҷавон» ҳисобида мешуданд, дӯст медоштанд. Гӯё маҳз эҳсосоти ботини насли ҷавонро тараннум месохтанд онҳо.
Вале Лоиқу Гулрухсор мисле ду дунё буданд – мазмунҳои якдигарро натанҳо такрор намекарданд, балки дар муқобили афкори ҳам ҳиссиёти хеш ба қалам медоданд.
Лоиқ менавишт:
Ба дастам ҷоми Хайёмӣ,
Лаболаб ҷоми гулфоме...
Туро то қатраҳои охирин менӯшам, эй ҷоми муборакбод!
Гулрухсор, баръакс, изҳор медошт:
Наменӯшам ман аз ин бодаи гулфом,
Бигир аз пеши ман ин бодаю ин ҷом.
Ман охир навҷавонам,
Аз шароби ишқу уммеди ҷавонӣ,
Ҳамеша масту махмурам.

Шеърҳои дар мавзӯи бачагӣ навиштаи ҳарду низ писанди дили мо, ҳарчанд якдигарро инкор мекарданд.
Лоиқ мегуфт:
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.
Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме...

Қаҳрамони лирикии Гулрухсор, баръакс, дигар ҳеч вақт ба бачагӣ баргаштан намехост:
Намехоҳам, ки бошам кӯдаку аз нав,
Бимирад кӯдакиам пеши чашмонам.
Намехоҳам, ки бошам кӯдаку аз нав
Бимирад модарам болои дастонам!

***
Ба ҳам қаринии ду шоири муаззами тоҷик Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба ҳамаамон маълум. Мисле аз канори ҳам ба дуриҳои дур парвоз мекард мурғи илҳоми ин ду бузургвор. Вале баъзан фикрҳое, ки баён мекунанд, гӯё ду қутби муқобил.
Масалан, фикру андешаи шоирони шаҳир дар бораи кокул (мӯй)-и маҳбуба.
М.Турсунзода:
Ало, эй дилбари кокулбурида, интизорат ман,
Ало, эй чашми нилупарварида, интизорат ман,
Ало, мижгону абрӯи хамида, интизорат ман,
Биё, хонам ба гӯши ту суруди кӯҳсоронро.
Б.Раҳимзода:
Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,
Кокулони мушкбӯятро мабур!

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: